Сиёсат

Абдуллоҳ: “Мо пирӯзи интихобот ҳастем // Давлати фарогир ташкил мешавад”

Раҳбари тими “Субот ва ҳамгароӣ” дар як нишасти хабарӣ, ки дақоиқе пеш дар Кобул баргузор шуд, гуфт: “Мо ҳукумати фарогирро ташкил медиҳем ва тақаллубкорон рӯсиёҳи таърих ҳастанд.”

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раҳбари тими “Субот ва ҳамгароӣ” дар як нишасти хабарӣ, ки дақоиқе пеш дар Кобул баргузор шуд, гуфт: “Мо ҳукумати фарогирро ташкил медиҳем ва тақаллубкорон рӯсиёҳи таърих ҳастанд.”

Абдуллоҳ дар ин ҳамоиш худро пирӯз эълом кард ва афзуд: “Натоиҷи имрӯз кудето алайҳи демукросӣ буда ва ман онро намепазирам.”

Вай бо баёни ин ки натоиҷи интихобот дуздӣ, кудето алайҳи мардумсолорӣ ва хиёнат ба раъйи мардум буд, идома дод: “Тими “Субот ва ҳамгароӣ” барандаи интихобот бар асоси орои пок аст ва мо пирӯзии худро эълом мекунем.”

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ҷамъи ҳаводорони худ таъкид кард, ки бар асоси орои биометрик пирӯзи интихобот аст ва ҳукумати фарогирро ташкил хоҳад дод.

Вай ҳамчунин гуфт, ки тими “Субот ва ҳамгароӣ” ба унвони як тими масъулиятпазир тамоми кӯшишҳои худро анҷом дод, то раванди интихобот мутобиқи қонун, бо шаффофият ва адолат ба пеш биравад.

Абдуллоҳ хотирнишон кард: “Касоне, ки дар кумисиюнҳои интихоботӣ дар изои пул, татмеъ шуданд, дар ин раванд хиёнат карданд ва воқеан хиёнати миллиро анҷом додаанд ва мардуми Афғонистон онҳоро фаромӯш нахоҳанд кард.”

Риёсати Иҷроияи Афғонистон тасреҳ кард: “Аз ҳамаи касоне, ки ба мардумсолорӣ, ба ояндаи солими кишвар ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва таъйини сарнавишт аз тариқи раъй бовар доранд, мехоҳам, ки дар баробари натиҷаи тақаллубӣ биистанд ва онро напазиранд.”

Ин дар ҳолест, ки имрӯз сешанбе (18 феврал) Кумисиюни мустақилли интихоботи Афғонистон Ашраф Ғаниро пирӯзи чаҳорумин давр аз интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар эълом кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.