Сиёсат

Маркази фармондеҳии нерӯҳои эътилофи Омрико дар Бағдод ҳадафи чанд мушак қарор гирифт – (Видео)

Расонаҳо бомдоди якшанбе (16 феврал) аз мавҷи ҳамлаи мушакӣ ба наздикии Сафорати Омрико ва ҳамчунин ба Маркази фармондеҳии нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии Омрико хабар доданд.

Бар асоси гузориши расонаҳои ироқӣ, дастикам 3 мушак ба наздикии Сафорати Омрико бархӯрд карда ва садои ожири хатари сафорат ба садо даромадааст.

Як мақоми низомии омрикоӣ ба хабаргузори Фаронса гуфт, ки ин мушакҳо ба наздикии сафорат бархӯрд карда ва ҳеч мушаке ба худи сафорат исобат накардааст.

Хабаргузории Reuters низ ба нақл аз як мақоми низомии артиши Омрико хабар дод, ки чанд инфиҷор дар мақарри фармондеҳии нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии Омрико рух дода, ки эҳтимолан ба далели ҳамлаи мушакӣ будааст.

Ҳанӯз хабаре аз талафот ё осебе, ки ба далели ин ҳамалоти мушакӣ ба вуҷуд омада мухобира нашудааст ва болгардҳои омрикоӣ низ пас аз ин ҳамалот ба таври густурда бар фарози “Минтақаи сабз” ба парвоз даромаданд.

Ҳамчунин ду мушак низ ба сӯи пойгоҳи нерӯҳои Ҳашдушшаъбӣ шиллик шуда буд, ки талафот ё хасорате ба ҳамроҳ надоштааст.

Ҳудуди се ҳафта пеш низ ҳамлаи мушакӣ ба Сафорати Омрико дар Бағдод сурат гирифт, ки дар он ҳамла 4 мушак шиллик шуд, ки дастикам яке аз мушакҳо ба сохтмоне дар дохили Сафорати Омрико бархӯрд кард.

Дар ҳафтаҳои ахир “Минтақаи сабз”-и Бағдод ва Сафорати Омрико дар ин минтақа шоҳиди ҳамалоти мушакии мутаъаддиде будааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.