Сиёсат

Баёнияи поёнии “Иҷлоси порлумонҳои ҳомии Қудс”

“Иҷлоси порлумонҳои ҳомии Қудс”, ки раиси Паймони Миллии Тоҷикистон дар он ширкат дошт, зимни маҳкум кардани “Муомилаи қарн” ва ҳар гуна оддисозии равобит бо режими ишғолгари саҳюнистӣ, аз ташкили кумитаи вежаи пайгирии таҷовузҳои ин режим хабар дод.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Arabi21, “Иҷлоси порлумонҳои ҳомии Қудс” аз ташкили кумитаи вежаи пайгирии таҷовуҳои низомманди режими ишғолгари саҳюнистӣ ба Фаластин ва ироаи хулосаи таҳқиқоти худ ба ниҳодҳои байналмилалӣ аз ҷумла кумитаҳои порлумонӣ ва ҳуқуқӣ дар нуқоти мухталифи дунё ва интишори он дар расонаҳо хабар дод.

Баёнияи поёнии севвумин “Иҷлоси порлумонҳои ҳомии “Қудс”, ки дар рӯзҳои 8-ум ва 9-уми феврал таҳти унвони “Барномаи коромад барои озодсозии Қудс” дар Куоло-ломпур, пойтахти Молезӣ (Малайзия) баргузор шуда буд, рӯзи шанбе мунташир шуд. Иҷлосе, ки ба даъвати Муҳаммад Ориф бен Юсуф, раиси порлумони Молезӣ ва ҳузури Моҳотир Муҳаммад, нахуствазири ин кишвар ва ширкати беш аз 400 узви порлумонҳои 64 кишвар, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон ва раиси ҲНИТ, баргузор шуд.

Дар баёнияи поёнии ин нишаст, бо ишора ба ин ки севвумин Иҷлоси намояндагони ҳомии Қудс дар сояи эъломи “Муомилаи қарн”-и Омрико баргузор шуд, омадааст: “Ин муомила таҷовузи ҷадид ба миллати Фаластин ва инкори ҳуқуқи асили миллати Фаластин дар сарзаминашон ва нақзи ошкори қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ аст.”

Бар асоси ин баёния, ширкаткунандагон дар ин иҷлос тайи ду рӯз ба баррасии хатарҳои идомаи ишғолгарии Исроил барои минтақа ва ҷаҳон ва нақшҳои матлуб барои поён додан ба ишғолгарии Исроил ва таҳаққуқи адолат нисбат ба миллати Фаластин пардохтанд ва бо барпоии коргоҳҳо ва дидорҳо, бар нақши аъзои порлумонҳои дунё дар ҳамбастагӣ бо миллати Фаластин ва масъалаи Фаластин ва таҳаққуқи ормонҳои машрӯъи он таъкид карданд.

Ширкаткунандагон дар ин нишаст бар ҳимоят аз ҳаққи миллати Фаластин дар бозгашт ба ватани худ, таъйини сарнавишт ва ташкили кишвари мустақил ва дорои ҳокимияти комили Фаластин ба пойтахтии Қудс таъкид карданд.

Онҳо “Муомилаи қарн”-и Омрикоро низ маҳкум ва мардуд хонданд ва гуфтанд: “Чунин тарҳҳое дар ростои идомаи сиёсати низомманди давлати Омрико дар ҳимоят аз режими ишғолгар ва иқдомоти нажодпарастонаи он дар ҳаққи миллати Фаластин аст ва нақзи ошкори қонуни байналмилал ва ҳуқуқи башар шумурда мешавад ва муомилае аз сӯи як тарафи фоқиди ихтиёр барои як тарафи фоқиди лиёқат аст.”

Дар ин баёния ҳамаи шаклҳои оддисозӣ бо режими саҳюнистӣ маҳкум ва таъкид шуд, “созиш бо ишғолгарон навъе подош ба онҳо ҷиҳати иртикоби бештари ҷиноёт ва таҷовузоташон аст.”

“Иҷлоси порлумонҳои ҳомии Қудс” таъкид кард: “Ҳар гуна иқдом ё тасмиме, ки ҳуқуқи миллати Фаластинро поймол мекунад, ба шикаст мунҷар мешавад, муҳите барои рушди нафрат дуруст мекунад ва монеъи таҳаққуқи сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон мешавад.”

Ширкаткунандагон дар ин иҷлос чатри ҳимоятии Омрико бар сари таҷовузгарии Исроил дар Қудс, Масҷидулақсо ва муқаддасоти исломӣ ва масеҳӣ ва ҳамла ба шаҳрвандони Фаластин ва шаҳраксозиҳо, сиёсати пайвастани сарзаминҳо ва муҳосираи навори Ғаззаро рафтори хасмона хонд, ки ҳаргиз ба таҳаққуқи адолат ва сулҳ кӯмак нахоҳад кард.

Дар ин баёния омадааст: “Таҳоҷуми саҳюнистҳо алайҳи миллати Фаластин ва ҳуқуқи он ва идомаи ҷонибдории давлати Омрико аз Исроил фурсате барои ваҳдати саффи арабӣ ва фаластинӣ дар муқобила бо ин таҷовузгариҳо дуруст кардааст.”

Ширкаткунандагон дар ин иҷлос аз ҷомеаи байналмилалӣ, ниҳодҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дунё хостанд “барои анҷоми таклифи худ дар поён додан ба ишғолгарии Исроил ва бозгардондани оворагони фаластинӣ ба ватани худ ва ташкили кишвари мустақилли фаластинӣ дар ҳамаи хоки Фаластин ба пойтахтии Қудс, бо миллати Фаластин муттаҳид шаванд.”

Ширкаткунандагон дар ин иҷлос таъкид карданд, ки аз ниҳодҳои порлумонии байналмилалӣ ва минтақаӣ ва порлумонҳои кишварашон хоҳанд хост лоиҳаҳоеро дар маҳкумияти ишғолгарӣ ва сиёсати нажодпарастӣ ва таҷовузгарӣ алайҳи миллати Фаластин ва ҳуқуқи он содир карда ва аз ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқӣ бихоҳанд барои озодии фаврии ҳамаи асирони фаластинӣ аз зиндонҳои режими ишғолгар иқдом кунад.

Намояндагони порлумонии ҳомии Қудс аз кишварҳои исломӣ ҳам хостанд ба ӯҳдадориҳои молии худ нисбат ба Сандуқи байтулмолии Қудс амал кунанд. Онҳо аз кишварҳои ҳомии UNRWA ҳам хостанд ба ҳимояти худ ба манзури рафъи касрии будҷаи сандуқи байтулмоли Қудс идома диҳад.

Дар поёни ин баёния, аз миллатҳои арабӣ ва исломӣ ва озодагон дар ҷаҳон ба далели мавозеъи собити худ дар ҳимоят аз муборизаи миллати Фаластин барои дастёбӣ ба ҳуқуқи таърихӣ ва комили худ қадрдонӣ шудааст.

Гуфтанист, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ дар ин иҷлос ширкат ва суханронӣ кард. Тибқи баёнияи дафтари матбуотии ПМТ, Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин дар ҳошияи ин конфронс бо ҳайатҳои мухталифи кишварҳои ширкаткунанда дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Дар ин баёния омадааст: “Дар ин конфронс ҳайатҳои зиёда аз 60 кишвари ҷаҳон аз ҷумла аз Осиёи Марказӣ низ ширкат доштанд. Ба ҷуз ҳайатҳои ширкаткунанда, раиси ПМТ бо раисони аҳзоби сиёсии Молезӣ низ дидору гуфтугӯ намуд.”

Бар пояи ин баёния, меҳвари аслии гуфтугӯҳо вазъияти ҳуқуқи башар, озодиҳои маданӣ ва демукросӣ дар Тоҷикистон будааст.

Баёния меафзояд: “Раиси ПМТ дар ин сӯҳбатҳо дар бораи ҳамкорӣ ва пофишории дастаҷамъона барои раҳоии зиндониёни сиёсӣ сӯҳбат намуда, аз ҳайатҳо хостааст, дар ин замина ҷиддитар амал намоянд. Ҳамчунин нусхаи қарори СММ дар бораи талаби озодии аъзои зиндонии РО ҲНИТ ба онҳо тақдим гардид.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.