Ахлоқи зишт

Ду ҳикмат ва ду дарс

Тӯҳмат

Фарде аз дӯсташ бобати тӯҳмате, ки ба ӯ зада буд, ҳалолият талабид.

Дӯсташ гуфт: ба як шарт қабул мекунам, ки як болиши парро канори ҷодда рӯи даст бигирӣ ва ҳангоме, ки бод мевазад, онро бо ханҷар пора кунӣ ва дар маърази бод биистӣ, то бод тамоми парҳоро бибарад.

Он шахс омад ва гуфт: ин корро анҷом додам.

Дӯсташ гуфт: ҳоло бирав ва парҳоро ҷамъ кун.

Вай рафт ва баъд аз муддате омад ва гуфт: ҳарчи гаштам ва аз дигарон ҳам кӯмак гирифтам, ҳатто ниме аз парҳоро ҳам наёфтам.

Дӯсташ гуфт: тӯҳмат низ монанди ин парҳо пахш мешавад ва қобили ҷуброн нест.

* * *

Носазо

Ҳакимеро носазо гуфтанд. Ӯ ҳеч ҷавобе надод. Ҳакимро гуфтанд: эй ҳаким! Аз чӣ рӯй ҷавобе надодӣ? Ҳаким гуфт:

“Аз он рӯй, ки дар ҷанге дохил намешавам, ки барандаи он, бадтар аз бозандаи он аст”.

* * *

Дар Қуръони Карим аст, ки:

وَإِذَا خَاطَبَهُمُ الْجَاهِلُونَ قَالُوا سَلَامًا

Бандагони шоистаи Худованд касоне ҳастанд, ки чун нодонон бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд (ва суханони нобихрадона мегӯянд,) ба онҳо салом мегӯянд (ва бо беэътиноӣ ва бузургворӣ мегузаранд.)” (Сураи Фурқон, ояти 63)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.