Сиёсат

Ашраф Ғанӣ; раисиҷумҳуре бо 923 ҳазор раъй дар Афғонистони 35 милюнӣ

Вақте ки аз ҷамъияти 35 милюнии Афғонистон танҳо як милюну 800 ҳазор нафар дар интихобот ширкат мекунанд ва орои Ашраф Ғанӣ танҳо 923 ҳазор аст, дар ин сурат, Ғанӣ чӣ гуна метавонад на аз ҷониби тамоми афғонистониҳо, ки ҳатто аз сӯйи ҳамаи паштунҳо сухан бигӯяд?

Ба гузориши пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Asriran, эъломи натоиҷи ниҳоии интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон, танҳо аз ин назар ҷолиб нест, ки саранҷом мушаххас шуд дар рақобати Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ кадом як пирӯз шудааст ё монанди давраи қабл шумориш ба тӯл анҷомид (ин бор 4 моҳ) ва достони иддаои рақиб доир бар тақаллуб такрор шуда ё дуктур Абдуллоҳ гуфтааст, ки “натиҷаро намепазирад ва номашрӯъ медонад”.

Балки достони интихоботи Афғонистон аз ин манзар ҳам ҷолиб аст, ки ҳарчанд саршумории дақиқу комили ҷамъият сурат напазируфта (ба далели кӯҳистонӣ будани бисёре аз манотиқ ва солҳо ҷангу ишғол), аммо ҷамъияти Афғонистон то 35 милюн нафар ҳам зикр шудааст.

Табиист, ки ҳамаи ҷамъияти Афғонистон дорандаи шароити раъй додан нестанд, вале агар 10 милюн нафарро низ фоқиди шароит бидонем, интихоби як раисиҷумҳур бо 923 ҳазор раъй аз ҷомеаи 25 милюнӣ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ бисёр фосила дорад.

Адади дақиқ, 923 ҳазору 592 раъй аст ва ин адад гӯётар аз 50.64 дарсад аст. Чун бо 50 дарсад ин тасаввур шакл мегирад, ки ингор нисфи ҷамъияти Афғонистон ба ӯ, ва нисфи дигар ба рақиб ё рақибони ӯ раъй додаанд.

Аз ин рӯ холӣ аз лутф нест, ки ёдовар шавем се номзади аслӣ — бино бар эъломи Кумисиюни интихобот, тоза агар тақаллубе дар кор набошад —  ба ин тартиб раъй касб кардаанд:

1) Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, 923 ҳазору 592 раъй;

2) Абдуллоҳ Абдуллоҳ, 720 ҳазору 841 раъй;

3) Гулбиддин Ҳикматёр, 70 ҳазору 245 раъй;

Маҷмӯи раъйҳо бо дар назар гирифтани раъйҳои 10 номзади дигар ҳам камтар аз як милюну 900 ҳазор нафар аст.

Бар ин асос, ин пурсиш шакл мегирад, ки оё метавон ин меконизмро демукротик донист?

Ва низ гуфта мешавад, ин мизон аз раъй нишон медиҳад бештари манотиқи Афғонистон дар контроли Толибон аст ва иллати мушорикати андак ҳамин аст.

Вақте ки аз ҷамъияти 35 милюнии Афғонистон танҳо як милюну 800 ҳазор нафар дар интихобот ширкат мекунанд ва орои Ашраф Ғанӣ танҳо 923 ҳазор аст, дар ин сурат, Ғанӣ чӣ гуна метавонад на аз ҷониби тамоми афғонистониҳо, ки ҳатто аз сӯйи ҳамаи паштунҳо сухан бигӯяд?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.