Сиёсат

Абдуллоҳ натиҷаи интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистонро напазируфт

Тими “Субот ва ҳамгароӣ” ба раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ эълом кард, натиҷаи ниҳоии чаҳорумин давраи интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишварро, ки Ашраф Ғанӣ барандаи он аст намепазирд ва дар муқобили он меистад.

Фазл Аҳмад Маънавӣ, узви аршади тими Абдуллоҳ, лаҳазоте пеш аз эъломи натиҷаи ниҳоии интихобот гуфт, ки ҳар гуна натиҷаи эъломшуда аз тарафи кумисиюн машрӯият надорад.

Вай таъкид кард, ки дар муқобили ин натиҷа меистем, “ҳар чи бодо бод”. Вай афзуд: “Чизеро, ки намехостем, ба анҷоми он ногузир шудем.”

Маънавӣ ҳарчанд эълом накардааст, ки тими ”Субот” чӣ иқдомоте дар муқобили он анҷом медиҳад, аммо дар чанд рӯзи гузашта раҳбарони ин тим аз ҷумла женерол Абдуррашид Дӯстум, раҳбари ҳизби Ҷунбиши Миллии Исломии Афғонистон ва Муҳаммадкарим Халилӣ, раҳбари ҳизби Ваҳдат ва Салоҳуддин Раббонӣ, раҳбари ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон гуфта буданд, ки дар сурати эъломи натиҷаи тақаллубии интихобот, давлати мувозӣ (давлат дар баробари давлат) эҷод хоҳанд кард.

Интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон лаҳазоте пеш тавассути Кумисиюни интихобот эълом ва бар асоси он Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо касби 50.44 дарсад, барандаи интихобот шуд ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо ба даст овардани 39.52 дарсад, дар радаи дуввум қарор гирифт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.