Дидгоҳ

Чаро дунё фақат “зӯр”-ро мешиносад?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Шояд барои севвумин бор аст, ки ба ҳамин мазмун ёддошт менависам, ки: то “зӯр” набошед, касе барои шумо эҳтиром қоил намешавад ва ба ҳуқуқатон арҷ намегузорад; на ҳеч одаме ва на ҳеч давлате ва на ҳеч созмоне. Бале, шояд бо судури баёнияҳои пучу тухолӣ, ҳамдардӣ изҳор кунанд ва таскинатон диҳанд, аммо дар амал ва майдон, ҳеч коре бароятон анҷом намедиҳанд.

Имрӯз, музокироти Толибон ва Омрико ба поён расид ва Омрико саранҷом дар баробари шартҳои Толибон, мабнӣ бар хуруҷи бе қайду шарти нерӯҳои омрикоӣ аз хоки Афғонистон, таслим шуд ва пазируфт.

Магар Омрико – ва дар канораш ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷумла СММ – гурӯҳи Толибонро “терурист”, “ифротгаро”, “қуруни вустоӣ”, “ақибуфтода”, “одамкуш” ва ғайра аз ин қабил ановин, намедонист?! Медонист. Асосан, Омрико ба Афғонистон юриш бурд, то ҳамин Толибонро аз байн бибарад. Ҳудуди 20 сол бо Толибон дар Афғонистон ҷангид.

Хуб, бо ин ҳисоб, чаро бо ӯ ба музокира нишаст ва саранҷом шартҳояшро пазируфт? Ва на танҳо Омрико, балки Русия ва кишварҳои ҳамсояи Афғонистон мисли Эрон, Чин, Ӯзбакистон, Туркманистон ва чи басо Тоҷикистон, бо ӯ вориди гуфтугӯ шуданд. Чаро?

Оё ҷуз ба ин далел, ки Толибон “зӯр” будааст?! Толибон дар хилоли ин 20 соле, ки Омрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ӯро “терурист” ва “ифротгаро” ва ғайраву ҳоказо аз ановину алқоб мехонд ва бо ӯ меҷангид, ин гурӯҳ ба ҷойи он ки аз ин ҳарфҳо муттаъассир шавад ва тартиби асар бидиҳад, ҷангид ва муқовимат кард ва абадан таслим нашуд. “Зӯр” яъне ҳамин.

Фарз кунед, дар ҳамон оғози вуруди артиши Омрико ба Афғонистон, яъне соли 2001, Толибон ба ин далел, ки дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ дигар ҷойгоҳе надорад, аслиҳаашро канор мегузошт ва ба ҷойи ҷангидан, ба муборизаи ба истилоҳ, “мусолиматомез” паноҳ меовард, дар он сурат чӣ мешуд? На танҳо аносури ин гурӯҳ аз сафҳаи рӯзгор ҳазфу маҳв мешуданд, балки дигар номе аз онҳо боқӣ намемонд.

* * *

Як вақт суитафоҳум нашавад. Банда яке аз тарафдорони парупоқурси муборизаи мусолиматомез хусусан дар Тоҷикистони худамон ҳастам ва тавассул ба хушунатро дуруст намедонам. Инҷо ҳарфам дигар аст. Арзам ва балки суолам ин аст, ки: чаро дунё фақат “зӯр”-ро мешиносад?! Чаро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷуз ба ҳарфи “зӯр” гӯш фаро намедиҳад? Чаро ҳукуматҳо фақат замоне, ки шумо “зӯр” ва дар дастони худ аслиҳа доред, бароятон “эҳтиром” мегузорад?! Тамоми ҳарфи ман инҷост.

Оё ин равиш ва ин гуна бархӯрди ҳукуматҳо водоркунандаи мухолифонашон ба равишҳои хушунатомез ва паноҳ бурдан ба аслиҳа барои эҳқоқи ҳаққи мусаллами худ нест?!

Ба сухани дигар, агар дар ҷойе ва кишваре мебинем, ки опозисиюнаш ба зӯр мутавассил мешавад ва даст ба аслиҳа мебарад, дар инҷо, беш аз он ки худи онҳо муқассир бошанд, ин айби ҳукуматҳояшон аст, ки мухолифонашонро ба ин кор водор кардаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.