Дуо ва муноҷот

Дуои иштиёқ ба омурзиш

أللَّهُمَّ صَلِّ عَلَى مُحَمَّد وَآلِهِ وَصَيِّرْنَـا إلَى مَحْبُوبِكَ مِنَ التَّوْبَةِ وَأَزِلْنَا عَنْ مَكْرُوهِكَ مِنَ الإصْرَارِ. أللَّهُمَّ وَمَتَى وَقَفْنَا بَيْنَ نَقْصَيْنِ فِي دِين أَوْ دُنْيَا فَأَوْقِعِ النَّقْصَ بِأَسْرَعِهِمَا فَنَاءً، وَاجْعَلِ التّوْبَةَ فِي أَطْوَلِهِمَا بَقَاءً. وَإذَا هَمَمْنَا بِهَمَّيْنِ يُرْضِيكَ أَحَدُهُمَا عَنَّا وَيُسْخِطُكَ الآخَرُ عَلَيْنَا، فَمِلْ بِنَا إلَى مَا يُرْضِيْكَ عَنَّا، وَأَوْهِنْ قُوَّتَنَا عَمَّا يُسْخِطُكَ عَلَيْنَا، وَلاَ تُخَلِّ فِي ذلِكَ بَيْنَ نُفُوسِنَا وَاخْتِيَارِهَا; فَإنَّهَا مُخْتَارَةٌ لِلْبَاطِلِ إلاَّ مَا وَفَّقْتَ أَمَّارَةٌ بالسُّوءِ إلاّ مَا رَحِمْتَ
اللَّهمَّ وَإنَّكَ مِنَ الضَّعْفِ خَلَقْتَنَا، وَعَلَى الْوَهْنِ بَنَيْتَنَا، وَمِنْ مَهِين ابْتَدَأتَنَا، فَلاَ حَوْلَ لَنَا إلاّ بِقُوَّتِكَ وَلا قُوَّةَ لَنَا إلاّ بِقوَّتِكَ، ولا قُوَّةَ لنا إلاّ بِعَوْنِكَ. فَأيِّدْنَا بِتَوْفِيقِكَ وَسَدِّدْنَا بِتَسْدِيدِكَ وَأعْمِ أَبْصَارَ قُلُوبِنَا عَمَّا خَالَفَ مَحَبَّتَكَ وَلا تَجْعَلْ لِشَيْء مِنْ جَوَارِحِنَا نُفُوذاً فِي مَعْصِيَتِكَ. اللَّهُمَّ فَصَلِّ عَلَى مُحَمَد وَآلِهِ وَاجْعَلْ هَمَسَاتِ قُلُوبِنَا وَحَرَكَاتِ أَعْضَائِنَا، وَلَمَحَاتِ أَعْيُنِنَا، وَلَهَجَاتِ ألسِنَتِنَا فِيْ مُوجِبَاتِ ثَوَابِكَ، حَتَّى لاَ تَفُوتَنَا حَسَنَةٌ نَسْتَحِقُّ بِهَا جَزَآءَكَ، وَلا تَبْقَى لَنَا سَيِّئـةٌ نَسْتَوْجِبُ بِهَا عِقَابَكَ

Худоё! Бар Муҳаммад ва хонадонаш дуруд фирист ва моро ба сӯйи тавбае, ки писанди туст баргардон, ва аз пофишорӣ бар он чӣ намеписандӣ, ба дур дор!

Худоё! Онҷо ки ба ночор ё дини мо костӣ мегирад ё дунёи мо, костиро дар он қарор деҳ, ки зудгузар аст, ва бозгашти моро ба сӯйи он чӣ ки пойдортар аст.

Ва ҳар гоҳ оҳанги ду кор карда бошем, ки яке хушнудии туро ба ҳамроҳ дорад ва дигаре ба хашмат меоварад, моро ба он кор, ки хушнудии ту дар он аст, гаройиш деҳ, ва нерӯи моро дар анҷом додани он чӣ сабаби хашми туст, нотавон гардон.

Ва дар ин корҳо нафсҳои моро ба ихтиёрамон вомагузор; зеро нафс агар тавфиқи ту набошад, ботилро бармегузинад, ва агар раҳмати ту ӯро дарнаёбад, ба бадӣ фармон медиҳад.

Худоё! Ту моро аз нотавонӣ офаридаӣ ва бунёди моро бар сустӣ ниҳодаӣ ва аз обе паст ва бемиқдор, ҳастии моро оғоз кардаӣ. Инак, моро ҳеч ҷунбише нест, магар ба нерӯи ту, ва ҳеч нерӯе нест, магар ба ёрӣ кардани ту.

Пас, моро ба тавфиқи худ мадад фармо ва ба роҳи рости худ усутворӣ деҳ, ва чашми дилҳои моро аз дидани он чӣ дӯст намедорӣ, кӯр гардон, ва чунон кун, ки нофармонии ту ба ҳеч як аз аъзои мо роҳ наёбад.

Худоё! Бар Муҳаммад ва хонадонаш дуруд фирист ва чунон кун, ки розҳои дили мо ва ҷунбишҳои андоми мо ва нигаристанҳои чашми мо ва гуфторҳои забони мо, василаи дарёфти савоби ту бошад, то ҳеч кори неке, ки шоистаи подоши туст, аз дасти мо наравад, ва ҳеч кори зиште, ки уқубати туро дар пай дорад, рӯйи дасти мо намонад.

(Саҳифаи Саҷҷодия)

Рубрики:Дуо ва муноҷот, Ислом

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.