Ваҳдати исломӣ

Худо кист?

Алӣ ибни Абӯтолиб (а) дар муаррифии Худо гӯяд:

الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِي لَا يَبْلُغُ مِدْحَتَهُ الْقَائِلُونَ وَلَا يُحْصِي نَعْمَاءَهُ الْعَادُّونَ وَلَا يُؤَدِّي حَقَّهُ الْمُجْتَهِدُونَ الَّذِي لَا يُدْرِكُهُ بُعْدُ الْهِمَمِ وَلَا يَنَالُهُ غَوْصُ الْفِطَنِ الَّذِي لَيْسَ لِصِفَتِهِ حَدٌّ مَحْدُودٌ وَلَا نَعْتٌ مَوْجُودٌ وَلَا وَقْتٌ مَعْدُودٌ وَلَا أَجَلٌ مَمْدُودٌ… أَوَّلُ الدِّينِ مَعْرِفَتُهُ وَكَمَالُ مَعْرِفَتِهِ التَّصْدِيقُ بِهِ وَكَمَالُ التَّصْدِيقِ بِهِ تَوْحِيدُهُ وَكَمَالُ تَوْحِيدِهِ الْإِخْلَاصُ لَهُ وَكَمَالُ الْإِخْلَاصِ لَهُ نَفْيُ الصِّفَاتِ عَنْهُ لِشَهَادَةِ كُلِّ صِفَةٍ أَنَّهَا غَيْرُ الْمَوْصُوفِ وَشَهَادَةِ كُلِّ مَوْصُوفٍ أَنَّهُ غَيْرُ الصِّفَةِ فَمَنْ وَصَفَ اللَّهَ سُبْحَانَهُ فَقَدْ قَرَنَهُ وَمَنْ قَرَنَهُ فَقَدْ ثَنَّاهُ وَمَنْ ثَنَّاهُ فَقَدْ جَزَّأَهُ وَمَنْ جَزَّأَهُ فَقَدْ جَهِلَهُ وَمَنْ أَشَارَ إِلَيْهِ فَقَدْ حَدَّهُ وَمَنْ حَدَّهُ فَقَدْ عَدَّهُ وَمَنْ قَالَ فِيمَ فَقَدْ ضَمَّنَهُ وَمَنْ قَالَ عَلَامَ فَقَدْ أَخْلَى مِنْهُ كَائِنٌ لَا عَنْ حَدَثٍ مَوْجُودٌ لَا عَنْ عَدَمٍ مَعَ كُلِّ شَيْ‏ءٍ لَا بِمُقَارَنَةٍ وَغَيْرُ كُلِّ شَيْ‏ءٍ لَا بِمُزَايَلَةٍ فَاعِلٌ لَا بِمَعْنَى الْحَرَكَاتِ وَالْآلَةِ بَصِيرٌ إِذْ لَا مَنْظُورَ إِلَيْهِ مِنْ خَلْقِهِ مُتَوَحِّدٌ إِذْ لَا سَكَنَ يَسْتَأْنِسُ بِهِ وَلَا يَسْتَوْحِشُ لِفَقْدِهِ

Сипос Худовандеро, ки суханварон аз сутудани ӯ оҷизанд ва ҳисобгарон аз шумориши неъматҳои ӯ нотавон ва талошгарон аз адои ҳаққи ӯ дармондаанд; Худое, ки афкори жарфандеш зоти ӯро натавонанд дарк кард ва дасти ғаввосони дарёи улум ба ӯ нахоҳад расид. Парвардигоре, ки барои сифоти ӯ ҳадду марзе вуҷуд надорад ва таърифи комиле наметавон ёфт ва барои Худо вақте муайян ва саромаде мушаххас наметавон таъйин кард…

Шинохти Худо сароғози дин аст; ва камоли шинохти Худо бовар доштани ӯ; ва камоли бовар доштани Худо, шаҳодат ба ягонагии ӯст; ва камоли тавҳид (шаҳодат бар ягонагии Худо) ихлос; ва камоли ихлос Худоро аз сифоти махлуқот ҷудо кардан аст. Зеро ҳар сифате нишон медиҳад, ки ғайр аз мавсуф аст; ва ҳар мавсуфе гувоҳӣ медиҳад, ки ғайр аз сифат аст. Пас, касе, ки Худоро бо сифати махлуқот таъриф кунад, ӯро ба чизе наздик карда; ва бо наздик кардани Худо ба чизе, ду Худо матраҳ шуда; ва бо матраҳ шудани ду Худо, аҷзоъе барои ӯ тасаввур намуда; ва бо тасаввури аҷзоъ барои Худо, ӯро нашнохтааст. Ва касе, ки Худоро нашносад, ба сӯйи ӯ ишора мекунад ва ҳар кас ба сӯйи Худо ишора кунад, ӯро маҳдуд карда, ба шумориш оварад. Ва он кас, ки бигӯяд, Худо дар чист?, ӯро дар чизи дигаре пиндоштааст. Ва касе, ки бипурсад, Худо бар рӯйи чӣ чизе қарор дорад?, ба таҳқиқ ҷойеро холӣ аз ӯ дар назар гирифтааст, дар сурате ки Худо ҳамвора буда ва аз чизе ба вуҷуд наомадааст.

(Худо) бо ҳама чиз ҳаст, на ин ки ҳамнишини онон бошад. Ва бо ҳама чиз фарқ дорад, на ин ки аз онон ҷудо ва бегона бошад. Анҷомдиҳандаи ҳамаи корҳост бидуни ҳаракат ва абзор ва васила. Биност ҳатто дар он ҳангом ки падидае вуҷуд надошт. Ягона ва танҳост, зеро касе набуда, то бо ӯ унс гирад ва ё аз фуқдонаш ваҳшат кунад…”

(Наҳҷул-балоға, хутбаи аввал)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.