Гуфтугӯ

Ин барг аз таърихро насли кунунӣ бояд бидонад

«Ман фикр мекунам, ки эътирозҳои моҳи феврали соли 1990 як мавҷи бедории миллӣ буд. Рӯзҳое буд, ки дар майдонҳои маркази Душанбе як ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омада буд, маҳалгароӣ аз байн рафта буд. Касе намегуфт, ки ту кӯлобӣ, ту помирӣ, ту хуҷандӣ… Ҳама як шуда буд. Муроди халқ сохтани ягон давлати исломӣ ва ҳатто ҷудо шудан аз СССР набуд. Онҳо мехостанд, ки ба ҷои ҳукумати беобрӯшуда ва бемасъулият як ҳукумати дар ҳақиқат мардумӣ рӯи кор биояд бо ҷалби кадрҳое, чун Аслиддин Соҳибназаров, Сайфиддин Тӯраев, Бӯрӣ Каримов…»

(Мусоҳибаи сомонаи “Ахбор” бо Мирзоназар Имомназаров, узви кумитаи 17)

Моҳи феврали соли 1990 мардуми Тоҷикистон бори аввал дар солиёни ҳукумати Шӯравӣ ба маркази Душанбе, ба назди бинои СеКа (ҳоло – Қасри президент) рехт. Маскав барои фурӯ нишондани эътирозҳо ба пойтахти ҷумҳурии Тоҷикистон он вақт ҳанӯз «Шӯравию Сотсиалистӣ” нирӯҳои артиш ва «Алфа”-ву ГРУ ва ОМОН-ро партофт, ки эътирозгаронро тирборон карданд. Вале мардум ақиб нанишаст ва ҳукумати вақти коммунистиро маҷбур ба музокирот кард. Як ниҳоди худҷӯше он шабу рӯз ба намояндагӣ аз мардуми башӯромада сохта шуд, ки дар таърихи навини Тоҷикистон бо номи «Кумитаи 17” ёд мешавад, чунки 17 узв дошт.

Дар баробари шахсиятҳои шинохтае, чунки муовини он вақт 32-солаи сарвазири Тоҷикистон Бӯрӣ Каримов, шоирон Бозор Собир, Аскар Ҳаким ва Меҳмон Бахтӣ, олимон Мирбобо Мирраҳимов ва Ҳамидулло Файзуллоев, раҳбарони ҷунбиши «Растохез” Тоҳири Абдуҷаббор ва Халифабобо Ҳамидов, як узви дигари Кумитаи 17 Мирзоназар Имомназаров буд.

Мирзоназар Имомназаров узви кадом ҳизб ё гуруҳи сиёсӣ набуд, балки дар ҳамон рӯзҳои пурҳаяҷон аз байни мардум баромад ва барои музокира аз номи тазоҳургарон ба пеши роҳбарони вақти ҷумҳурӣ рафт. Ӯ мегӯяд, танҳо ҳадафаш гирифтани пеши роҳи хунрезӣ буд.

Вале он чанд рӯзи намояндагӣ аз мардум барои Мирзоназар Имомназаров аз нигоҳи имрӯз муҳимтарин рӯзҳои 70 соли зиндагиаш менамоянд. Рӯзҳое, ки ҳам хатари марг дошт, ҳам лаҳзаҳои кӯтоҳи пирӯзӣ, ҳам талхии шикасту маҳрум шудан аз ҷои кор ва кунҷи зиндон. Рӯзҳое ки зиндагии қаҳрамони моро комилан дигар кард, ӯро барои 30 сол аз Душанбе берун андохт ва ӯ имрӯз солгарди 30-юми он ҳаводис ва баҳори инак 70-уми умрашро низ дур аз Ватан, дар вилояти Кемеровои Русия пешвоз мегирад. Бо шиносномаи Русияву нафақаи Русия, вале бо дили ҳамчунон пур аз меҳру муҳаббат ба Тоҷикистон ва пур аз ифтихор аз Тоҷик буданаш.

— Акои Имомназар, мебинам, ки он ҳаводис бароятон бо як нархи гарон тамом шуд, ба кӯи ғарибӣ ва ҳатто як муддат ба зиндон андохт шуморо. Ҳоло ки 30 сол мегузарад аз он ҳаводиси хунин, пушаймон нест, ки ҳамон рӯзи 12 феврали соли 1990 ба майдон рафтед ва масъулияти намояндагӣ аз мардуми башӯромадаро ба дӯш гирифтед?

— Ростӣ, пушаймон нестам. Ҳадафе ба ҷуз инки пеши роҳи хунрезӣ гирифта шавад, надоштам. На мақом мехостаму на мансаб. Ва имрӯз ҳам, Худое нокарда, рӯзи баде ба сари халқу Ватанам биояд, омодаам, ки бо вуҷуди синни ҳафтодам боз қад алам кунам, боз дар ҳар майдоне аз халқам намояндагӣ кунам.

— Аммо чӣ шуд, ки шумо дар дохили ин моҷаро афтодед? Кӣ шуморо бурд ба майдон?

— Имрӯз мехонам, ки дар бораи ҳодисаҳои феврали соли 1990 чӣ чиҳое менависанд. Ҳатто касе навишт, ки он ҳодисаҳоро ҳам гӯё ҲНИТ ташкил карда бошад. ҲНИТ, ки он шабу рӯз номаш матраҳ набуд, вале ҳатто ҷунбиши «Растохез” ҳам, то ҷое медонам, танҳо баъди шурӯи эътирозҳо бо талаби аҳли майдон омаданду ба Кумитаи 17 пайвастанд. Дар саргаҳи шӯриш қарор надоштанд.

Аксари мардуме, ки ба майдон рехтанд, ҷавонон буданд, асосан донишҷӯён ва онҳоро беадолатиҳои замона ба майдон кашонда буд, на ҲНИТ ё Растохез ё ягон қувваи дигар.

Ман ҳам узви ягон ҳизб ё гуруҳи сиёсӣ набудам. Ба ҳайси сармуҳосиби сартарошхонаҳои шаҳри Душанбе кор мекардам. Идораи мо дар пушти театри Лоҳутӣ, дар ҳамсоягии Сека ҷойгир шуда буд ва ман ҳар рӯз аз маркази шаҳр, аз пеши СеКа гузашта, ба ҷои кор мерафтам.

Субҳи 12 феврал ба кор мерафтам, ки дидам, дар маркази шаҳр авзоъ хеле бад аст. Ҳазорон тазоҳургарон талош мекарданд ба сӯи Сека ҳаракат кунанд, вале аз он тараф нирӯҳои артиш ва «Алфа” сангар гирифта, мардумро тирборон мекарданд. Мардум баъди ҳар тирборон як миқдор ақиб мерафт, вале вақте тирпарронӣ боз мешуд, боз ба самти СеКа ҳаракат мекард.

Дар рости Иттифоқи нависандагон ва бозори «Баракат” кормандони милисаро бо каскаҳову сипарҳо ва калтакҳои резинӣ қатор карда буданд, ки садди зинда сохта, намегузоштанд, то мардум пештар биравад.

Мардум норозигӣ мекард ва вазъият лаҳза ба лаҳза тундтар мешуд. Мақомот бо рупор (баландгӯҳои дастӣ) аз мардум даъват мекарданд, ки хона ба хона шаванд, вале касе намерафт. Мегуфтанд, роҳбарони ҷумҳурӣ бароянд ва дар пеши мо ҷавоб диҳанд барои хуни рехтаашон. Чунки алакай чанд кас куштаву захмӣ шуда буд ва мардум сахт хашмгин буд.

Маълум шуд, ки шоми 11 феврал, вақте мардум бори аввал пеши СеКа омаданд, ба онҳо ваъда додаанд, ки то пагоҳ талабҳои шуморо иҷро мекунем ва барояшон ҳисобот медиҳем. Вале вақте субҳ омаданд, то ҷавоби роҳбарони ҷумҳуриро шунаванд, онҳо алакай омодагӣ гирифта, нирӯҳои артиш ва «Алфа”-ро ҷобаҷо карда буданд ва халқро бо тир «пешвоз” гирифтанд.

-Баъд чӣ шуд?

— Бо вуҷуди тирпарронӣ ва даъватҳои мақомот халқ пароканда нашуд ва ҳамчунон ҳаракат мекард, то садди зиндаи милисаҳоро шикаста, ба тарафи СеКа ҳаракат кунад. Мардум хашмгинтар ва шиорҳояшон шадидтар мешуд.

Ман дидам, ки дар саҳни Иттифоқи нависандагон чанд нафар аз адибон ҳам истодаанд ва ин ҷараёнро тамошо доранд. Пеши онҳо рафтам. Аз байнашон шоир Аскар Ҳакимро шинохтам, чун дар телевизион дида будам чанд суханрониашро.

Пешаш рафтам ва илтиҷо кардам, ки дар байн дароянд ва пеши роҳи хунрезиро бигиранд. Аввал розӣ нашуд, вале ман исрор мекардам, ки шумо шоири ҳамин миллатед ва вазифаатон дифоъ аз мардуматон аст. Билохира Аскар Ҳаким розӣ шуд ва мо аз саҳни Иттифоқ ба кӯчаи Путовский фаромадем. Сардорони милиса, ки ба онҳо Абдулло Ҳабибов роҳбарӣ мекард, розӣ шуданд, то Аскар Ҳаким ба мардум муроҷиат кунад.

Даррав аз куҷое як мизи яхмосфурӯшӣ буд ё пирожкифурӯшӣ, ки оварданд ва Аскар Ҳаким болои он миз баромада, ба мардум муроҷиат кард. Мардумро ба сулҳу салоҳ даъват кард ва аз онҳо хост, ки хона ба хона бираванд. Вале мардум дигар ба шӯр омада буд ва алакай хун рехта буд, барои ҳамин касе барои тарки майдон розӣ нашуд.

Онҳо талаб карданд, ки талаботи онҳоро ба роҳбарони ҷумҳурӣ бирасонем. Кадом донишҷӯ аз байни эътирозгарон аз сумкааш қаламу чанд варақ қоғаз бароварда дод ва мо дар рӯи ҳамон миз талабҳои мардумро навишта гирифтем.

— Рафтед, ки ба роҳбарон бирасонед ин талабҳоро? Муяссаратон шуд?

— То наздикии СеКа рафтем, вале онҷо алакай нирӯҳои Артиши Шӯравӣ истода буданд. Мо чанд дафъа рафтему баргаштем, вале моро намегузоштанд, ки пеши роҳбарон дароем. Ва ҳар дафъа, ки бо дасти холӣ бармегаштем, мардум бештар хашмгин мешуд ва талабҳояшон низ шадидтар мешуд.

-Чӣ талабҳо мекарданд?

— Дар аввал талабҳо бештар рӯи ин буд, ки нирӯҳои артишро аз Душанбе бароранд, тазоҳургарони дастгиршударо озод кунанд ва гунаҳкорони марги одамонро ҷазо диҳанд. Баъде ки шумораи кушташудаҳо афзуд, мардум дигар талаби истеъфои роҳбарони аввали ҷумҳуриро дар байн гузоштанд. Мегуфтанд, котиби якуми ҳизби коммунист Қаҳҳор Маҳкамов (он вақт котиби якум мисли президент буд), раиси Шӯрои вазирон Изаттулло Ҳаёев ва раиси Президиуми Шӯрои олӣ Ғоибназар Паллаев бояд аз мансаб бираванд, чунки ба зидди мардуми худ аз силоҳ истифода бурданд.

— Кай ба шумо муяссар шуд, ки ин талабҳоро бирасонед?

— Мо қарибиҳои бегоҳи 12 феврал тавонистем ба СеКа роҳ ёбем. Моро худи Қаҳҳор Маҳкамов қабул кард, ману Аскар Ҳаким талабҳои мардумро расондем. Қаҳҳор Маҳкамов бо сари хам гӯш кард то охиру баъд гуфт, ки имрӯз бегоҳ шуд, равед, пагоҳ биоед. Мо омадем, ба мардум ҳисобот додем ва ҳама хона ба хона рафт.

— Рӯзи 13-уми феврал чӣ рух дод?

— Аз саҳар мардум боз ҷамъ шуд ва хеле бештар аз рӯзи қаблӣ, чунки хабари митинг ба дигар шаҳру вилоятҳо рафта расид.

Вақте боз ҳамчун парламентёр рафтем ба СеКа, онҷо гуфтанд, ки ду нафар ба намояндагӣ аз мардум кам аст, намояндаи бештар бояд интихоб кунанд. Боз аз мардум намоянда ҷамъ карданд ва 17 нафар шуд дар умум. Шоир Меҳмон Бахтӣ буд, Бозор Собир буд, Мирбобо Мирраҳим, Тоҳир Абдуҷаббор ва Халифабобо Ҳамидов аз ҷунбиши Растохез. Он вақт Бӯри Каримов, ки бо вуҷуди ҳамагӣ 32 сол доштанаш алакай раиси Госплан ва муовини раиси Шӯрои вазирон буд, дар байни мардум хеле маҳбубият дошт ва мардум ӯро намоянда интихоб карданд. Барои Кумитаи 17 дар СеКа як ҳуҷра ҷудо карданд ва мо онҷо ҷамъ шуда, Бӯрӣ Каримовро раиси Кумита интихоб кардем.

Аз Маскав барои ҳалли масъала раиси КГБ СССР Борис Пуго омад.

Баъди ин музокирот сар шуд. Аз тарафи халқ мо, аъзои Кумитаи 17 гап мезадем ва аз тарафи ҳукумат Қаҳҳор Маҳкамов, Изаттулло Ҳаёев ва Ғоибназар Паллаев. Борис Пуго ҳам иштирок дошт ва тавре ба назар мерасид, овози ҳалкунанда овози Пуго буд дар тарафи ҳукумати вақт.

Ҳамзамон барои иҷрои баъзе талабҳои дигари митингчиён бо намояндагони дигари ҳукумат низ музокирот доштем. Аз ҷумла ба вазорати корҳои дохилӣ рафтем ва бо вазири онвақте Мамадаёз Навҷувонов дар масъалаи озод кардани тазоҳуротгарон гап задем. Бисёр хуб қабул кард моро, бо як лаҳни хуб гап зад ва зуд иҷро кард ин талабро. Аксари боздоштшудаҳоро оварда, дар пеши мардум ҷавоб доданд.

— Аммо музокирот бо роҳбарони аввали ҷумҳурӣ чӣ хел мегузашт? Онҳо талаби истеъфояшонро чӣ гуна қабул карданд?

— Аз байни онҳо Ғоибназар Паллаев ҷавонмардӣ нишон дод ва ҳамон рӯзи аввал гуфт, ки агар бо рафтани ман мардум ором шавад, ман истеъфо медиҳам. Аввалин шуда, Паллаев имзо кард.

Қаҳҳор Маҳкамов дар аввал хеле нею нестон кард. Фақат рӯзи дуюм, баъди онки Пуго ба вай гуфт, ки бояд қабул кунӣ, билохира бо дили нохоҳам розӣ шуд ва вай ҳам имзо кард.

Аз ҳама зиёд Ҳаёев гарданкашӣ кард. Ҳеҷ розӣ намешуд.Чунин вонамуд мекард, ки агар вай биравад, ҷумҳурӣ нест мешавад, аз байн меравад. Фақат рӯзи сеюм ва он ҳам бо фишори Пуго Ҳаёевро розӣ карданд, ки аризаи истеъфояшро имзо кунад.

— Чӣ далел меоварданд барои нарафтанашон аз мансаб?

— Мегуфтанд, ки ба ин шакл истеъфои онҳо ғайриқонунӣ аст, бояд маҷлиси ҳукумат шавад, референдум шавад ва аз ин қабил баҳонаҳо. Вале вақт мегузашт, митинг то рафт бузургтар мешуд, шумораи қурбониҳо меафзуд ва мардум хашмгинтар мешуд. Ҳам аз мурдани одамон ва ҳам аз тӯл кашидани музокирот.

Билохира ҳарсе роҳбар аризаи истеъфояшонро имзо карданд, ин хабарро дар телевизион доданд ва намояндагони Кумитаи 17 низ ба телевизион рафта, суханронӣ кардаанд ва мардум бо хушҳолӣ аз ин, ки ба пирӯзӣ ноил шудем, пароканда шуд.

— Вале…

— Вале фардояш маълум шуд, ки мардумро фиреб додаанд. Вақте ки мардум пароканда шуд, инҳо зуд пленуми Секаро даъват карда, Бӯрӣ Каримов, вазири фарҳанг Нур Табаров, Абдулло Ҳабибов аз ВКД ва боз чанд нафари дигарро ба кӯшиши табаддулот айбдор карданд ва истеъфои Маҳкамов, Ҳаёев ва Паллаевро бекор карданд. Нирӯҳои зиёди артишро ба Душанбе оварданд ва онҳо ҳама ҷоро печонда гирифта, дигар ба мардум имкони гирди ҳам омадану эътироз кардан дар маркази шаҳрро надоданд. Бо ҳамин, пирӯзии мардум хеле зуд ба шикаст табдил ёфт.

— Аҳволи худи шумо чӣ шуд баъди ин?

— Маро ҳам боздошт карданд ва ягон 20 рӯз пушти панҷара қарор доштам. Дар маҳбас медидам, ки садҳо нафарро барои даст доштан дар эътирозҳои моҳи феврал дастгир кардаанд. Аксарияти куллашон ҷавонон ва асосан донишҷӯён буданд. Муфаттишҳо аксар русҳое буданд, ки махсус аз Маскав оварда буданд. Онҳо мутмаин буданд, ки дар Душанбе миллатчиҳо митинг карданд ва мехостанд Тоҷикистонро аз СССР ҷудо кунанд. Ба онҳо фаҳмондани асли гап маънӣ надошт.

Баъди раҳоӣ аз ҳабс низ ман доим зери назари КГБ қарор доштам. Аз ҷои кор ҳам ҷавобам доданд. Ва дӯстон маслиҳат доданд, ки аз Душанбе як муддат бикӯчам. Ман кӯчида ба Қӯрғонтеппа рафтам, вале соли 1992 дар онҷо ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд. Ба Хуҷанд кӯчидам, аз онҷо ба Бишкек ва сипас ба Кемерово. Инак 27 сол боз инҷоям.

— Баҳои худи шумо ба он ҳодисаҳои сӣ сол пеш чист?

— Ман фикр мекунам, ки эътирозҳои моҳи феврали соли 1990 як мавҷи бедории миллӣ буд. Рӯзҳое буд, ки дар майдонҳои маркази Душанбе як ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омада буд, маҳалгароӣ аз байн рафта буд. Касе намегуфт, ки ту кӯлобӣ, ту помирӣ, ту хуҷандӣ… Ҳама як шуда буд.

Муроди халқ сохтани ягон давлати исломӣ ва ҳатто ҷудо шудан аз СССР набуд. Онҳо мехостанд, ки ба ҷои ҳукумати беобрӯшуда ва бемасъулият як ҳукумати дар ҳақиқат мардумӣ рӯи кор биояд бо ҷалби кадрҳое, чун Аслиддин Соҳибназаров, Сайфиддин Тӯраев, Бӯрӣ Каримов. Аммо умеди мардумро куштанд, мардумро фиреб доданд.

Ман мутмаинам, ки агар халқро дар феврали соли 1990 фиреб намекарданд, мо шояд ба чоҳи ҷанги шаҳрвандӣ фурӯ намерафтем. Мутаассифона, чанд нафар ба хотири мансабҳои худ манфиатҳои мардумро зери по гузоштанд ва Тоҷикистонро ба варта тела доданд. Ба вартае, ки поёнаш ҷанги ваҳшиёнаи шаҳрвандӣ буд…

Манбаъ: сомонаи “Ахбор” (Мирзо Салимпур)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.