Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (400)

Бақияи қиссаи Зайд дар ҷавоби Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам (3)

* * *

Ваҳм он гоҳ аст, к-он пӯшида аст,

Ин таҳаррӣ аз пайи нодида аст.

Хаёлу ваҳм вақте пеш меояд, ки чизи мавриди назар пӯшида бошад. Ин ҷустуҷӯ ва таҳаррӣ барои амрест, ки нодида бошад.

Нукта: Барои мисол, шахс дар ҳавои маҳолуд ва ё шаби тор, мумкин аст қибларо гум кунад ва аз ин рӯ ба саъю талош меафтад, то ба наҳве қибларо пайдо кунад. Вале ҳамин ки қибла пайдо шуд, дигар аз ҷустуҷӯ мемонад ва ниёзе бад-он эҳсос намекунад. Ҳамин тавр, вақте қиблагоҳи ҳақиқат макшуф шавад, дигар пардаҳои пиндору хаёл фурӯ меафтад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1035)

Шуд хаёли ғоиб андар сина зафт,

Чунки ҳозир шуд, хаёли ӯ бирафт.

Он чи дида намешавад ва аз назар ғоиб аст, хаёлу андешааш дар қалб бузург мешавад, вале он чизи ғоиб вақте ҳозир шуд, хаёлоту гумонҳои ба он аз миён меравад.

Гар самои нур беборида нест,

Ҳам замини тор беболида нест.

Муносибати ин байт бо байти боло, ки фармуд: ваҳму гумон вақте даст медиҳад, ки мақсуду матлуб пӯшида бошад, ин аст, ки ғайб муқтазии ғалаба ва қуввати хаёл аст ва ҳузури мақсуд албатта мусталзими заволи хаёл аст, чунон ки Сулаймон (а), ки ғоиб буд, хаёлаш дар синаи он соҳиби хаёл ба шиддат қувват гирифт, ва чун ҳазрати Сулаймон (а) ҳозир шуд, хаёли он соҳиби хаёл низ бартараф шуд ва ҳақиқат зуҳур кард; зеро ғоиб будани мақсуд мусталзими вуҷуди хаёл, ва ҳузури мақсуд боиси дафъи хаёл мешавад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1035-1036)

Аммо маънои байт: агар осмони нуронӣ бе борон набошад, замини тира бе гиёҳу набот нест, албатта осмони нуронӣ боронро ва замини зулмонӣ нашъунаморо иқтизо мекунад. Пас, ин байт мисолест дар бораи ин ки ғоиб будани мақсуд мӯҷиби хаёл, ва ҳузури мақсуд дофеъи хаёл мешавад. (Шарҳи кабири Онқуравӣ, ҷ.3, с.133)

“Юъминун билғайб” мебояд маро,

З-он бибастам равзани фонисаро.

Мисроъи аввали ин байт ишора дорад ба ояти 3 сураи Бақара:

الَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِالْغَيْبِ وَيُقِيمُونَ الصَّلاةَ وَمِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنْفِقُونَ

Онон касоне ҳастанд, ки ба ғайб имон меоваранд ва намозро барпо медоранд ва аз он чи бад-онҳо рӯзи додаем, инфиқ мекунанд.

Маънои байт: равзанаи ин дунёи фониро ба сӯйи охират барои он бастам, ки аҳволи воқеъ дар охиратро ғоибона тасдиқ кунанд.

Нукта: Мо бояд бидонем, ки тамос бо ғайб дар ҳамин ҷаҳони баста боарзиштар аст аз тамос бо ғайбе, ки парда аз рӯяш бардошта шавад. (Тафсир ва нақд ва таҳлили Маснавӣ, ҷ.2, с.687)

Гар гушоям равзанаш чун рӯзи сур,

Чун бигӯям: “Ҳал таро фиҳо футур?”

Мавлоно аз қавли ҳазрати Ҳақ гӯяд: агар ҳамонанди рӯзи растохез ҳамаи ҳақоиқро ошкор созам, дигар мавриде надорад бигӯям: осмонро бингар, оё дар он нуқсоне меёбӣ?

Нукта: Дар мисроъи дуввум ишора аст ба ояти 3 сураи Мулк:

فَارْجِعِ الْبَصَرَ هَلْ تَرَى مِنْ فُطُورٍ

Чашм дар осмонҳо бигардон, оё дар онҳо нуқсоне меёбӣ?

Хулосаи мақсуди ин байт чунин аст: имон овардан ба аҳволи охират ва ҷаҳони маъно то вақте арзиш дорад, ки пардаҳо ва ҳиҷобҳо аз рӯйи он ҳақоиқ канор нарафта бошад, вагарна пас аз кашфи асрор ва бармало шудани ҳақоиқ, ба он гаравидан чандон фоидае надорад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1036)

То дар ин зулмат таҳарриҳо кунанд,

Ҳар касе рӯ ҷонибе меоваранд.

То мардум дар ин ҷаҳони торик ҷустуҷӯ кунанд ва рӯ ба самте биёваранд, ки қалбан бад-он бовар доранд.

Муддате маъкус бошад корҳо,

Шиҳнаро дузд оварад бар дорҳо.

То ки бас султону олиҳиммате

Бандаи бандай худ ояд муддате.

Муддате низ корҳо маъкус мешавад. Масалан, дузд доруғаро ба пойи дор меоварад. Ҳатто замоне мерасад, ки подшоҳон ва мардони бузург бандаи бандаи хеш мешаванд.

Шиҳна: доруға, пулис.

Нукта: Онқуравӣ ду байти ахирро ин гуна тафсир карда, ки меъёрҳои дунёву охират бо ҳам фарқ дорад. Масалан, фарде мумкин аст дар ин дунё ҷузъи солеҳон шумурда шавад, вале дар ҷаҳони охират дар зумраи шақиҳо ҷой гирад. Метавон тафсири дигаре ҳам кард, ва он ин ки: Мавлоно ҳамин дунёро мегӯяд. Дар ин ҷаҳон, ки шуҳуди ҳақиқат барои ҳар кас муяссар нест, аз тариқи осору нишонаҳо ба ҷустуҷӯи ҳақиқат мешавад. Аз ин рӯ чи басо одамӣ дар далолати далел бар мадлул дучори хато шавад ва корҳо ҷумлагӣ воруна ояд. Масалан, табаҳкорон сардор шаванд ва орифони солеҳ сари дор шаванд, чунон ки дар дафтари дуввум фармояд:

Чунки ҳукм андар кафи риндон бувад,

Лоҷарам Зуннун дар зиндон бувад…

Чун қалам дар дасти ғаддоре бувад,

Бегумон Мансур бар доре бувад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.