Сиёсат

Дар васати ҷанҷоли Ғанӣ ва Абдуллоҳ, Толибон пирӯзи арсаи сиёсии Афғонистон

Дар ҳоле, ки Омрико ва Толибон ба имзои як тавофуқи сулҳ наздик шудаанд, натоиҷи интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон бори дигар шикофи сиёсӣ миёни сиёсатмадорони Кобулро амиқтар карда ва музокироти сулҳ миёни Толибон ва давлати Афғонистонро дар ҳолае аз ибҳом қарор додааст.

Пас аз ҳудуди панҷ моҳи таъхир ва муноқиша, билохира рӯзи сешанбе натоиҷи интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон эълом шуд ва Ашраф Ғанӣ бори дигар унвони раисиҷумҳурро аз они худ кард. Аммо соате баъд, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, рақиби Ғанӣ, худро пирӯзи интихобот қаламдод кард ва гуфт, ба зудӣ давлаташро ташкил хоҳад дод.

Дар 28 сентябри гузашта, чаҳорумин интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон баъд аз суқути Толибон дар соли 2001 бо ҳузури андак шаҳрвандон баргузор шуд. Аммо монанди панҷ соли пеш, иддаоҳое дар бораи тақаллубу тахаллуф дар интихобот матраҳ шуд. Панҷ моҳ тӯл кашид, то ин иддаоҳо баррасӣ шавад ва саранҷом Кумисиюни мустақилли интихоботи Афғонистон рӯзи сешанбе эълом кард, ки Ғанӣ бо касби 50.60 дарсади оро пирӯз шуд ва Абдуллоҳ бо касби 39.52 дарсади оро мақоми дуввумро аз они худ кард. Аммо Абдуллоҳ, ки Кумисиюни интихоботро ба тарафдорӣ аз Ғанӣ муттаҳам мекунад, ин натиҷаро қабул накард ва худро пирӯзи интихобот эълом кард ва ҳатто аз азми худ барои ташкили давлат хабар дод.

Абдуллоҳ дар як нишасти хабарӣ гуфт: “Натиҷае, ки Кумисиюни мустақилли интихобот эълом кард, сирқат ва кудето алайҳи демукросӣ ва хиёнат ба иродаи миллат аст ва мо онро ғайриқонунӣ медонем.”

Дар ибтидо қарор буд натоиҷи интихобот 19 октябр эълом шавад. Аммо чанд бор ба таъхир афтод. Мақомоти Кумисиюни интихобот дар ин муддат масоили фаннӣ, иддаоҳои тақаллуб ва эътирозоти номзадҳоро баррасӣ карданд. Натоиҷи аввалия дар декабр эълом шуд, ки дар он, Ғанӣ бо фосилаи кам пирӯз шуда буд. Аммо Абдуллоҳ инро рад кард ва хостори баррасии ҷомеъи натоиҷ шуд. Баррасӣ анҷом шуд ва ин бор Ғанӣ бо фосилаи қобили таваҷҷӯҳ пирӯз шуд. Абдуллоҳ гуфта Кумисиюни интихобот ороро дасткорӣ ва 300 ҳазор раъйро ҳазф кард.

Тарафдорони Абдуллоҳ таҳдид кардаанд, ки агар шикоятҳои онҳо дар назар гирифта нашавад, як давлати мувозӣ (давлат дар баробари давлат) ташкил хоҳанд дод. Абдуррашид Дӯстум, аз ҳомиёни нерӯманди Абдуллоҳ, дар як таҷаммӯъ гуфт: “Ҳатто агар чоқуе рӯи гулӯям бигузоранд ва ҳатто агар манро (бо таноб) эъдом кунанд, эъломияи тақаллубиро нахоҳам пазируфт.”

Аз сӯи дигар, атрофиёни Ғанӣ ин гуна мавозеъро коршиканӣ медонанд, ки ҳадаф аз он, касби саҳми бештаре аз кеки қудрат аст.

Муноқишоти феълии Ғанӣ ва Абдуллоҳ ёдовари ихтилофоти сиёсии панҷ соли пеши онҳост. Дар он замон низ ин ду сиёсатмадор бар сари натоиҷи интихобот дучори ихтилоф шуданд ва якдигарро ба тақаллуб муттаҳам карданд. Дар соли 2014, дар даври аввали интихобот, Абдуллоҳ пештоз буд, аммо дар даври дуввум, Ғанӣ пирӯз шуд. Амре, ки аз сӯи Абдуллоҳ рад шуд. Ихтилофот ҳал нашуд то ин ки Ҷон Кери, вазири умури хориҷаи вақти Омрико висотат кард ва ду тарафро ба тақсими қудрат тарғиб кард. Тибқи ин тавофуқ, Ғанӣ раисиҷумҳур шуд ва Абдуллоҳ риёсати иҷроии давлатро ба ӯҳда гирифт.

Ихтилофоти такрории Ғанӣ ва Абдуллоҳ бисёре аз афғонистониҳоро аз низоми сиёсии кишварашон дилсарду ноумед кард. Ба наҳве, ки дар интихоботи ахир, мизони мушорикати мардум ба наҳви қобили таваҷҷӯҳе кам буд.

Толибон ва Омрико ба як тавофуқи аввалӣ расиданд, ки агар иҷро шавад, ба хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз Афғонистон мунҷар хоҳад шуд.

Музокироти сулҳ ва шикоф дар Кобул

Ихтилофоти сиёсӣ дар Кобул, дар шароите шӯълавар шуд, ки Омрико ва Толибон ба марҳилаи муҳимме дар музокироти сулҳ расидаанд. Ин музокирот ба як тавофуқи аввалӣ барои коҳиши хушунатҳо расида, ки агар иҷро шавад, мумкин аст ба хуруҷи тадриҷии нерӯҳои омрикоӣ аз Афғонистон мунтаҳӣ шавад. Бар асоси ин тавофуқ, ибтидо як давраи озмоишии коҳиши хушунатҳо ба муддати як ҳафта шурӯъ мешавад. Сипас агар дар ин муддат тавофуқ иҷро шуд, зарфи 10 рӯз, ду тараф тавофуқи сулҳро имзо мекунанд ва баъд аз ин тавофуқ, Толибон ва давлати Афғонистон бо ҳам дар бораи ояндаи сиёсии Афғонистон гуфтугӯ мекунанд.

Аммо ҳоло бо амиқ шудани шикофи сиёсӣ дар Кобул, чашмандози музокироти байниафғонӣ тира шудааст. Ба навиштаи рӯзномаи New York Times, диплумотҳои ғарбӣ аз муддатҳо қабл нигарон будаанд, ки вуқӯи як бӯҳрони сиёсӣ дар Кобул, мавзеъи давлати Афғонистонро дар музокироти сулҳ тазъиф мекунад.

Албатта Ғанӣ ваъдаи пайгирии гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибонро дод. Вай дар аввалин суханронии баъд аз пирӯзӣ таъкид кард, ки барои сулҳ талош хоҳад кард ва давлати ояндааш, аз тариқи ба натиҷа расондани талошҳои сулҳ бо Толибон, барои Афғонистон амният ба армуғон хоҳад овард. Ғанӣ аз Толибон хост, ки монанди Гулбиддин Ҳикматёр бо давлат оштӣ кунанд ва дар сиёсат нақшофаринӣ кунанд.

Аз сӯи дигар, Толибон баргузории интихобот таҳти “ишғолгарӣ” ва ҳамчунин пирӯзии Ғаниро рад кард. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, дар баёнияе гуфт: “Миллати Афғонистони баъд аз поёни ишғолгарӣ сарнавишти худро мушаххас хоҳад кард ва барои таъсиси як давлати исломӣ кор хоҳад кард. Эъломи пирӯзии Ғанӣ фоидае надорад ва мушкили Афғонистонро ҳал намекунад.”

Муҷоҳид бо баёни ин ки “муқовимати Толибон то поёни ишғолгарӣ ва таъсиси як низоми озод ва исломӣ идома хоҳад дошт”, афзуд: “Бо таваҷҷӯҳ ба замони ҳассоси кунунӣ, эъломи пирӯзии Ғанӣ, бо раванди феълии мусолиҳа созгорӣ надорад.”

Дар чунин шароите, ки Толибон пирӯзии Ғаниро ғайриқонунӣ медонад, бояд дид, ки чӣ гуна омрикоиҳо метавонанд тибқи тавофуқи аввалӣ бо Толибон, ин гурӯҳро ба музокира бо давлати Ғанӣ тарғиб кунанд. Бар асоси тавофуқи сулҳи Омрико ва Толибон, моҳи оянда бояд Толибон ва давлати Кобул музокироти сулҳро оғоз кунанд. Оё Толибон бо касе, ки ҳатто дар Кобул ҳам дар бораи риёсати ҷумҳуриаш иттифоқ вуҷуд надорад, музокира хоҳанд кард? Агар чунин кунанд, оё ба ӯ имтиёзоти муҳимме хоҳанд дод?

Манобеъи Толибон мегӯянд, тавофуқи сулҳи Омрико ва Толибон дар 29 феврал имзо мешавад ва гуфтугӯҳои байниафғонӣ дар 10 март шурӯъ хоҳад шуд. Давлати Кобул дар ҳоле вориди ин гуфтугӯҳо мешавад, ки на танҳо ҳеч гуна ваҳдате дар он мушоҳида намешавад, балки мардуми Афғонистон низ аз низоъҳои дарунии он хаста шудаанд. Аз ин рӯ, дар имтиёзгирӣ аз Толибон кор сахт хоҳад дошт. Ин дар ҳолест, ки Толибон тавонистаанд худро ба унвони як бозигари муассир дар саҳнаи сиёсӣ ва майдонии Афғонистон ба Омрико биқабулонанд. Музокироти онҳо бо Омрико ва сипас бо давлати Афғонистон, ба онҳо машрӯияти сиёсӣ медиҳад, ки ҳеч гоҳ надоштаанд. Қарор аст қабл аз шурӯъи музокирот, 5 ҳазор зиндонии Толибон озод шаванд.

Fararu

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.