Дидгоҳ

Вақте ҳазрати Мӯсо (а) “терурист” хонда мешавад

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке аз оятҳои қобили таваҷҷӯҳи Қуръони Карим, ояти 26 сураи Ғофир аст. Ояте, ки дар бораи сиёсати Фиръавн дар баробари ҳазрати Мӯсо (а) мегӯяд; Мӯсое, ки алайҳи Фиръавн қиём карда буд. Ин оят дар бораи равише сухан мегӯяд, ки Фиръавн – ва ҳамчунин фиръавнмаслакони таърих – дар сокит кардан ва аз сари роҳи худ бардоштани Мӯсо (а) ва Мӯсоҳо ба кор мебанданд.

Равиши Фиръавн дар саркӯби ҳазрати Мӯсо (а) ин нест, ки бигӯяд, Мӯсо ба ҳақ аст ва ман ботил! Намегӯяд, ман воқеан ситамгар ҳастам. Балки мегӯяд, ман ба ҳаққам ва Мӯсо (а) ноҳақ.

Фиръавн дар тавҷеҳи рафтори золимонааш дар баробари Мӯсо (а), мегӯяд, Мӯсо омада, то дар замин фасод ва табоҳӣ кунад, Мӯсо фасодкор аст ва ман мехоҳам ҷилави ӯро бигирам. Мегӯяд, Мӯсо терурист ва экстримист аст. Ва асосан, Фиръавн мегӯяд, эй мардум! Ман ҳомӣ ва ҳофизи дини шумоям, аммо Мӯсо омада то дини шуморо хароб кунад. Равиши кулли худкомаҳои таърих ҷуз ин нест.

Ба ин оят таваҷҷӯҳ кунед:

وَقَالَ فِرْعَوْنُ ذَرُونِي أَقْتُلْ مُوسَى وَلْيَدْعُ رَبَّهُ إِنِّي أَخَافُ أَن يُبَدِّلَ دِينَكُمْ أَوْ أَن يُظْهِرَ فِي الْأَرْضِ الْفَسَادَ

Ва Фиръавн гуфт: маро бигузоред, то Мӯсоро бикушам ва ӯ Худои хешро бихонад (то ба фарёдаш расад). (Ҳоло чаро мехоҳам ӯро бикушам ва аз сари роҳам бардорам? Мегӯяд:) Ман метарсам, ки Мӯсо дини шуморо дигаргун кунад ё дар ин сарзамин фасод ва табоҳӣ падид оварад.” (Сураи Ғофир, ояти 26)

Таваҷҷӯҳ доред, ки Фиръавн далели иқдоми худ барои куштани Мӯсоро ин намедонад, ки Мӯсо барои ислоҳи ҷомеа ва ислоҳи худи Фиръавн бапо хоста, балки мегӯяд: ман метарсам, ки Мӯсо дар ин сарзамин фасод ва табоҳӣ падид оварад. Яъне ҳазрати Мӯсо (а) аз назари Фиръавн ва фиръавниён, як “фасодкор” ва “табаҳкор” аст, яъне “экстримист”.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.