Ҷаҳон

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ (WHO): “Куруно силоҳи микрубии озмоишгоҳӣ нест”

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ (WHO) эълом кард, ки бар хилофи бархе аз шойеъот, вируси куруно як силоҳи микрубии тавлидшуда дар озмоишгоҳ нест.

Сомонаи YC (Чин), имрӯз (панҷшанбе, 20 феврал) ба нақл аз Идораи кулли ин созмон гузориш кард, ки вируси куруно дар озмоишгоҳ тавлид нашуда ва ба унвони як силоҳи микрубӣ низ сохта нашудааст.

Ин идора хотирнишон кард, ки шойеъоти марбут ба ин мавзӯъ комилан нодуруст аст ва ин вирус аз ҳайвон ба инсон мунтақил шудааст.

Вируси куруно дар поёни моҳи декабр аз шаҳри Вуҳон ба дигар нуқоти ин кишвар сироят кард ва то кунун ҷони беш аз 2 ҳазору 100 нафарро гирифтааст.

Ин вирус, ки дар 25 кишвар ва минтақаи дигари дунё низ шумореро мубтало кардааст, нишонаҳои мушобеҳи бемории зотуррия (воспаление легких) дорад ва умдатан бо таб шиносоӣ мешавад.

Ин расонаи чинӣ дар ҳоле ин мавзӯъро гузориш мекунад, ки пештар як сенотури ҷумҳурихоҳи Омрико дар тозатарин ҷанги равонӣ ва таблиғотии Вошингтун алайҳи Чин, муддаӣ шуд, ки мақомҳои чинӣ вируси куруноро дар ростои як барномаи ҷанги биулужик ба вуҷуд овардаанд.

Сенотур Тумос Котун (Thomas Cotton) рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо Fox News изҳор дошт, вируси куруно як силоҳи биулужикӣ аст, ки тавассути артиши Чин сохта шудааст.

Ин сенотури омрикоӣ муддаӣ шуд, ки гузоришҳо мабнӣ бар ин ки маншаи ин вирус дар бозори маводди ғизоии чинӣ буда нодуруст аст ва афзуд: “Ин вирус аз бозори ҳайвоноти Вуҳон шурӯъ нашуд.”

Котун идома дод: “Мо намедонем аз куҷо омадааст, аммо медонем, ки бояд маншаи онро кашф кунем. Мо ҳамчунин медонем, ки танҳо дар чанд километрии он бозори маводди ғизоӣ, танҳо озмоишгоҳи фавқи пешрафтаи Чин воқеъ аст, ки дар мавриди бемориҳои уфунии инсон таҳқиқ мекунад.”

Мақомҳои Чин сенотур Котунро ба дурӯғгӯӣ дар бораи маншаи вируси куруно муттаҳам кардаанд.

Бо ин вуҷуд, Котун мегӯяд, ки ин бар ӯҳдаи ҳизби кумунисти Чин аст, то собит кунад маншаи ин беморӣ силоҳи биулужик нест.

Аз ҳангоми оғози густариши вируси куруно, расонаҳои наздик ба ду ҳизби ҷумҳурихоҳ ва демукрот дар Омрико, таблиғоти зидди чинии густурдаеро дар бораи маншаъ ва чигунагии мудирияти бемории ношӣ аз ин вирус оғоз кардаанд.

Сойти Newsweek рӯзи якшанбе дар гузорише навишт, ки як кашиши муҳофизакори наздик ба Тромп гуфтааст, ки Худованд омрикоиҳоро аз вируси ҷадид наҷот хоҳад дод, зеро Дунолд Тромп раисиҷумҳури Омрикост.

Кашиш Ҳонк Кунеман (Hank Kunneman) дар маросими ниёиш дар шаҳри Умоҳо дар аёлати Неброско гуфт, ба далели ҳамроҳии Тромп бо Исроил ва мухолифати вай бо сиқти ҷанин, Худо ба Омрико кӯмак хоҳад кард, то аз шарри вируси куруно дар амон бимонад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.