Сиёсат

Ҷойгоҳи Эрон дар Осиёи Миёна ба рағми таҳримҳо ва рақобати шадиди Арабистон

Ниёзи кишварҳои Осиёи Миёна ба бандарҳои Эрон сабаб шудааст, ки ба рағми таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида ва сармоягузориҳои Арабистони Саудӣ, ин кишварҳо ҳамчунон равобити худ бо Теҳронро дар авлавият қарор диҳанд.

Ба қалами Ҷеймз Дурсӣ (James Dorsey) дар нашрияи Responsible Statecraft

Вақте мақомоти Хуҷанд — дуввумин шаҳри бузурги Тоҷикистон, дастур доданд масҷиде дар ин шаҳр ба синамо табдил шавад, Арабистони Саудӣ чизе беш аз он чи тасаввур мекард, ба даст овард. Ин дастур ба дунболи таътилии ҳудуди 2 ҳазор масҷид дар ин кишвар дар се соли гузашта ва дастгирии шуморе аз руҳониюн ва муаллимони мусалмон содир шуд, ки иттиҳоми воридашуда ба бисёре аз онҳо, узвият дар Ихвонул-муслимин буд; гурӯҳе, ки фаъолияти он дар ҳар ду кишвари Тоҷикистон ва Арабистон мамнӯъ аст.

Ҷеймз Дурсӣ (James M. Dorsey), устод ва пажӯҳишгари Донишгоҳи Нонёнги Сингопур

Нерӯҳои пулиси Тоҷикистон риши анбӯҳе аз мардонро тарошидаанд ва акнун мардони камтаре бо чунин рише дар хиёбонҳо дида мешаванд ва шумори занони сатрпӯш ҳам ба далели ин ки теъдоде аз онҳо тавассути пулис дастгир шудаанд, коҳиш ёфтааст. Руҳониюни Тоҷикистон танҳо хутбаҳоеро мехонанд, ки дар таърифу тамҷиди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур буда ва тавассути мақомот таъйид шуда бошад. Масоҷиди бузург ҳам ба дурбинҳои назоратӣ муҷаҳҳаз шудаанд, то руҳониюн баъд аз намоз ғайр аз хутбаҳои таъйидшуда суханони дигаре нагӯянд.

Бешак, ин шароит боиси ризояти раҳбарони Саудӣ аст. Аз соли 2015, ки равобити Тоҷикистон бо Эрон бар сари порае аз масоил — аз ҷумла дархости Теҳрон аз Душанбе барои пардохти бадеҳиҳояш, ҳамчунин иддаоҳо дар бораи ин ки як тоҷири муттаҳам дар Ҷумҳурии Исломӣ маболиғе ҳангуфт дар Бонки миллии Тоҷикистон пасандоз карда ва низ дидори мақомоти олирутбаи Эрон бо раҳбари опозисиюни Тоҷикистон — ба вахомат гаройид, Арабистони Саудӣ шурӯъ ба кӯмакҳои молии густурда ба Тоҷикистон кард. Бо беҳбуди равобити Риёз ва Душанбе, саудиҳо шурӯъ ба сарозер кардани пул ба пружаҳои зербиноӣ монанди нерӯгоҳи барқи Роғун, бузургроҳе дар шарқи Тоҷикистон ва ҳамчунин омӯзишу парвариш карданд.

Тоҷикистон Эронро ба даст доштан дар терури чеҳраҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва ҳамчунин 20 афсари артиши Русия дар ҷараёни ҷанги дохилии 1990 муттаҳам кардааст. Мақомоти ин кишвар ҳамчунин як маркази тиҷорӣ ва фарҳангии Эронро дар Хуҷанд таътил карданд ва ҳамчунин ба масдуд шудани дархости Эрон барои узвият дар Созмони ҳамкории Шонгҳой ба раҳбарии Чин, кӯмак карданд. Эрон акнун дар ин созмон як узви нозир ба шумор меравад.

Бо ин ҳол, таҳаввулот дар Тоҷикистон аз дидгоҳи Арабистони Саудӣ, дигар чандон хуб нест ва дигар таҳаввулот дар Осиёи Миёна ҳам чандон ба нафъи подшоҳии Саудӣ пеш намеравад. Дар ҳақиқат, пас аз ҳудуди чаҳор сол равобити пуртаниш байни Тоҷикистон ва Эрон, замина барои наздик шудани муҷаддади ду кишвар фароҳам шудааст. Он чи сабаби ҳаллу фасли нисбатан сареъи ихтилофот шуда, ин воқеият аст, ки Тоҷикистон, ки ба ҳеч бандаре дастрасӣ надорад, ҳамонанди Ӯзбакистон, ҳамсояи дигари худ, ба дастрасӣ ба бандарҳо бавежа бандари Чобаҳори Эрон ба унвони арзонтарин ва кӯтоҳтарин гузинаи ҳамлу нақл ниёз дорад. Ҷаззобияти Эрон барои кишварҳои Осиёи Миёна барои тарҳи “Камарбанд ва ҷодда”-и Чинро — ки як тарҳ бо зерсохтҳо ва ҳамлу нақл барои иттисоли заминии Уруосиё ба Чин аст — афзоиш дода.

Дар саркӯби масоҷид ва руҳониюн дар Тоҷикистон, ки таҳти ҳимоятҳои Арабистони Саудӣ сурат гирифта, як шароити кинояомез вуҷуд дорад. Дар Ӯзбакистон, Ислом Каримов, раисиҷумҳури пешин ҳам то замони маргаш дар соли 2016, ба баҳонаи мубориза бо ифротгароии исломӣ, мазҳабро саркӯб мекард. Шавкат Мирзиёев, ҷонишини Каримов, ваъда дода, ки сиёсатҳои саркӯбгаронаи раисиҷумҳури пешинро мутаваққиф ва давлати худро вақфи “хидмат ба мардум” хоҳад кард. Аз ҷумлаи ислоҳоте, ки тавассути Мирзиёев анҷом шуда, коҳиши қудрати Кумитаи мазҳабии хадамоти амниятӣ аз тариқи поён додан ба назоратҳо ба омӯзаҳо, интишорот ва гирдиҳамоиҳои динӣ будааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳайъатҳои бозаргонони Саудӣ дар соли гузашта барои кашфи фурсатҳои сармоягузорӣ ду бор аз Ӯзбакистон боздид карданд. Ширкати “Ajlan & Bros Holding Group”, ки як ширкати мансуҷоти саудӣ аст, қасд дорад дар 5 соли оянда то 2 милёрд дулор дар як ширкати порча-пахта (текстил)-и Ӯзбакистон сармоягузорӣ кунад.

Бо ин ҳол, Эрон, ки дар ҳоли ҳозир вуҷудаш барои содироту воридоти Ӯзбакистон зарурӣ аст, комилан бар барномаҳои зербиноии ҳамлу нақли Мирзиёв таъсиргузор аст. Дар охирҳои соли 2017 фармоне содир ва аз он ба унвони “калиди барномаҳои Ӯзбакистон-Туркманистон-Эрон-Уммон” ёд шуд, ки Чин-Қирғизистон-Ӯзбакистон ва се коридор дар Афғонистонро шомил мешавад. Як хатти роҳи оҳан шаҳри Тирмизи Ӯзбакистонро ба Мазори Шарифи Афғонистон васл мекунад. Дар барномаҳои Ӯзбакистон пешбинӣ шуда, ки ин хатти оҳан то шаҳри Ҳирот низ идома меёбад ва аз онҷо то Бандари Аббоси Эрон ва Чобаҳор ва бандари Бозаргон дар марзи Эрон ва Туркия кашида хоҳад шуд.

Тамаркузи Осиёи Миёна бар бандарҳои Эрон ба рағми таҳримҳои шадиди Иёлоти Муттаҳида бавежа бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти бавуҷудомада дар бандари Гводори Покистон, ки бо ҳимояти чиниҳо дар фосилаи 70 километрӣ аз Чобаҳор дар ҳоли густариш аст, аҳаммияти бештаре пайдо мекунад. Ширкати ҳамлу нақли уқёнуси Чин (COSCO) ба тозагӣ хадамоти бории худро байни Карочӣ ва Гводор ба далели набуди бор барои транзит ба Афғонистон, мутаваққиф кардааст. Жонг Боучжунг (Zhang Baozhong), раиси ширкати бандарҳои хориҷ аз кишвари Чин (COPHC), таъкид карда, ки тиҷорати транзит барои муваффақияти Гводор аҳаммияти зиёде дорад. Мақомоти ин бандар моҳи гузашта эълом карданд, ки дар моҳи гузашта бо ҳадафи азсаргирии тиҷорати транзит, ду маҳмулаи бор аз Карочӣ ба Гводор фиристода шудааст.

Responsible Statecraft

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.