Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Гуфторе аз Имом Ғаззолӣ (р)

Имом Ғаззолӣ (р) дар муқаддимаи китоби гаронмояи “Ал-мунқизу миназ-залол” (Наҷотдиҳанда аз гумроҳӣ)-и худ аз ҷумла мегӯяд:

“Ташнагии идроки ҳақоиқ ва ишқ ба таҳқиқ, бо ниҳоди ман сиришта ва аз оғози ҷавонӣ бо ман ҳамроҳ буд ва аз дербоз ба дарёфти ҳақиқати ҳар чизе ташна будам. Ин ташнагӣ ихтиёри ман набуд, балки ғаризӣ ва фитрӣ буд, ки Худованди Мутаъол дар сиришти ман қарор додааст, то ин ки риштаи тақлиду таъаббуд аз ҳам гусаст ва ақоиди маврусиам дар ҳамон аҳди ҷавонӣ, ки аз ину он расида буд, дарҳам шикаст ва ҳамаро раҳо кардам; зеро тифлони яҳуду насоро ва кӯдакони мусалмонро медидам, ки ҳама дар гаҳвораи мазҳаби падару модар нашъунумӯ дошта ва ба ақоиди маврусӣ парварда мешаванд. Ин ҳадисро шунида будам, ки Расули Худо (с) фармудааст: “Ҳар мавлуде нахуст бар фитрати ислом зода мешавад ва падару модараш ӯро яҳудӣ ва насронӣ ва маҷус мекунанд” …

Дар муддати наздик ба 10 сол, ки ба хилвату гӯшагирӣ ба сар мебурдам, гоҳе бо завқи ирфонӣ ва гоҳе ба илми бурҳонӣ ва бори дигар ба қабули имонӣ ҳақоиқи бешуморе бар ман рӯшан шуд, аз ҷумла он ки дарёфтам, одамӣ аз ду чиз офарида шуда: аз тан ва қалб, яъне ҳақиқати руҳи ӯ, ки ҷойи маърифати Ҳақ ва таҷаллигоҳи ишқи Худост, на он гӯшту хуне, ки дар мурдагону ҳайвонот низ ёфт мешавад.
Ва низ дарёфтам, ҳамон гуна ки одамиро сиҳҳату саодат ва бемориву фалокат аст, дили одамиро низ сиҳҳату саломатӣ аст, ки мояи саодати ӯст — ва касе растгор намешавад магар он ки бо диле солим ва бо ихлос ба пешгоҳи илоҳӣ бор ёбад:

إِلَّا مَنْ أَتَى اللَّهَ بِقَلْبٍ سَلِيمٍ

(Шуаро, 89) — ва беморӣ ва ҳалокате аст, ки мӯҷиби бадбахтии абадӣ ва шақовати ҷовдонии ӯст; чунон ки Худои Мутаъол фармудааст: Дилҳои эшон бемор аст:

فی قلوبهم مرض

Ҳамчунин дарёфтам, ҳамон тавр ки Худоношиносӣ мояи ҳалоки одамӣ, ва сарпечӣ аз авомири илоҳӣ бо ҳавопарастӣ боиси бемории дили ӯст, Худошиносӣ мӯҷиби ҳаёти абадӣ ва итоати амри Ҳақ бо мухолифати ҳавои нафс, доруи шифобахши ӯ хоҳад буд.

Ҳамон гуна ки бемориҳои танро бояд бо дору муолиҷа кард, бемориҳои дилро низ доруҳое лозим аст, то ба ҳоли сиҳҳат ва саломат дарояд.

Ва ҳамчунон ки доруҳои шифобахши танро хоссияте аст, ки бо ақл наметавон онро дарёфт ва боистӣ ба тақлиди пизишкон, ки дониши худро аз паёмбарон ахз кардаанд амал кард, ҳамин тавр ба зарурати қатъӣ барои ман рӯшан шуд, ки хоссият ва чигунагии таъсири ибодотро ба ҳудуд ва миқдоре, ки аз тарафи паёмбарон барои дармони бемориҳои дил дастур дода шуда наметавон бо ақл дарк кард, ақли уқалоро дар он роҳ нест, балки бояд муқаллиди анбиё буд, ки он хавоссро бо нури нубувват мушоҳида кардаанд, на бо дидаи қосири ақл!”

(Муқаддимаи Ал-мунқизу миназ-залол)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.