Ҳуқуқи башар

Ҳамлаи нерӯҳои амниятии Ҳинд ба як донишгоҳи исломӣ дар Деҳлӣ – (Видео)

Як видеое ба тозагӣ дар фазои маҷозӣ мунташир шуда, ки нишон медиҳад нерӯҳои амниятии Ҳинд бо ҳамла ба китобхонаи яке аз донишгоҳҳои исломӣ дар пойтахти ин кишвар, донишҷӯёнро мавриди зарбу шатм қарор медиҳанд.

Шабакаи CCTV ба тозагӣ як видеоеро мунташир кардааст, ки дар он нерӯҳои амниятии Ҳинд бо ҳамла ба китобхонаи донишгоҳи “Ҷомеаи миллии исломия” дар Деҳлӣ, донишҷӯёнро мавриди зарбу шатм қарор медиҳад.

Бино ба гузориши пойгоҳи хабарии The Hindu, ин видео, ки нерӯҳои амниятии Ҳиндро дар ҳоли кутак задани донишҷӯёни ин донишгоҳ нишон медиҳад, ҳазорон бор дар шабакаи иҷтимоии Твитер бознашр дода шудааст.

Бар асоси ин гузориш, тасвирҳои видеоии гирифташуда аз ин рафтори хушунатомези нерӯҳои амниятии Ҳинд нишон медиҳад, ки онҳо зоҳиран вориди бахши донишпажӯҳон шуда ва бо чӯб донишҷӯёнро мавриди зарбу шатм қарор медиҳанд ва онҳоро аз китобхона ба берун меоварад.

Тибқи ин гузориш, дар шаби 15 декабри 2019 нерӯҳои амниятии Ҳинд дар пайи ташдиди эътирозот алайҳи қонуни ҷанҷолии “Эътои шаҳрвандӣ” ба ақаллиятҳои ғайримусалмон, ба “Ҷомеаи миллии исломия” ҳамла ва бо тавассул ба рафторҳои хушунатбор, донишҷӯёнро мавриди зарбу шатм қарор дод.

Гуфтанист, Маҷлиси авомми Ҳинд рӯзи 10 декабр лоиҳаи ҷанҷолии эътои шаҳрвандӣ ба шаҳрвандони ақаллияти ғайримусалмони муҳоҷирро ба тасвиб даровард, ки ба дунболи он, мавҷе аз эътирозот дар ин кишвар ба роҳ афтод ва мунтақидони ин тарҳ таъкид карданд, ки ин иқдом “табъиз” алайҳи мусалмонон аст.

Тасвиби лоиҳаи мазкур мавҷе аз эътирозоти хушунатборро дар аёлатҳои Осом ва Трипуро воқеъ дар шимоли шарқии Ҳинд ба вуҷуд овардааст. Мӯътаризон таъкид доранд, ки муҳоҷироне, ки ба сурати ғайриқонунӣ вориди Ҳинд шудаанд, ба манотиқи марзӣ ҳаракат мекунанд ва фарҳанги мардуми бумиро тазъиф мекунанд.

Қонуни мазкур, ба ҳиндуҳо, сикҳо, будоиҳо ва масеҳиёне, ки қабл аз 31 декабри 2014 ба Ҳинд муҳоҷират кардаанд, шаҳрвандӣ эъто мекунад. Маҷмӯъи ин афрод чандин милюн нафар мешаванд.

Бисёре аз мунтақидони давлати Мудӣ мӯътақиданд, ки ин тарҳ дар ростои ба инзивои бештар кашондани мусалмонони Ҳинд таҳия ва тасвиб шудааст ва пеш аз ин низ давлати Ҳинд дар манотиқи мусалмоннишин аз ҷумла аёлати Осом равияеро барои салби ҳаққи тобеияти мусалмонон ба роҳ андохтааст, ки бо эътирозоти бисёре мувоҷеҳ шудааст. Тибқи ин тарҳ, ҳудуди ду милюн мусалмон, ки аслияти банглодешӣ доранд, аз ҳаққи шаҳрвандии Ҳинд маҳрум ва эҳтимолан аз ин кишвар ихроҷ хоҳанд шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.