Дидгоҳ

Ақл муқаддам аст бар нақл

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Агар ақлоният аз як ҷомеа рахт барбандад, ошуфтагӣ ва хушунат нахустин чизест, ки гиребони он ҷомеаро мегирад. Ақлоният яъне хирадварзӣ. Яъне бар мабнои ақлу хирад гом бардоштан, ба кӯмаки ақл пазируфтани чизе ва ба кӯмаки он радд кардани чизе.

Вақте дар ҷомеае миёни ҳукком, давлатмардон ва сиёсатмадоронаш ақлоният ҳоким набошад, гомҳое, ки бармедоранд ва тасмимҳое, ки мегиранд, ҳама ва ҳама бар асоси эҳсосоту авотиф ва тамоюлоти шахсӣ сурат мегирад.

Ҷомеае, ки дар миёни диндоронаш ақлоният ҳоким набошад ва бовару имони эшон аз пуштвонаи ақлӣ бархӯрдор набошад, дин назди онҳо чизест шабеҳи як суннат ва як фарҳанги барҷоймонда аз обову аҷдод, на як ҷаҳонбинӣ ва як идеулужӣ.

Ва замоне ки имону бовари инсон ба Худо ва ба дин, пуштвонаи ақлӣ надошта бошад, барои ӯ навъе «яқини козиб» ба додаҳои динӣ, ки аз он пайравӣ мекунад, ҳосил мешавад; ғофил аз он ки он «яқини козиб» ҷуз “ҷаҳли мураккаб” нест. Ҷаҳли мураккаб яъне нисбат ба чизе огоҳ нестӣ, вале гумон мекунӣ, ки огоҳӣ.

Ин ҷост, ки таъассуб мутаваллид мешавад. Самараи таъассуб ҳам ин аст, ки аз он диндор як тундрав ва ифротӣ ба бор меоварад.

Бале, мусалмон бояд пойбанд ба анҷоми дастуроти динӣ бошад ва нисбат ба чизҳое, ки муқаддасашон мешуморад ғайрат, вале ба шарте, ки барои имонаш ба Худо ва дин, далели ақлӣ дошта бошад, далели сирф ақлӣ. Ва далели ақлӣ ҳам, муқаддам бар далели нақлӣ аст. Далели нақлӣ яъне оятҳои Қуръон ва фармудаҳои Паёмбари Акрам (с).

Зеро пурвозеҳ аст, ки ҳаққонияти як манбаъи динӣ, аввал бояд ба далели ақлӣ собит бишавад; чаро ки касе ки масалан ба ҳаққонияти Қуръон имон дорад, агар аз ӯ далел бихоҳӣ, мантиқӣ нест бигӯяд, ман Қуръонро китоби Худо медонам барои он, ки Худо дар Қуръон фармуда, ки китоби ҳақ аст! Ин ғайримантиқӣ аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.