Ваҳдати исломӣ

Муовини Шӯрои муфтиёни Русия: “Мусалмонон алайҳи муомилаи қарн басиҷ шаванд”

Муовини Шӯрои муфтиёни Русия эълом кард: “Ҳамаи мусалмонон муваззаф ба ҳимоят аз Фаластин дар баробари “муомилаи қарн” ва муқобила бо ин тарҳи омрикоӣ ва саҳюнистӣ ҳастанд.”

Дамир Муҳиддинов рӯзи якшанбе (16 феврал) дар гуфтугӯ бо хабаргузории Ирно, бо баёни ин ки “муомилаи қарн” комилан ба нафъи Исроил ва алайҳи Фаластин аст, изҳор дошт: “Кишварҳои исломӣ дар ин шароити сахт бояд аз миллати Фаластин ҳимоят кунанд.”

Ин мақоми динии Русия гуфт: “Комилан бадеҳист, ки Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, муомилаи қарнро бо аҳдофи таблиғотӣ ва барои мустаҳкам кардани мавқеияти худ дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико пешниҳод кардааст.”

Вай изофа кард: “Аммо манофеъи миллати Фаластин набояд қурбонии аҳдофи таблиғотии дигар кишварҳо шавад ва мусалмонони ҷаҳон дар ҳимоят аз Фаластин масъулияти бузурге бар гардан доранд.”

Муҳиддинов бо тамҷид аз мавзеъи Русия дар қиболи муомилаи қарн афзуд: “Русия ин тарҳро рад карда ва бисёре аз кишварҳои исломӣ аз ҷумла Эрон низ онро зидди фаластинӣ ва ғайриқобили иҷро донистаанд.”

Ба гуфтаи муовини Шӯрои муфтиёни Русия, ҳамаи кишварҳои арабӣ ва исломӣ бояд чунин мавзеъе дошта бошанд.

Гуфтанист, Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, 28-уми январ дар ҳузури Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, аз тарҳи иддаоии худ мавсум ба “муомилаи қарн” рӯнамоӣ кард; тарҳе, ки ҳадаф аз он ҳазфи масъалаи Фаластин аст ва мухолифати ҳамаи гурӯҳҳои фаластиниро ба ҳамроҳ доштааст.

Муовини Шӯрои муфтиёни Русия, бо баёни ин ки кишвари Фаластин бояд ҳар чи зудтар таъсис шавад, идома дод: “Фаластиниён фақат дар як кишвари мустақил метавонанд осудахотир зиндагӣ кунанд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин замина ба ин миллат бояд кӯмак кунад.”

Вай ибрози умедворӣ кард, ки масоили миллати Фаластин ҳар чи сареътар ҳал шавад ва ин миллат дар сарзаминҳои обову аҷдодии худ битавонад зиндагӣ кунад.

Дамир Муҳиддинов гуфт: “Ҳеч кишвар ё гурӯҳе ҳақ надорад бо манофеъи Фаластин муомила кунад ва уммати исломӣ чунин иқдомеро нахоҳад бахшид.”

Ин мақоми мусалмон мӯътақид аст, ки иттиҳоди гурӯҳҳои фаластинӣ ҳар гуна имкон барои иҷрои тарҳи муомилаи қарнро аз муҷриёни он гирифтааст ва чунин мавзеъе бояд дар оянда низ ҳифз шавад ва ҳеч пешниҳоди молӣ набояд дар ин мавзеъ ва иттиҳоди фаластиниён халал ворид кунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.