Машоҳир

Мирзомуҳаммадии Навид даргузашт // Шарҳи ҳоли кӯтоҳ

Мирзомуҳаммадии Навид. Акс аз Родию Озодӣ.

Мирзомуҳаммадии Навид, узви собиқи Раёсати Олии ҲНИТ ва мушовири собиқи фарҳангии раиси ин ҳизб ва узви Кумисиюни Оштии Миллӣ ва муовини асбақи вазири фарҳанги Тоҷикистон, дар 65-умин соли умраш даргузашт.

Ҳанӯз ҳеч хабаре аз иллати даргузашти ин донишманди исломӣ дар расонаҳо мунташир нашудааст.

Мирзомуҳаммадии Мирзоҳодӣ, маъруф ба Навид, соли 1955 дар деҳаи Нӯшори ноҳияи Тоҷикобод дар оилаи як рӯҳонии маъруф ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар деҳа хатм карда, ҳамзамон дар назди падар таҳсилоти динӣ гирифтааст.

Сипас ба Душанбе меояд ва дар назди уламои динӣ ба таҳсил мепардозад. Ва ҳамзамон риштаи забону адабиёти Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро хатм мекунад.

Ӯ муддате дар нашрияи “Минбари ислом” — ҳафтаномаи Идораи қозиёти ҷумҳурӣ машғул ба кор буда, ки сардабириашро марҳум устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба дӯш дошт. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар саффи ИНОТ дар ҳиҷрат буд ва бахши фарҳангии онро мудирият мекард.

Навид узви Кумисиюни Оштии Миллӣ ва муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон то соли 2001 буд. Ва ҳамчунин то муддате мудирияти Маркази тоҷикшиносии Китобхонаи Миллии Тоҷикистон ба ӯҳда дошт.

Ӯ дар соли 2011 бо ихтиёри худаш аз саффи ҲНИТ хориҷ шуда буд.

Навид дорандаи унвони Аълочии маорифи ҷумҳурӣ ва узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон буд.

Раёсати Олии ҲНИТ дар як баёнияе кӯтоҳе даргузашти Мирзомуҳаммадии Навидро як зойеъаи бузург барои миллат ва ба хусус барои қишри зиёии кишвар донистааст.

Матни баёнияи Раёсати Олии ҲНИТ ба шарҳи зерин аст:

Мо ҳама аз Худоем ва ба суи Ӯ боз мегардем.

Хабардор шудем, ки шоири тавоно, донишманди улуми исломӣ ва собиқ узви Раёсати Олии ҲНИТ марҳум Мирзомуҳаммадии Навид ба раҳмати Худо пайвастанд. Мирзомуҳаммадии Навид ҳамчун узви Комиссияи Оштии Миллӣ ва муовини вазири Фарҳанг ба миллат хидмат кардааст, ки то абад дар таърихи миллат сабт хоҳад шуд.

Раёсати Олии ҲНИТ даргузашти ин шоири дилсӯзро як зоеъаи бузург барои миллат ва ба хусус барои қишри зиёии кишвар медонад.

Даргузашти ин шахсияти фарзонаро ба тамоми зиёиён, хонаводаи марҳум ва ҳама дӯстдорону наздиконаш таслият гуфта, аз даргоҳи Худованд барои ӯ раҳмату мағфират ва болотарин дараҷаҳои биҳиштро хоҳон аст. Худованд ба бозмондагонаш сабр диҳад.

Навид назме бигӯ бо дилписандӣ,

Худоро шукр аз ин арҷмандӣ.

Касе номи бузургон зинда дорад,

Биёбад дар ду олам сарбаландӣ.

(Навид)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.