Ахлоқи писандида

Ду ҳадис аз ҳазрати Паёмбар (с)

1) Чанд вижагии мусалмон

Ҳазрати Паёмбар (с) мефармоянд:

مَنْ نَفَّسَ عَنْ مُؤمِنٍ كُرْبةً مِنْ كُرَبِ الدُّنيا ، نَفَّسَ اللهُ عَنْهُ كُرْبَةً مِنْ كُرَبِ يَومِ القِيامَةِ ، ومَنْ يَسَّرَ على مُعسِرٍ ، يَسَّرَ الله عَليهِ في الدُّنيا والآخرَةِ ، ومَنْ سَتَرَ مُسلِماً ، سَتَرَهُ اللهُ في الدُّنيا والآخِرة ، واللهُ فِي عَوْنِ العَبْد ما كَانَ العَبْدُ في عَوْنِ أخيهِ ، ومَنْ سَلَكَ طَريقاً يَلتَمِسُ فِيه عِلماً ، سَهَّلَ الله لَهُ بِهِ طَريقاً إلى الجَنَّةِ ، وما جَلَسَ قَومٌ في بَيْتٍ مِنْ بُيوتِ الله ، يَتْلُونَ كِتابَ الله ، ويَتَدارَسُونَه بَينَهُم ، إلاَّ نَزَلَتْ عليهِمُ السَّكينَةُ ، وغَشِيتْهُمُ الرَّحمَةُ ، وحَفَّتْهُم المَلائكَةُ ، وذَكَرَهُم الله فِيمَنْ عِنْدَهُ

Ҳар ки мӯъминеро аз як нороҳатии дунё берун оварад (ва бад-ин васила ӯро хушҳол кунад), Худованд ӯро аз як нороҳатии рӯзи қиёмат хориҷ созад.

Ҳар ки бар тангдасте осон кунад, Худованд дар дунё ва охират бар ӯ осон намояд.

Ҳар ки (айби) мусалмонеро бипӯшонад, Худованд (айбҳои) ӯро дар дунё ва охират пӯшонад.

Худованд дар кӯмаки банда аст модоме ки банда дар кӯмаки бародари худ бошад.

Ҳар ки дар роҳи ҷустуҷӯи илму дониш бошад, Худованд ба василаи он дониш барои ӯ роҳ ба сӯйи биҳиштро ҳамвор созад.

Ҳеч қавм ва гурӯҳе дар хонае аз хонаҳои Худо (масоҷид) нанишастанд дар ҳоле ки китоби Худоро тиловат мекунанд ва онро бо ҳам меомӯзанд ва мехонанд, магар ин ки бар эшон оромиш нозил гардад, раҳмати илоҳӣ эшонро фаро бигирад ва Худованд онҳоро дар зумраи касоне ёд кунад, ки пеши ӯ ҳастанд…”

(Ривояти Муслим аз Абӯҳурайра)

* * *

2) Фақеҳон амини паёмбаронанд то модоме ки…

Паёмбари ислом (с) фармудаанд:

الفقهاء أمناء الرسل ما لم يدخلوا في الدنيا. قيل يا رسول الله! و ما دخولهم في الدنيا ؟ قال: اتباع السلطان، فإذا فعلوا ذلك، فاحذروهم على أديانكم

Фақеҳон то ҳангоме ки вориди дунё нашудаанд, амини пайғамбаронанд. Арз шуд: эй Расули Худо! Маънои вурудашон дар дунё чист? Фармуд: пайравӣ аз ҳоким. Пас, чун чунин кунанд, нисбат ба динатон аз эшон барҳазар бошед.”

(Ал-ҷомеъус-сағир)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.