Сиёсат

Замони он аст, ки Омрико барои ҳамеша Ироқро тарк кунад

Аз даричаи амнияти миллӣ, хориҷ кардани нерӯҳои омрикоӣ аз Ироқ ва Сурия бисёр осон аст. Ҳақиқати муҳим ва равшан ин аст, ки мардуми Ироқ хоҳони хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз кишварашон ҳастанд. Агар пас аз тасвиби хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ дар порлумони Ироқ, Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон дар ин кишвар боқӣ бимонад, як қудрати ишғолгар ва ноқизи қонунҳои байналмилалӣ талаққӣ мешавад ва аз ҳамкории давлат ва мардуми Ироқ маҳрум хоҳад шуд. Ин яъне нерӯҳои омрикоӣ дар Ироқ бо афзоиши риск рӯ ба рӯ ҳастанд.

Ба қалами Котрин Вонден Ҳувел (Katrina Vanden Heuvel), сардабири маҷаллаи Nation дар Washington Post

Котрин Вонден Ҳувел (Katrina Vanden Heuvel), сардабири маҷаллаи Nation.

Ваъдаи амалнашудаи Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар заминаи хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз Ироқ, ба ӯ дар интихоботи 2020 осеб хоҳад зад ва бо таваҷҷӯҳ ба андак будани пирӯзиҳои ӯ дар кишварҳое, ки майдонҳои набарди калидӣ ҳастанд, метавонад муқаддамоти шикасти ӯро фароҳам кунад. Бо ин ҳол, демукротҳо набояд фақат ба ин чашмандоз басанда кунанд ва бояд фаъолона ин рӯйдодро рақам бизананд ва афкори умумӣ (ва бавежа раъйдиҳандагон ба Тромп дар соли 2016 ба далели мавзеъи ӯ дар баробари ҷангҳои нопоён)-ро мутақоъид кунанд, ки агар Тромп қасди поён додан ба ҳузури нерӯҳои омрикоӣ дар Ироқро надорад, мардум метавонанд бо интихоб накардани ӯ ин ҳадафро амалӣ кунанд.

Аз даричаи амнияти миллӣ, хориҷ кардани нерӯҳои омрикоӣ аз Ироқ ва Сурия бисёр осон аст. Ҳақиқати муҳим ва равшан ин аст, ки мардуми Ироқ хоҳони хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз кишварашон ҳастанд. Агар пас аз тасвиби хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ дар порлумони Ироқ, Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон дар ин кишвар боқӣ бимонад, як қудрати ишғолгар ва ноқизи қонунҳои байналмилалӣ талаққӣ мешавад ва аз ҳамкории давлат ва мардуми Ироқ маҳрум хоҳад шуд. Ин яъне нерӯҳои омрикоӣ дар Ироқ бо афзоиши риск рӯ ба рӯ ҳастанд. Як давлати ироқии ғайриҳамкор ҳамроҳ бо маҷмӯае аз шибҳинизомиёни мутахосим – ки бисёре аз онҳо ба ҷангафрозҳо ва мушакҳои эронӣ муҷаҳҳаз ҳастанд – зиндагиро барои нерӯҳои омрикоӣ ғайриқобили таҳаммул хоҳад кард.

Аз замони терури женерол Сулаймонӣ, ағлаби афсарони омрикоӣ барои ҳифзи амнияташон, дар пойгоҳҳо ё минтақаи сабз маҳдуду маҳсур шудаанд. Онҳо бо ин шароит наметавонанд дар хидмати ҳеч ҳадафи муфиде бошанд ба ҷуз ин ки нишонгоҳе бошанд барои ироқиҳои хашмгине, ки дар пайи интиқомгирӣ аз Иёлоти Муттаҳида ҳастанд. Шароити нерӯҳои омрикоии ҳозир дар Сурия барои «нигаҳбонӣ» аз нафти ин кишвар низ пурхатартар аз нерӯҳои ҳозир дар Ироқ аст. Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ ва Сурия ниёзманди афзоиши шумори нерӯҳои омрикоӣ хоҳад буд, то битавонад амнияти нерӯҳои кунуниро ҳифз кунад. Ин ба маънои ҳазина кардани пули бештар, талафоти бештар ва паёмадҳои бади бештар аст. Ҳеч раисиҷумҳуре тамоюл нахоҳад дошт бидуни як истидлоли қавии амнияти миллӣ, чунин тасмими номатлубе бигирад.

Истидлоли мантиқӣ ин аст, ки ҳузури артиши Омрико барои пешгирӣ аз бозгашти ДОЪИШ лозим аст. Дар ин истидлол ба ин ҳақиқат таваҷҷӯҳ нашудааст, ки нерӯҳои ироқӣ дар гузашта фақат замоне қодир ба амалиёти коромад буданд, ки аз ҳамкории шибиҳнизомиёни таҳти фармондеҳии женерол Сулаймонӣ бархӯрдор буданд; омиле, ки дар шикасти ДОЪИШ нақше асосӣ доштанд.

Аммо далели воқеии давлати Тромп барои ҳифзи ҳузури низомии Омрико дар Ироқ, маҳдуд кардани нуфузи Эрон ва масдуд кардани “ҳилоли шиъа” аст. Агар ҳадафи нерӯҳои омрикоӣ маҳдуд кардани нуфузи Эрон дар Ироқ буд, равшан аст, ки ин талош ҳамонанди ҷанги ниёбатӣ алайҳи ҳукумати Башшор Асад дар Сурия, шикаст хӯрдааст. Дар ҳар ду маврид, роҳбурди низомии иштибоҳи Омрико дарро ба рӯйи нуфузи бештари Эрон гушуда ва ироқиҳо ва суриҳо Эронро пуштибони худашон дар баробари ифротгароёне медонанд, ки Омрико онҳоро таҳаммул ва ҳатто пуштибонӣ кардааст.

Замони он фаро расида, ки ба ин чархаи ботилу фосид поён диҳем ва танҳо роҳ ин аст, ки Омрико таслими иродаи мардуми Ироқ шавад ва нерӯҳои низомиашро аз ин кишвар хориҷ кунад. Вошингтун бетардид бояд ин корро анҷом бидиҳад, чаро ки медонад ироқиҳо хоҳони хуруҷи тамоми нерӯҳои хориҷӣ ҳастанд – яъне Эрон низ барои коҳиши радди пойии низомии худ дар Ироқ таҳти фишор аст – ва акнун замони муносибе барои диплумосии воқеӣ аст.

Ироқиҳо дигар намехоҳанд, ки кишварашон беш аз ин майдони ҷанг байни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон бошад. Нуктаи муҳимми дигар ин ки: шайхнишинони халиҷи Форс пас аз он ки Теҳрон нишон дод, ки метавонад иқтисоди онҳоро ба хатар андозад, ба дунболи роҳҳое барои танишзудоӣ бо Эрон ҳастанд.

Washington Post

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.