Сиёсат

Оромку боз ҳам мавриди ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини яманӣ қарор гирифт

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз амалиёти муштараки ягони паҳподӣ ва мушакии артиши ин кишвар ба номи “Тавозуни боздорандагии севвум” дар умқи Арабистони Саудӣ хабар дод.

Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, имрӯз (ҷумъа, 21 феврал) аз анҷоми амалиёте дар умқи Арабистони Саудӣ хабар дод ва онро “Тавозуни боздорандагии севвум” номид.

Бар асоси гузориши шабакаи Алмасира, вай эълом кард, ин амалиёт бо ду мушаки болистики “Қудс”, 12 паҳподи (ҳавопаймои бидуни сарнишини) “Саммод-3” ва мушаки болистики дурбурди “Зулфиқор” анҷом шуд.

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман тасреҳ кард, дар ин амалиёт ширкати Оромку ва аҳдофи ҳассоси дигар дар Янбуъ (дар ғарби Арабистон) бо диққат ҳадаф гирифта шуд.

Яҳё Сареъ таъкид кард, амалиёти боздорандаи севвум посухи табиӣ ва машрӯъ ба ҷиноятҳои эътилоф аст; ҷиноятҳое, ки охирин намунаи он, ҳамалоти эътилофи саудӣ ба Алҷавф буд.

Вазорати беҳдошти Яман эълом кард, дар ҳамлаи ахири эътилофи саудӣ ба устони Алҷавф 35 тан аз ҷумла 26 кӯдак кушта ва 23 нафар аз ҷумла 18 кӯдак маҷрӯҳ шудаанд.

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман ҳушдор дод, дар сурате, ки артиши саудӣ ба ҳамалот ва муҳосираи худ идома диҳад, бояд мунтазири зарбаҳои дардовар ва сахте бошад.

Артиши Яман дар моҳи сентябри соли 2019 дар посух ба ҳамалоти эътилофи саудӣ, полоишгоҳҳои Бқиқ ва Харис марбут ба таъсисоти нафтии Оромкуи Арабистонро ҳадаф гирифта ва онро амалиёти “Тавозуни боздорандагии дуввум” номида буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.