Дидгоҳ

Ба андак намаки биниши сиёсӣ ҳам ниёзмандем

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар оғози ин ёддошт, лозим аст арз кунам, мавзеъи сиёсии ҳар гурӯҳ ва фарде — ҳар чӣ ҳаст – мавриди эҳтироми ин банда аст ва дар ин ёддошт ҳаргиз қасди ҷасорат ба гурӯҳ ва ё фардеро надорам. Он чи арз мекунам, танҳо назари қосири ин банда аст.

Барои ҳеч гурӯҳи сиёсии мухолифи ҳукумати кунунӣ ва низ афоде, ки сиёсатҳои ин ҳукуматро ғалат ва нодуруст мешуморанд, пӯшида нест, ки бузургтарин монеъа бар сари роҳи ислоҳот ва тағйироти решаӣ дар кишвари мо, вуҷуди ҳокими феълӣ ва дунболаравонаш аст, ки то модоме ки онҳо тағйир накунанд, умеди ҳеч тағйире дар ин кишвар намеравад.

Ҳокими кунунӣ дар ду даҳаи ахир бо ворид кардани “тағйирот ва иловаҳо” бар Қонуни асосӣ, коре кардааст, ки ҳатто агар (бар фарзи маҳол албатта) тамоми намояндагони порлумонро аҳзоби мухолиф ташкил диҳанд, боз ҳам дастонашон баста ва коре аз дасташон сохта нахоҳад буд.

Тамоми аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф дар чанд соли ахир ба ҷаҳониён мехоҳем собит кунем, ки интихобот дар кишвари мо шаффофу озод баргузор намешавад ва тақаллуб дар он роҳ дорад, ки албатта воқеият ҳам ҳамин аст. Он вақт, дар остонаи баргузории яке аз интихоботҳо, ҳамаи мо камар бандем ва бо ҳимоят аз бархе аҳзоби ширкаткунанда дар ин интихобот – бо камоли эҳтиром ба ин аҳзоб ва аъзояш, ки воқеан одамони дилсӯзе ҳастанд – бозори ин интихоботро гарм кунем! Дар ҳоле, ки шибҳияқин дорем, ин ҳизб ва номзадҳояш, ба хотири ғайришаффоф баргузор шудани интихобот ва эҳтимоли тақаллуб, шонси пирӯзӣ дар интихоботро надоранд ва ё ҳатто агар яке аз онҳо ворид шавад ҳам, боз ҳеч мӯъҷизае аз дасташ сохта нест. Инро, ки ҳама медонем.

Бо ин ҳисоб, оё медонем, доғ кардани бозори ин интихобот бо ҳимоят аз ин ё он номзад, ба чӣ маъност?! Ин яъне тамоми он ҳарфҳое, ки мегуфтем ва барои ҷаҳониён мехостем собит кунем — мабнӣ бар ин ки интихоботҳо дар кишвари мо шаффоф нестанд — ин ҳарфҳо кашк будаанд ва ҳатто худамон ба ин ҳарфҳо бовар надоштаем. Ин доғ карданҳо ҷуз муҳкамтар кардани пояҳои қудрати ҳокими феълӣ, дигар маъное надорад.

Бинобар ин, гурӯҳҳои мухолифи тоҷик, ки дар қиёс бо опозисиюни кишварҳои минтақа воқеан фаъоланд ва аслан қобили қиёс бо онҳо нестанд, дар канори ин ҷунбу ҷӯше, ки доранд, ба андак намаки биниши сиёсӣ ҳам ниёз доранд, вагарна “оши бенамак” ҳарчанд аз беҳтарин маводд таркиб ёфта аммо намак надошта бошад, қобили тановул нест, бенамак аст.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.