Сиёсат

Толибон: “Музокира бо Омрико тамом шуд, тавофуқи сулҳ имзо мешавад”

Толибон аз поёни музокироти сулҳ бо Омрико ва ҳусули тавофуқи комил дар ин музокирот хабар дод.

Ба гузориши Euronews, гурӯҳи Толибон рӯз душанбе аз поён ёфтани гуфтугӯҳо бо Омрико хабар дода ва тасреҳ кардааст, ки тавофуқи сулҳ ва санадҳои марбут бо он ба зудӣ ба имзои тарафайн хоҳад расид.

Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон, бо эъломи ин хабар, ёдовар шудааст, ки тарафайн ба зудӣ баёнияҳоеро дар хусуси натиҷаи музокирот мунташир мекунанд, ки дар онҳо таърихи дақиқи имзои тавофуқи ниҳоӣ низ мушаххас шудааст.

Залмай Халилзод, фиристодаи вежаи Омрико низ мӯътақид аст, ки бояд аз фурсати бавуҷудомада дар ҷиҳати коҳиши хушунатҳо дар Афғонистон ниҳояти баҳраро бурд ва аз фурсати музокирот барои поён додан ба беш аз чаҳор даҳа ҷангу хунрезӣ дар Афғонистон ба хубӣ истифода кард.

Фиристодаи вежаи Омрико ин суханонро пас аз дидори рӯзи гузаштаи худ бо Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон дар ҳошияи Конфронси амниятии Муних (Мюнхен) эрод кард. Ба гуфтаи Халилзод, дар ҷараёни ин мулоқот ду тараф дар хусуси аҳаммияти омодагӣ ва иҷроӣ шудани як раванди фарогир дар Афғонистон пас аз тасвиби ниҳоии тавофуқи сулҳ бо Толибон баҳсу табодули назар кардаанд.

Залмай Халилзод ҳамчунин аз ҳамаи тарафҳои муноқиша дар Афғонистон хостааст, ки аз фурсати бадастомада баҳра бибаранд ва дар талоши ҷамъӣ дар ҷиҳати поён додан ба ҷанги чиҳилсола дар ин кишвар ҳаракат кунанд.

Гуфтанист, ки бар асоси чорчӯби таъйиншуда дар музокироти сулҳ бо Толибон, ин тавофуқ пас аз таъйиди давлати марказӣ заминаи барқарории гуфтугӯҳои байни афғониро фароҳам хоҳад кард, то бад-ин тартиб бистари лозим барои ташкили давлате фарогир ва мавриди таъйиди ҳамаи тарафҳои муноқиша дар ин кишвар эҷод шавад.

Бар ин асос хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ ва аз ҷумла низомиёни омрикоӣ аз Афғонистон, ки ҳамвора аз шартҳои аслии гурӯҳи Толибон барои пешбурди гуфтугӯҳои сулҳ бо намояндагони Омрико буд низ аз дигар меҳварҳои тавофуқи сулҳ унвон шудааст.

Морк Эспер, вазири дифои Омрико, пеш аз ин зимни таъйиди ба натиҷа расидани музокирот бо намояндагони Толибон бар сари як тавофуқи ҳафтрӯзаи коҳиши хушунат, аз хуруҷи фаврии низомиёни кишвараш аз Афғонистон дар сурати калид хӯрдани раванди сулҳ дар ин кишвар хабар дода буд.

Ба гуфтаи сухангӯи Толибон, тавофуқи ниҳоии сулҳ дар Афғонистон пас аз чандин давр музокироти фишурда, дар ниҳоят то поёни моҳи ҷории мелодӣ ба имзо хоҳад расид.

Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон ба тозагӣ нисбат ба ҳусули тавофуқи ниҳоӣ дар музокироти Омрико бо Толибон ва хуруҷи низомиёни омрикоӣ аз кишвараш тайи даҳ рӯзи оянда ибрози хушбинӣ карда буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.