Сиёсат

Тирандозӣ дар шаҳри Мадинаи Мунаввара – (Тасвир)

Расонаҳои саудӣ мегӯянд, як фарди ношинос дар шаҳри Мадинаи Мунаввара имрӯз иқдом ба тирандозӣ ба самти нерӯҳои амниятӣ кардааст.

Расонаҳои саудӣ аз тирандозӣ дар минтақаи Аддувайма дар шаҳри Мадинаи Мунаввара ба самти нерӯҳои амниятӣ хабар медиҳанд.

Тибқи бархе хабарҳо, дар ин тирандозӣ сарҳанг (полковник) Абдуллоҳ ал-Ғомидӣ, раиси пулиси минтақа, бар асари исобати гулӯла ба ноҳияи сар кушта шуда ва як пулиси дигар низ захмӣ шудааст. Манобеъи расмӣ ҳанӯз кушта шудани ҳеч фардеро таъйид накардаанд.

Дар ин росто, Алӣ ат-Тавотӣ ал-Қурашӣ, сутуннависи рӯзномаи “Риёз” ва узви собиқи Вазорати дифои Арабистон, дар твитте хабари кушта шудани ин сарҳанги пулисро таъйид кард, аммо дақоиқе баъд твитти худро пок кард.

Ҳанӯз ҳувияти омили тирандозӣ ё моҳияти иқдоми ӯ мушаххас нест, аммо нерӯҳои амниятии саудӣ тавонистаанд ӯро дар маҳалли ҳодиса дастгир кунанд.

Тасвире аз омили тирандозӣ

Помпео: “Аз Арабистон ҳимоят мекунем”

Тирандозӣ дар Мадинаи Мунаввар дар ҳолест, ки вазири умури хориҷаи Омрико дар сафаре дар Арабистони Саудӣ қарор дорад.

Мойк Помпео, вазири умури хориҷаи Омрико, рӯзи ҷумъа (21 феврал) дар паёме твиттерӣ навишт: “Аз пойгоҳи ҳавоии шоҳзода Султон дидор кардам, то бар широкати амниятии деринаи Иёлоти Муттаҳида ва Арабистони Саудӣ ва иродаи Омрико барои ҳимоят аз Арабистон дар муқобила бо Эрон таъкид кунам.”

Помпео рӯзи гузашта ба Риёз рафт ва бо Салмон бен Абдулазиз — подшоҳ, Муҳаммад бен Салмон — валиаҳд ва Холид бен Салмон — муовини вазири дифои Арабистон дидор кард.

Ба гузориши шабакаи телевизиюнии ABC, Помпео дар поёни сафараш дар ҷамъи хабарнигорон изҳор дошт: “Тамоюли Эрон барои ҳазфи Исроил аз рӯйи нақша ва садама задан ба Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон побарҷост ва ҳадафи мо тағйири рафтори ин режим аст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.