Забон ва адабиёт

Посухе ба касоне, ки иддаоҳое дар бораи забони форсӣ баён мекунанд

Забони форсӣ дар ҳавзаи тамаддунии Эрони бузург густараи васеъ ва ҷуғрофиёи қобили таваҷҷӯҳеро зери сояи худ қарор додааст, ки дар бархе аз давраҳо аз ғарби Эрон то манотиқе аз Чинро дарбар мегирифт. Аммо султа ва сайтараи забони форсӣ маҳдуд ба манотиқе, ки имрӯз аз он бо унвони Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон меномем, набудааст; ҳатто Ироқ ва Баҳрайн низ ба далели пайвастгиҳои таърихӣ ва рафту омадҳои эрониён ба ин кишварҳо, аз гузашта (аз садаҳои чаҳорум ва панҷум то кунун) бебаҳра набудааст.

Ба қалами Мутаҳҳара Аҳмадӣ дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Irdiplomacy

Баъд аз изҳори назари раисиҷумҳури Афғонистон дар хусуси хостгоҳи забони форсӣ, баҳсҳои расонаӣ, ки баъзан фоқиди мабонии коршиносона дар хусуси ин мавзӯъ аст, ҷараён дорад. Дар навиштори ҳозир бо баррасии собиқа ва решаҳои таърихии забони форсӣ дар ҳавзаи ҷуғрофиёии Эрони бузург ва табйини нуқоти мубҳам, талош дорам гоме кучак дар ҷиҳати ин баҳс бардорам.

Форсии дарӣ забонест, ки аз охирҳои давраи соcонӣ то имрӯз, забони фарҳехтагони эронӣ буда ва на танҳо дар Мадоин ва соҳилҳои Арвандрӯд, балки дар дурдасттарин шаҳрҳои Хуросон ва Мовароуннаҳр бад-он сухан мегуфтаанд. Бо вуҷуди далоили зиёде барои исботи ин муддао, аммо иддае аз пажӯҳишгарон ва нависандагони таърихи адабиёт бар онанд, ки форсии дарӣ гӯиш ё лаҳҷае буда маҳдуд ва мунҳасир ба чанд ноҳия дар Хуросон ва Мовароуннаҳр ва ба василаи подшоҳони он вилоёт бавежа Сомониён, дар саросари Эрон густариш ёфта ва пас аз таҳаввулу такомули тадриҷӣ ба забони расмии ақвоми эронӣ дар гуфтору навиштор табдил шудааст. Унвони дарӣ низ ҳокӣ аз нисбати он ба дарборҳои ноҳияҳои шарқии Эрон аст. Дар ҳоле, ки форсии дарӣ забони дарбори соcонӣ ва номи он сирфан аз интисоб ба дарбор ва шаҳри Мадоин аст.

Дар охирҳои давраи подшоҳии соcонӣ, ду шоха аз забони порсӣ дар миёни мардум корбурд дошт, ки ба онҳо ба ихтисор порсӣ (паҳлавӣ) ва дарӣ (порсии дарборӣ) мегуфтанд. Порсӣ ё ҳамон забони паҳлавӣ бештар дар миёни мӯбадон, донишмандон ва мардуми устони Порс корбурд дошт ва дариро мардуми шаҳрҳои Мадоин ва дар дарбори подшоҳони соcонӣ ба кор мебурданд. Бо ин ҳол, тардиде нест, ки камокон забони расмӣ ва иҷроии Соcониён порсии миёна ё ҳамон паҳлавӣ буд. Яъқуби Лайс нахустин касе буд, ки 200 сол пас аз вуруди ислом ба Эрон, забони порсиро ба унвони забони расмии Эрон эълом кард ва пас аз он дигар касе ҳақ надошт дар дарбори ӯ ба забоне ғайр аз порсӣ сухан бигӯяд. Дар забони форсӣ аз ҳар ду унвони “порсӣ” ва “дарӣ” ва гоҳ “порсии дарӣ” барои забони форсии имрӯзӣ истифода мекунанд.

Забони форсӣ дар ҳавзаи тамаддунии Эрони бузург густараи васеъ ва ҷуғрофиёи қобили таваҷҷӯҳеро зери сояи худ қарор додааст, ки дар бархе аз давраҳо аз ғарби Эрон то манотиқе аз Чинро дарбар мегирифт. Аммо султа ва сайтараи забони форсӣ маҳдуд ба манотиқе, ки имрӯз аз он бо унвони Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон меномем, набудааст; ҳатто Ироқ ва Баҳрайн низ ба далели пайвастгиҳои таърихӣ ва рафту омадҳои эрониён ба ин кишварҳо, аз гузашта (аз садаҳои чаҳорум ва панҷум то кунун) бебаҳра набудааст. Собиқаи ҳузури забони форсӣ дар кишварҳои арабӣ ба қарнҳои севвум ва чаҳоруми ҳиҷрӣ мерасад. Замоне, ки Эрон масири рушдро тай мекард ва ба гуфтаи муаррихон, даврони шукуфоӣ ва тилоии тамаддуни исломӣ дар ҳоли шакл гирифтан буд. Аз сӯи дигар, дар Туркияи имрӯзӣ низ метавон радди пойи забони форсиро ҷустуҷӯ кард. Барои санади ҳузури забони форсӣ дар ин минтақа ҳамин бас, ки гӯянд, шоҳ Исмоили Сафавӣ дар ибтидои ҳукумати худ ба ҳамроҳи номае, сурудае ба забони туркӣ ба шоҳи усмонӣ фиристод ва шоҳи усмонӣ дар ҷавоби шоҳи ҷавон, сурудае ба забони форсӣ ирсол кард. Он чи аз ҳузури забони форсӣ дар доираи ҳукумати усмонӣ бар ҷой монда, беш аз 1200 нусхаи хаттӣ ба забони форсӣ аст. Нусхаҳои хаттии форсӣ дар Туркия аз назари теъдод рутбаи дуввумро баъд аз Эрон дорад ва аз назари нафосат низ дастикаме дар ин замина надорад. Ҳамчунин имрӯз дар масоҷиди Пекин, ки дуртарин нуқтаи Чин нисбат ба олами ислом маҳсуб мешавад, катибаҳое бо ашъори форсӣ мебинед. Онҳо ҳатто нияти намозашонро низ ба забони форсӣ баён мекунанд.

Рӯзгоре низ забони расмии мардуми шибҳиқорраи Ҳиндустон форсӣ будааст. Забони форсӣ таърихе куҳан ва қидмате чанд ҳазорсола дорад. Форсӣ аз забонҳои ҳиндуурупоӣ дар шохаи забонҳои эронии ҷануби ғарбӣ аст. Забони форсии нав аз забони форсии миёна ё паҳлавӣ ва он низ аз форсии бостон нашъат гирифтааст. Ҷамъияти форсизабонони дунё ҳудуди 110 милюн нафар тахмин зада шудааст. Ҳудудан дар 33 кишвари дунё форсизабонон ба унвони як ақаллият ва ё аксарияти фарҳангӣ шинохта мешаванд, ки аз назари теъдод, Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Покистон, Ироқ ва Туркия ба тартиб дар радаҳои аввал то ҳафтум қарор мегиранд.

Аз нимаи дуввуми қарни 11-уми мелодӣ китобҳои таърихӣ ба забони порсӣ дар ноҳияҳои ғарбии Эрон низ навишта шуд. Нуфуз ва эътибори забони форсӣ чандон азим буд, ки осори он забон на танҳо дар марокизи сарзаминҳои эронизабон, балки дар нуқоти дур аз он, монанди шимоли Ҳиндустон, Туркистон, Чин ва Осиёи Сағир таълиф мешуд. Забони форсӣ бавежа дар шеър ва таълифоти таърихӣ низ ривоҷи бисёр ёфт.

Ҷадвали 1. Кишварҳои дорои ҷамъияти форсизабон (Википедиё)

Феҳристе аз ҷамъияти кишварҳо бар пояи ҷамъияти форсизабон:

Минтақаи ғарби Осиё:

1- Ҷумҳурии Исломии Эрон, 77, 629, 293;

2- Туркия, 609, 000;

3- Ироқ, 645, 000;

4- Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, 407,000;

5- Арабистони Саудӣ, 223,000;

6- Қатар, 210,000;

7- Режими ишғолгари Қудс, 185,300;

8- Баҳрайн, 185,000;

9- Кувайт, 120,000;

10- Умон, 76,000;

11- Сурия, 59,000;

12- Яман, 40,000;

13- Лубнон, 4,000;

14- Ҷумҳурии Озарбойҷон, 2,200;

15- Гурҷистон, 1,000.

Осиёи Марказӣ:

1- Ӯзбакистон, 9000, 000;

2- Тоҷикистон, 7000,000;

3- Қирғизистон 51,000 (Фикр мекунам, ин омор дақиқ набошад. С.И);

4- Қазоқистон, 35, 000 (Фикр мекунам, ин омор дақиқ набошад. С.И);

5- Туркманистон 20,000;

Ҷануби Осиё:

1- Афғонистон 25,000,000;

2- Покистон 1,000,840;

3- Ҳинд 12,000;

4- Бангладеш 1,000.

Шарқи Осиё:

1- Жопун (Япония), 51,000.

Форсизабонон дар Урупо:

1- Русия, 124,000;

2- Олмон, 100,000;

3- Бритониё, 80,000;

4- Фаронса, 65,000;

5- Суэд (Шветсия), 74,096;

6- Ҳуланд, 30,000;

7- Утриш, 17,000;

8- Нурвеж, 15,000;

9- Юнон, 11,000;

10- Укройн, 4,400;

11- Фанлонд, 4,000;

12- Белжик, 3,700;

13- Испониё, 2,300;

14- Итолиё, 1,100.

Форсизабонон дар қорраи Омрико:

1- Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, 328,100;

2- Конодо, 136,000;

Форсизабонон дар Уқёнусия:

1- Устролиё, 91,000;

2- Нюзиланд, 3,200.

Манбаъ: Пажӯҳишгоҳи мутолеоти фанноварии риёсати ҷумҳурӣ.

Хатту забони форсӣ мероси муштараки сокинони ҳавзаи тамаддунии муштараки Эрон ва кишварҳои ҳамсоя дар бахши бузурге аз қорраи паҳновари Осиёст. Ҳавзаи тамаддунии Эронро метавон шомили Осиёи Марказӣ (Ӯзбакистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон) Афғонистон, Қафқози шимолӣ ва ҷанубӣ (Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон, Доғистон), шарқи Чин (Син‎кёнг), шибҳи‏қорра (Покистон, Ҳинд ва Банглодеш) Осиёи Сағир, Болкон ва Шомоти қадим (Туркия, Буснӣ, Сурия ва Ироқ) донист.

Натиҷагирӣ:

Бар асоси он чи гуфта шуд, хостгоҳи забони форсӣ (дарӣ) маҳдудаи ҷуғрофиёе аст, ки се кишвари форсизабони Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистонро, ки дорои қаробат ва муштаракоти фарҳангӣ дар заминаҳои забон, таърих, фарҳанг ва … ҳастанд дарбар мегирад ва иддаои моликият нисбат ба забони форсӣ аз сӯи ҳар як аз ин се кишвари ҳавза фоқиди ваҷоҳати таърихӣ буда ва бо воқеиёти ҷаҳони имрӯз низ татобуқ нахоҳад дошт.

* * *

Манобеъ:

— Ҷаводӣ, Муҳаммад Ҷаъфар; Ҳаққгӯ, Ҷавод; Азимзода, Ҷаъфар, (соли 2012), Ҳавзаи тамаддунии Эрон;

— Худоёр, Иброҳим; Эронзода, Неъмауллоҳ, (соли 1394), Нишасти тахассусии баррасии заминаҳо, мавонеъ ва роҳкорҳои густариши хатту забони форсӣ дар кишварҳои ҳавзаи тамаддунии муштарак;

— Раҷабӣ, Муҳаммад, (1392), Нақши забони форсӣ дар густариши тамаддуни исломӣ;

— Тадайюн, Маҳдӣ, Манбаъи пажӯҳишҳои забону адаби форсӣ;

— Маҳдиён, Маҳбуб; Насирӣ, Беҳрӯз, Нуфуз ва густариши забон ва адабиёти форсӣ дар Осиёи Сағир.

Irdiplomacy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.