Сиёсат

Ҳар ки ба Эрон сафар кунад, осори таҳримро намебинад

Вақте аз ӯ пурсидам чӣ чизе дар сафараш ба Теҳрон таваҷҷӯҳашро ҷалб кардааст, гуфт: “Фаъолияти рӯзонаи мардум. Эҳсос намекардам дар пойтахте ҳастам, ки таҳти шадидтарини таҳримҳост. Мардум зиндагии оддии худро мисли ҳар шаҳрванде анҷом медиҳанд, ба ҳеч ваҷҳ осори таҳрим дар зиндагии рӯзмарраи пойтахт мушоҳида намешавад ва сохтусоз ва умрон ва ободонӣ мисли ҳар пойтахти дигаре дар шаҳр ҷараён дорад. Аз ин ки ин қадр шаҳр зинда ва пӯёст, хушҳолам.”

Гапу гуфте бо Серкис Наум, рӯзноманигори машҳури ҷаҳони араб // Ба қалами Мӯсавии Халхолӣ, таҳлилгари пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Irdiplomacy

Мӯсавии Халхолӣ, таҳлилгари пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Irdiplomacy

Ҳафтаи гузашта Серкис Наум, рӯзноманигори машҳури лубнонӣ ва ҷаҳони араб ва сутуннависи рӯзномаи машҳури лубнонии “Аннаҳор” ба ҳамроҳи Носир Қиндил, рӯзноманигори ҳамватанаш ба Эрон омада буд. Умдаи сафари вай дар Теҳрон гузашт ва ҳамон тавр ки ҳамоҳанг шуда буд, ба дидори масъулони кишварамон рафт. Дар ин сафар, ки як ҳафта тӯл кашид, фурсат ёфтам бо ӯ сӯҳбат кунам ва аз наздик ӯро бибинам.

Барои ман, ки ҳудуди 10 сол аст корҳои ӯро мураттаб тарҷума мекунам ва ҳарсола силсилаёддоштҳояш дар сафар ба Иёлоти Муттаҳидаро дар Irdiplomacy (Диплумосии эронӣ) пӯшиш медиҳам, ҷаззоб буд, ки аз наздик бо ӯ мулоқот кунам ва аз наздик назароташро ҷӯё шавам. Барои ҳамин бо иштиёқ ба диданаш рафтам.

Бо ӯ дар ҳутели “Лола”-и Теҳрон мулоқот кардам ва бо сарфи як финҷон қаҳва гапу гуфте бо ҳам задем. Бисёр ором ва бо тумаънина сӯҳбат мекард. Барои ҳар ҳарфе, ки мезад, лаҳзае диранг мекард. Сафараш ба Теҳронро бисёр муфид донист ва гуфт, ки чаҳорумин бор аст ба Эрон меояд. Гуфт, ки аз дидораш бо мақомҳои эронӣ бисёр хушнуд аст ва аз ин ки медида ин қадр пӯё ва фаъол ҳастанд шигифтзада шудааст. Мегуфт, масалан барояш хеле ҷолиб буд, ки субҳи соати 8 ба дидори масъуле рафта, ӯ хеле сари ҳолу шодоб аз ӯ истиқбол карда ба гунае, ки эҳсос намекарда дидори субҳ будааст. Дар ҳоле, ки дар Лубнон ба дидори масъуле олирутба рафта буд, бо ӯ соати 11 субҳ қарор гузошта буд ва ӯ дар ҳоле бо таъхир ба диданаш омада буд, ки маълум буд тоза аз хоб бедор шуда буд, ҳавсала надошт ва бо беҳавсалагӣ бо ӯ сӯҳбат мекард.

Сӯҳбатамонро аз ҳирфаи рӯзноманигорӣ оғоз кардем. Гуфт, ки ҳеч гоҳ таҳти ҳеч шароите қаламашро намефурӯшад, ҳатто дар рӯзномаи “Аннаҳор”, ки кор мекунад, бо сардабир ва мудир сари ин мавзӯъ ба ихтилоф хӯрдааст, аз ҷумла бар сари ёддоштҳояш дар бораи сафар ба Омрико, мудир ба ӯ мегуфта, ки сиёсатҳои рӯзномаро дунбол намекунад ва матолибаш хатти машйеро дунбол мекунад, ки рангу бӯи хоссе дорад ва бо сиёсатҳои рӯзнома ҳамхонӣ надорад. Ба ӯ посух додааст, таҳти ҳеч шароите ҳозир нест хатти машйи худро тағйир диҳад ва чизе хилофи воқият бинависад, сипас гуфт: “Билохира сари ин мавзӯъ нишастем ва тавофуқ кардем ва мушкилро байни худамон ҳал кардем.”

Ӯ вазъияти рӯзномаҳо дар Лубнонро бисёр буғранҷ тавсиф кард ва гуфт: “Шабакаҳои иҷтимоӣ, шабакаҳои моҳвораӣ ва интернет зоиқаҳоро иваз кардаанд ва салиқаи мардумро мутаҳаввил кардаанд тавре ки иқбол ба рӯзномаҳо бисёр кам шудааст.”

Вақте аз ӯ пурсидам, чӣ чизе дар сафараш ба Теҳрон таваҷҷӯҳашро ҷалб кардааст, гуфт: “Фаъолияти рӯзонаи мардум. Эҳсос намекардам дар пойтахте ҳастам, ки таҳти шадидтарини таҳримҳост. Мардум зиндагии оддии худро мисли ҳар шаҳрванде анҷом медиҳанд, ба ҳеч ваҷҳ осори таҳрим дар зиндагии рӯзмарраи пойтахт мушоҳида намешавад ва сохту соз ва умрон ва ободонӣ мисли ҳар пойтахти дигаре дар шаҳр ҷараён дорад. Аз ин ки ин қадр шаҳр зинда ва пӯёст, хушҳолам.”

Серкис Наум, рӯзноманигори машҳури лубнонӣ ва ҷаҳони араб ва сутуннависи рӯзномаи машҳури лубнонии “Аннаҳор”

Ин ҳарфи ӯ дар ман ғуруре эҷод кард, аммо ман, ки аз вазъияти маъишатии мардум хабар дорам ва медонам таҳримҳо чӣ осебе ба зиндагии оддии мардум зада, чӣ қадр доду ситади хориҷӣ моро таҳти таъсир қарор дода ва чӣ таъсироти амиқе бар иқтисоди кишварамон гузошта, ки суқути арзиши воҳиди пули миллии кишварамон дар баробари арзҳои хориҷӣ, яке аз намунаҳои кучаки он аст, чӣ гуна метавонистам бо итминон ин ғурурро баён кунам. Ин дуруст аст, ки таҳрим ҳанӯз он қадр таъсири худро нагузошта, ки иқтисод ба самти фурӯпошӣ биравад ва ҳар чӣ бошад ҳокимият ва давлатамон тавонистаанд бо дирояту тадбир умурро ба гунае мудирият кунанд, ки авзоъ ба шакли нобасомоне мисли бисёре аз кишварҳои дигар дарнаёяд, аммо наметавонам мункир шавам, ки таҳрим вазъияти иқтисодии кишвар ва маъишати мардумро ба шиддат таҳти таъсир қарор додааст. Бо ин ҳол ҳеч ба рӯйи худам наёвардам, аз ҳарфи ӯ лабханд задам ва ин гуна вонамуд кардам, ки бале, мо қавӣ ҳастем ва метавонем аз ин сахтиҳо убур кунем.

Серкис Наум мегуфт, Эронро дӯст дорад, ба ҳукумати он эҳтиром мегузорад ва барои он беш аз ҳар ҳукумати арабӣ арзишу эътибор қоил аст. Ва мегуфт, ин ба хотири ҳукумати динии шиъии он нест, ки худ масеҳӣ ва араб ва лубнонӣ аст, Эронро дӯст дорад ба ин далел, ки кишваре инқилобӣ аст, ва ӯ ҳамаи инқилобҳоро дӯст дорад, чун мухолифи зулм аст; мегуфт: “Ба синни ту намерасад, ман сахтиҳои ҷомеаи маданӣ дар даҳаҳои ҳафтод дар кишварҳои истибдодӣ аз ҷумла Эрони давраи шоҳро ба ёд дорам.”

Сипас гуфт: “Кишварҳои арабӣ ҳасрати Эронро мехӯранд. Мардуми араб Эронро улгуи худ медонанд. Он чи дар кишварҳои арабӣ мебинӣ, аз бандагӣ ва сарсупурдагии ҳукком ба ҳокимони ғарбӣ ва омрикоӣ, сирфан барои мондан дар қудрат аст, ин барои мардуми араб бархӯрандааст, мардум эҳсос мекунанд ба кароматашон тавҳин мешавад, аз ин ки мебинанд мақомҳои омрикоӣ бо масъулинашон бо таҳқир бархӯрд мекунанд, сархӯрдаанд. Дар ҳоле, ки Эрон худаш рӯйи пойи худаш истода ва табиист, ки ҳар кишваре, ки бихоҳад рӯйи пойи худ биистад ва хилофи ҷараёни ғарбӣ ҳаракат кунад ва дастуруламали худашро дошта бошад, ҳазина медиҳад. Тоза, дар муқоиса бо кишварҳои дигар Эрон ба воситаи қудрати худ тавониста камтарин ҳазинаро бидиҳад. Дар ҳоле, ки кишварҳои дигар ҳазинаҳои сангинтареро пардохтаанд.”

Наум таъкид мекард, Ҳизбуллоҳро ба унвони як ҷараёни сиёсии пӯё, ки муқобили ишғолгарии режими саҳюнистӣ истода ва хоки Лубнонро ба кӯмаки Эрон озод карда, бисёр ситоиш мекунам, ҳамон тавр ки ба вуҷуди он дар кишварам, бо ҳамаи интиқодҳое, ки мумкин аст ба равияи як ҷараёни сиёсӣ дар тӯли таърихи ҷунбиши сиёсиаш вуҷуд дошта бошад, ифтихор мекунам.

Наум ҳамчунин гуфт: “Шакке нест, ки Эрон кишваре қудратманд аст. Аввалин қудрати минтақаӣ аст, ки ба ҳеч қудрати хориҷии дигаре такя надорад, худаш рӯйи пойи худаш истода ва аз ҳеч абарқудрати хориҷии дигаре на дастур мегирад, на мутобиқи барномаи он амал мекунад, барои ҳамин эҳтироми хоссе барои он қоил ҳастам. Аммо бояд дарк кунед, ки Эрон қудрати ҷаҳонӣ нест, ҳанӯз зарфиятҳои лозим барои вуруд ба ҷамъи қудратҳои бартари ҷаҳониро надорад, бинобар ин бояд ба гунае бархӯрд кунад, ки манофеъаш ба унвони як қудрати бартари минтақаӣ таъмин шавад ва дар айни ҳол аз бархӯрдаш бо қудратҳои ҷаҳонӣ камтарин осебро бибинад.”

Вай сипас гуфт: “Давраи Убомо фурсате буд, то Эрон битавонад бисёре аз мушкилоташро ҳал кунад ва он ҷойгоҳи шоистаи худро, ки дар минтақа дошт, боло барад, бавежа баъд аз имзои Барҷом Эрон метавонист мушкилоти дигарашро низ бо Омрико ҳал кунад, ва иҷоза намедод мушкилоташ бо Омрико ба давраи Тромп кашида шавад, Убомо вежагиҳои хоссе дошт, ки Эрон метавонист бо такя бар ин вежагиҳо бисёре аз мушкилоташро ҳал кунад.”

Дар ин ҷо гуфтам: “Мушкили Эрон Убомо ё Тромп нест, мушкил фаротар аз афрод аст. Чунонки медонем шокилаи таҳримҳои Эрон аз ҷумла таҳримҳое, ки акнун аз он ранҷ мебарем, ба даврони Убомо бозмегардад ва ӯ меъмори аслии таҳримҳои Эрон маҳсуб мешавад, бо ин тафовут, ки дар он даврон ӯ тавониста буд иҷмоъи ҷомеаи ҷаҳонӣ алайҳи Эрон эҷод кунад, вагарна Тромп коре ҷуз баргардондани ҳамон таҳримҳо ва ташдиди онҳо накардааст.”

Диранге кард ва гуфт: “Ҳақ бо туст. Шакке нест, ки меъмори аслии таҳримҳои Омрико шахси Убомо будааст. Қатъан таҳримҳои ҳастаии вазъшуда алайҳи Эрон шокила ва муҳандисии онҳо дар давраи Убомо будааст.”

Сипас ба терури шаҳиди Сардор Сулаймонӣ пардохт ва гуфт: “Бар хилофи бисёре, ман эътиқод надорам, ки ин иттифоқ натиҷаи як тавтиаи аз пеш барномарезишуда ва печида ва муртабит бо сенориюҳои мухталиф буда, касе нест, ки надонад чунин фоҷеае чӣ паёмадҳои сахте ба дунбол дорад. Ҳатто иддаои мақомҳои омрикоиро низ тухолӣ (пуч) медонам, омрикоиҳо барои фирор аз мавқеияти сахте, ки ҳизбашон ва Тромп дар он дучор шуда он иштибоҳро муртакиб шуданд. Дунолд Тромп бо истизоҳи намояндагони Кунгура мувоҷеҳ шуда буд ва назарсанҷиҳо аз суқути беш аз пеши вай ҳикоят доранд, барои ҳамин он иштибоҳро муртакиб шуд ба хаёли ин ки битавонад афкори умумиро мунҳариф кунад, аммо ба паёмадҳои он фикр накард.”

Баъд, ба осебҳое, ки дар пайи ҳамлаи мушакии Эрон ба Айнуласад ворид омада ишора кард ва гуфт: “Рӯзи аввал гуфтанд ҳеч иттифоқе науфтода, Тромп гуфт, ҳеч осебе ворид наомада, аммо ҳоло мушаххас шуда, ки кулли талафот додаанд ва маҷбур шудаанд бархе аз маҷрӯҳинро ба Омрико мунтақил кунанд. Ин нишон медиҳад, ки Дунолд Тромп ҳам аз воқеиятҳо фирор мекунад ва ҳам фоқиди истротежӣ, биниш ва рӯйкарди сиёсӣ ҳам дар сиёсати хориҷӣ ва ҳам дар сиёсати дохилиаш аст. Воқеан ӯ шоистаи риёсати ҷумҳурӣ нест, тоҷире аст, ки ҳама чизро бо меъёри “бизнес” месанҷад, чунин фарде наметавонад суду зиёнҳои сиёсӣ бахусус дар сиёсати хориҷиро дарк кунад.”

Серкис Наум ҳамчунин гуфт: “Бар асоси иттилооте, ки аз дӯстонам дар Омрико, ки дар майдон ҳастанд (ба қавли мо дасте бар оташ доранд) гирифтаам, шикасти Тромп дар интихоботи пеши рӯйи Омрико ҷиддӣ аст ва эҳтимоли ин ки раъй наёварад вуҷуд дорад.”

Дар охири дидорамон гуфт: “Ман чаҳор сол пеш ба Эрон омадам ва ин чаҳорумин бор аст, ки ба Эрон сафар мекунам. Мебинам, ки мардум равшантар аз қабл шудаанд ва гушоише дар биниш ва озодиҳои фардии мардум ба вуҷуд омадааст. Бешак, шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири басазое дар интиқоли афкор ва биниши мардум ифо мекунанд. Барои ҳамин эҳсос мекунам ояндаи беҳтар ва равшантаре дар интизори Эрон ва мардуми он аст.”

Дар поён вақте ки хостам одреси сойтамонро ба ӯ нишон бидиҳам ва бигӯям сойтамонро бибинад, бо ханда гуфт, маро даргири ин чизҳо накун, ман ҳанӯз аз рӯзноманигорони насли гузаштаам, фақат бо коғазу қаламу рӯзнома сару кор дорам, аҳли сойту шабакаҳои иҷтимоӣ ва ин чизҳо нестам, рӯзнома дорӣ ба ман бидеҳ. Бо ин вуҷуд маҷмӯаи ёддоштҳоеро, ки аз ӯ дар “Диплумосии эронӣ” мунташир кардаем дид ва гуфт: “Хушҳолам, ки дар Эрон хонандагоне дорам, ва ифтихор мекунам мардуми соҳиби тамаддуне асил хонандаи матолиби ман ҳастанд.”

Панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дидам, ки Серкис Наум дар бозгашт ба Бейрут гузориши муфассале аз сафараш ба Эрон дар рӯзномаи “Аннаҳор” мунташир карда ва он чи дар дидорҳояш бо эрониҳо ва масъулони эронӣ гузаштаро навиштааст. Ин гузоришро ба забони арабӣ аз инҷо метавонед бихонед.

Irdiplomacy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.