Сиёсат

Хашми ҷавонони қатарӣ аз оддисозии равобити кишварашон бо саҳюнистҳо

Ҷавонони қатарӣ аз ҳузури як масъули саҳюнистӣ дар як конфронси байналмилалӣ дар пойтахти кишварашон бисёр хашмгин шуданд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Алъаҳд, ҳузури як масъули саҳюнистӣ дар як конфронси байналмилалӣ дар Дуҳа, пойтахти Қатар, хашми теъдоде аз корбарон ва фаъолони қатариро барангехт.

Дар рӯзи душанбеи ҳафтаи ҷорӣ, Конфронси байналмилалии “Ҳимоят аз кӯдакон” дар Дуҳа бо ҳузури Фарид Виндмон, мудири иҷроии муассисаи мавсум ба “Шӯрои дохилии Исроил барои кӯдакон”, ки ба даъвати кумитаи нозир бар ин конфронс вориди Қатар шуда буд, баргузор шуд.

Гурӯҳи “Ҷавонони қатарии зидди оддисозӣ бо режими саҳюнистӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳаштаги “Оддисозиро тамом кунед!”, даъват аз як масъули саҳюнистиро, ки бо вақоҳат аз кӯдакон ҳарф мезанад, дар ҳоле, ки режими ишғолгар ҳамчунон ба куштори кӯдакони фаластинӣ ва таҷовуз ба ҳуқуқи онҳо идома медиҳад, маҳкум карданд.

Корбарон ҳамчунин адами таъомули мусбати Қатар бо кампинҳои раддкунандаи оддисозӣ бо режими саҳюнистиро низ маҳкум карданд.

Муҳаммад Шиб, фаъоли қатарӣ, дар сафҳаи твиттери худ навишт, ки чаро ҳеч кас садои касоне, ки оддисозӣ бо режими саҳюнистиро рад мекунанд, намешунавад? Зеро бештари ҳокимони араб худро таслими саҳюнистҳо карда ва оддисозии равобит бо режими ишғолгарро таҳмил мекунанд.

Тоҳо Аҳмад, корбари дигари қатарӣ низ навишт: “Конфронси ҳимоят аз кӯдакон бо ҳузури касоне баргузор шуд, ки кӯдаконро мекушанд.” Вай идома дод: “Саросари таърихи ин режими ғосиб ва ҷинояткор, таҷовуз ба занону куҳансолону кӯдакон ва куштори онҳост.”

Холид ал-Марӣ, яке дигар аз корбарони қатарӣ низ гуфт: “Фикр мекунам дар тӯли ду сол ё камтар аз он, беш аз 10 ҳаштаг бо мазмуни маҳкумияти ҳузури саҳюнистҳо дар хоки кишварамон матраҳ шуда, аммо касе гӯш намекунад.”

Корбарони қатарӣ пеш аз ин низ ҳузури варзишкорони исроилӣ дар 17-умин давраи мусобиқоти ҷаҳонии давро, ки октябри гузашта дар Дуҳа баргузор шуд, маҳкум карда буданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.