Барномаи зиндагӣ

Ин аст мӯъҷиза будани Қуръони Карим!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Агар мо Қуръони Каримро мӯъҷизаи илоҳӣ медонем, бештар ба ин ҷиҳат аст, ки ин китоб дар як муддати бисёр андак тавонист инсонҳои бадавӣ ва ваҳширо мутаҳаввил кунад. Ва на танҳо арабҳоро, балки тамоми милалу ақвомеро, ки дар он даврон ба ислом даромаданд.

Зеро дар он замон, ҷоҳилият танҳо махсуси арабҳо набуд, балки башар – аз ғарбаш бигир то шарқаш ва аз шимолаш бигир то ҷанубаш – ғарқи дар ҷоҳилият буданд дар ҳамаи ҷиҳот; аз маърифати Худо ва диндорӣ бигир то ситаму зулме, ки дар ҳамаҷо густарда буд ва табъиз бедод мекард…

Ин аст мӯъҷиза, на ин ки Қуръони Карим масалан аз рӯйи матлаби ба истилоҳ илмӣ (таҷрибӣ) парда бардошта ва ё гуфта бошад, ки замин атрофи хуршед давр мезанад ё баръакс. Ин чизҳо агар тавони эҷоди таҳаввул дар инсонҳоро медошт, қабл аз Қуръони Карим фалосифа ва ҳукамо тавониста буданд ин корро бикунанд.

Асосан, фарқи омӯзаҳои қуръонӣ бо матолиби сирф илмӣ ва ё фалсафӣ дар ҳамин аст, ки онҳо аз эҷоди таҳаввули решаӣ дар инсон ва ҷомеа оҷиз ва нотавонанд, вале Қуръони Карим (ва куллан, китобҳои осмонӣ) қодиранд ИНСОН бисозанд, қодиранд ҶОМЕА бисозанд, қодиранд ба инсон ҲАДАФ бидиҳанд, қодиранд ба инсон УМЕД бидиҳанд…

Ҳар як аз мову шумо ҳамин алъон – ва пас аз гузашти 1400 сол аз умри Қуръон – низ метавонад инро дар худ таҷриба кунад. Шумо субҳ, ки баланд мешавед ва пас аз намоз миқдоре аз Қуръони Каримро бо тадаббур мехонед, ошкоро дар худ ин таҳаввулро эҳсос мекунед, ба гунае ки ҳоли худро баъди қироати ин китоби осмонӣ ғайр аз ҳолати худ қабли он меёбед. Ин албатта бо гуфтан қобили дарк нест, бояд таҷриба кард.

Ва ба ҳадде Қуръони Карим дар инсон таъсиргузор аст, ки ҳатто агар шумо арабӣ ҳам надонед ва Қуръон хонед, ин тағйиру таҳаввул дар худро эҳсос мекунед.

Ин аст мӯъҷиза будани Қуръони Карим.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.