Ахлоқи зишт

Шайтон аз ҷойе ба шумо нуфуз мекунад, ки ҳатто ба фикратон намерасад // Ба чӣ касе “мухлас” гуфта мешавад?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Рӯзе, ки шайтон ба хотири саркашӣ аз фармони Худо, аз даргоҳи илоҳӣ ронда шуд, аз Худо як хоҳиш кард. Гуфт: парвардигоро, то як замони муайян ба ман мӯҳлат бидеҳ. Худо ҳам пазируфт ва барояш мӯҳлат дод. Шайтон сипас хитоб ба Худо арз кард: “Ба иззати ту савганд, ки ҳамаи онҳоро (фарзандони Одамро) гумроҳ хоҳам кард, магар бандагони мухласро.” (Сураи Сод, оятҳои 71-83) Дар ояти дигар аз забони шайтон омада: “(Худоё!) Акнун ки маро гумроҳ сохтӣ, ман бар сари роҳи мустақими ту, барои онҳо камин мекунам, сипас аз пеши рӯ, аз пушти сар, аз тарафи рост ва аз тарафи чапи онҳо ба суроғи онҳо меравам ва (он вақт) ту аксари онҳоро шукргузор нахоҳӣ ёфт.” (Сураи Аъроф, оятҳои 16-17)

Ин бад-ин маъност, ки шайтон барои гумроҳ кардани инсон аз як шеваи собит баҳра намегирад, балки ҳар касро бо ҳамон чизе мефиребад, ки ба он алоқа дорад; обидонро бо ибодат, донишмандонро бо ғурури илмӣ ва баҳсу ҷадалҳои бемаънӣ, сарватмандонро аз тариқи фахрфурӯшӣ ва ғайра… Дар “Ҷомеъул-ҳикоёт” (с.28) аст, ки дар Банӣ Исроил обиде буд, ки дар савмаъае (ибодатгоҳе) дар як ғор пайваста машғули намозу ибодат буд. Шайтон ҳар чӣ саъй кард ӯро фиреб диҳад, натавонист. Аз ҳар роҳе, ки ворид шуд, фоида надошт. То ин ки рӯзе болои як теппа баромад ва бо садои баланд фарёд кашид ва лашкариёнашро ба ёрӣ хост. Ҳамаи лашкариёнаш пиромуни ӯ ҷамъ шуданд ва гуфтанд: эй бузурги мо! Чӣ рӯй дода, ки ин қадр нороҳатӣ ва фарёд мекашӣ?!

Гуфт: аз дасти ин обид, ӯ маро бечора карда; аз ҳар роҳе хостам ӯро гумроҳ кунам, натавонистам. Оё касе ҳаст, ки ӯро фиреб диҳад?

Яке аз он миён бархост ва гуфт: ман ӯро фиреб медиҳам.

Шайтон гуфт: аз чӣ роҳе?

Ҷавоб дод: аз роҳи дунё. Дунёро барои ӯ зинат медиҳам.

Гуфт: биншин, ту марди майдони ӯ нестӣ; зеро ӯ ҳеч алоқае ба дунё надорад.

Дигаре бархост ва гуфт: ман меравам ва ӯро фиреб медиҳам.

Гуфт: аз чӣ роҳе?

Ҷавоб дод: аз роҳи шаҳвату занон.

Гуфт: ту ҳам биншин, ки марди майдони ӯ нестӣ; зеро ӯ касе нест, ки ба василаи шаҳват фиреб бихӯрад.

Севвуме бархост ва гуфт: агар иҷоза диҳӣ, ман меравам ва ӯро фиреб медиҳам.

Гуфт: аз чӣ роҳе?

Ҷавоб дод: аз роҳи ибодат ва намоз.

Гуфт: бирав, чун ту марди майдони ӯ ҳастӣ.

Он малъун сабр кард, то вақте ки шаб фаро расид ва ҳаво торик шуд, худро ба сурати яке аз обидон даровард. Омад савмаъаи он обид ва гуфт: эй обид! Ман ғарибам, манзиле надорам, маро имшаб меҳмон кун ва дар савмаъаи худ паноҳам бидеҳ.

Обид ҳам ӯро пазируфт. Шайтон аз аввали шаб то субҳ ибодат кард ва рӯз ҳам пайваста машғули намоз буд. На ғизо мехӯрд, на истироҳат мекард ва на мехобид; дар ҳоле, ки обид гоҳе хаста мешуд, вале шайтон хаста намешуд. Обид мехобид ва ғизо мехӯрд, вале шайтон мудом намоз мехонд.

Обид пеши ӯ рафт ва гуфт: иҷоза медиҳӣ, суоле аз ту бикунам?

Гуфт: феълан вақт надорам, бигузор намоз бихонам.

Саранҷом бо исрори зиёд иҷоза гирифт ва гуфт: эй бандаи Худо! Ман обиде мисли ту надидаам, ки ин қадр ибодат кунад ва намоз бихонад. Ту чӣ кардаӣ, ки ин қадр ошиқи ибодатӣ, ба тавре ки на мехӯрӣ на мехобӣ ва хаста ҳам намешваӣ, дар ҳоле, ки ман чунин нестам?

Шайтон гуфт: иллаташ ин аст, ки ман муртакиби гуноҳе шудаам ва ҳар вақт ба фикри он гуноҳ меафтам, аз тарси Худо бар худ мепечам, хӯрду хоб аз ман салб мешавад ва машғули намозу ибодат мешавам, вале ту то ба ҳол гуноҳ накардаӣ ва тарс аз Худо дар дили ту нест, аз ин рӯ, дар ибодат суст ҳастӣ ва аз он хаста мешавӣ.

Обид гуфт: чӣ кардаӣ ва гуноҳи ту чӣ буда, ки ин қадр аз Худо метарсӣ ва ибодат мекунӣ?

Гуфт: ман зино кардаам, аз ин рӯ вақте ба фикри он меафтам, қудрати ибодатам бештар мешавад. Ту ҳам агар мехоҳӣ монанди ман ҳоли ибодат пайдо кунӣ, бояд гарчи як мартиба зино кунӣ.

Обид гуфт: ман касеро намешиносам, ки бо ӯ зино кунам, вонгаҳе, ин кор харҷ дорад ва эҳтиёҷ ба пул аст; дар ҳоле, ки ман надорам ва касе ба ман пул намедиҳад.

Шайтон гуфт: ман ба ту кӯмак ва роҳнамоият мекунам.

Даст бурд зери саҷҷода ва миқдоре пул берун овард, ба обид дод ва гуфт: ин пулҳоро бигир ва дохили шаҳр шав. Суроғи хонаи фалон зани фоҳишаро бигир ва бо ӯ зино кун, баъд аз он дигар аз намоз хаста намешавӣ.

Обид пулро гирифт ва равонаи шаҳр шуд ва суроғи хонаи фалон зани фоҳишаро гирифт. Мардум хушҳол шуданд ва гуфтанд: ин обид омада, ки ин занро тавба диҳад ва аз гуноҳ манъаш кунад. Хонаро ба ӯ нишон доданд. Бо ҳамон либосу қиёфае, ки дошт дохил шуд ва гуфт: эй зан! Ин пулро бигир ва зуд омода шав, ки вақти намоз нагузарад.

Зан нигоҳе ба ӯ кард. Либосу қиёфаи ӯро, ки дид, дарёфт, ки вай аз муштариёни ӯ нест, вагарна сару вазъи худро тағйир медод ва ин қадр аҷала намекард. Фаҳмид, ки ӯ аҳли фисқу фуҷур нест. Моҷароро аз обид пурсид. Обид ҳам тамоми саргузашти он касе, ки меҳмони ӯ шудааст ва ин ки чӣ гуна пайваста ибодат мекунад барои зан нақл кард.

Зан фаҳмид, ки он шахс шайтон будааст. Гуфт: эй бандаи Худо! Ӯ шайтон буда ва аз роҳи намоз мехоста туро фиреб диҳад. Баргард ва аз ин амал мунсариф шав, ки гуноҳ накардан беҳтар аз гуноҳ кардан ва баъд тавба намудан аст, зеро шояд тавба қабул нашавад ё умр тамом шавад ва дар ҳоле бимирӣ, ки тавба накарда бошӣ. Эй обид! Баргард, агар он шахс ҳанӯз машғули намоз аст, пас ӯ инсон будааст, ва агар рафтааст, пас бидон шайтон буда.

Обид вақте баргашт, касеро надид. Аз қазо, он зан ҳамон шаб аз дунё рафт. Субҳ, ки шуд, диданд бар дари хонаи ӯ навишта шуда: эй мардум! Ҷамъ шавед фалон занро дафн кунед, ки аз аҳли биҳишт аст!

Мардум ба шак афтоданд, дар кафну дафни ӯ ҳайрон монданд ва се рӯз дафни ӯро ба таъхир андохтанд.

Худованд ба ҳазрати Мӯсо (а) хитоб кард, ки: бирав ва мардумро хабар кун, то ҷанозаашро ғусл диҳанд ва бар вай намоз бихонанд ва дар қабристони мӯъминон дафн кунанд. Ман ба хотири ин ки яке аз бандагони моро аз гуноҳ мунсариф кард, ӯро бахшидам ва аз гуноҳони ӯ сарфи назар кардам ва ӯро аз аҳли биҳишт қарор додам. (Ҷомеъул-ҳикоёт”, с.28)

* * *

Ин достонро нақл кардам, то ба ин нукта ишора намуда бошам, ки роҳҳои нуфузи шайтон дар инсонҳо яксону якнавохт нест, шайтон ҳар касро бо ҳамон чизе мефиребад, ки ӯ ба он алоқа дорад; обидро бо ибодат, донишмандро бо кибру ғуруру ҳасад ва баҳсу ҷадалҳои бемаънӣ, сиёсатмадорро ба тавҷеҳкориҳо, сарватмандро аз тариқи фахрфурӯшӣ ва ғайра…

Албатта ин нукта ҳам лозим ба ёдоварист, ояте, ки оварда шуд, паёмаш ин ҳам нест, ки инсон дигар ноумед шавад ва бигӯяд, пас роҳе нест ва шайтон маро дар ҳар сурат гумроҳ хоҳад кард! Худи ҳамин гумон низ аз шайтон аст. Дар ҳамин оят, ки овардам, шайтон як гурӯҳ аз инсонҳоро мустасно мекунад ва мегӯяд:

فَبِعِزَّتِك لَأُغْوِيَنَّهُمْ أَجْمَعِينَ إِلَّا عِبَادك مِنْهُمْ الْمُخْلَصِينَ

Ба иззати ту савганд, ки ҳамаи онҳоро (фарзандони Одамро) гумроҳ хоҳам кард, магар бандагони мухласро.” Яъне аз миёни бандагонат, ман қодир ба фиреби “мухласон” ва гумроҳ кардани онҳо нестам.

Ҳол, бояд бибинем, “мухлас” чӣ касе аст?

“Мухлас” аз решаи “ихлос” аст. Пас, аввал бибинем, “ихлос” ба чӣ маъност, сипас бояд дид фарқи “мухлас” бо “мухлис” чист.

Ихлос чист?

“Ихлос” яъне “холис кардани қалбу дил аз чизҳое, ки омехта шудани онҳо бо амал боиси тирагии он гардад.” (Маҷамъул-баҳрайн, 4/168) Ва ба баёни дигар: ихлос он аст, ки ангезаи инсон дар корҳояш аз ғайри Худо пок бошад, яъне дар тамоми барномаҳо танҳо ба парвардигор ва ризои ӯ андешид.

Асосан, дар ислом арзиши амал ба хулуси ният аст, вагарна амалҳое, ки ангезаҳои ғайри илоҳӣ дошта бошад, мисли ин ки риёкорона бошад ва ё ба хотири ҳавои нафс ва ё ташаккуру қадрдонӣ аз мардум ё подоши моддӣ бошад, ҳеч гуна арзише надорад. Амали холисона то он ҳадд дар ислом мавриди аҳаммият аст, ки дар ҳадисе аз Паёмбари Акрам (с) мехонем:

مَنْ أَخْلَصَ الْعِبَادَةَ لِلَّهِ أَرْبَعِينَ صَبَاحاً ظَهَرَتْ يَنَابِيعُ الْحِكْمَةِ مِنْ قَلْبِهِ عَلَى لِسَانِهِ

Касе, ки чиҳил рӯз аъмоли худро холисона анҷом диҳад, Худованд чашмаҳои ҳикмату донишро аз қалбаш бар забонаш зоҳир месозад.”

Фарқ байни “мухлис” ва “мухлас”

“Мухласон” касоне ҳастанд, ки Худованд онҳоро ихтиёр карда ва онҳоро аз ширку гуноҳон маҳфуз доштааст. “Мухлас” олитарин мартибаи ихлос аст, ки пас аз муддатҳо ҷиҳод бо нафс ҳосил мешавад.

Аммо “мухлис” — ки ба маънои касе аст, ки ибодатро холис барои Худо анҷом медиҳад — бештар дар мавориде ба кор меравад, ки инсон дар мароҳили нахустини такомул ва дар ҳоли худсозӣ аст. Ва самараи “мухлис” будан ин “мухлас” шудан аст. Яъне вақте инсон дар ихлос ба дараҷа ва мақоме ноил шавад, ки тамоми афкору аъмолу рафтораш барои Худо ва ризояти ӯ гардида ва комилан аз ғайри Худо пок гардад, Худо худаш чунин бандаеро барои худ холис месозад.

Ба сухани содатар, вақте банда ҳамаи корҳои худро фақат аз барои Худо ва барои ризояти ӯ анҷом диҳад ва гуфтору кирдораш аз ангезаҳои дунявӣ – мисли обрӯ ва эътибор пайдо кардан миёни мардум ва ё аз барои касби пул ва ғайра – пок шаванд, ӯ “мухлис” мегардад, ва замоне ки пайваста бар ҳамин сифат бимонад, Худо ӯро барои худаш холис хоҳад намуд яъне “мухлас” хоҳад гардид.

Парвардигоро! Моро аз бандаҳои мухласи худ қарор бидеҳ!

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.