Сиёсат

Шокирҷон Ҳакимов: “Даъвати ПМТ ва Гурӯҳи 24 ба пуштибонӣ аз ҲСДТ, рабте ба мо надорад”

Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ), дар гуфтугӯ бо Родию Озодӣ, гуфтааст, даъвати созмонҳои мухолифи ҳукумат дар хориҷа барои пуштибонӣ аз ин ҳизб ва номздаҳояш дар интихоботи 1-уми март “ҳеч рабте ба онҳо надорад”.

Ба гузориши Родию Озодӣ, Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҲСДТ ва номзади ин ҳизб дар интихобот, рӯзи 21-уми феврал ба ин родию гуфт, ҳама гуна изҳороти созмонҳо “ақидаи худи онҳо буда, набояд ҳеч кас гумон кунад, ки гӯиё мо ягон созиш ё қарордоди ҳамкорӣ дорем ва ягон иртибот дорем.”

Гуфтанист, нахуст Гурӯҳи 24 ва сипас Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) аз шаҳрвандони Тоҷикистон хостаанд, дар интихобот раъйи худро ба намояндаҳои ҲСДТ бирезанд.

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) бо судури баёнияе, бо ёдоварии ин нукта, ки ҳарчанд интихобот дар Тоҷикистон озод ва шаффоф баргузор намешавад, вале бо ин ҳама, ҳатто дар чунин шароите, ширкат дар интихобот “гоме муҳим ҷиҳати масъулиятшиносии сиёсӣ” аст, аз шаҳрвандон хост, дар интихоботи порлумонии пеши рӯй, раъйи худро ба Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ) бидиҳанд.

Ба гузориши сойти Озодандешон, матни ин баёния ба шарҳи зерин аст:

Паймони Миллии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандон чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар даъват мекунад, ки дар интихоботи рӯзи 1-уми март ба Ҳизби сусиёл–демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ) овоз диҳанд. Имрӯз ҲСДТ ягона ҳизби опозитсионии расмӣ дар дохили кишвар аст, ки намояндагони он дар парлумони ҷадид, метавонанд садои ҳар як интихобкунанда бошанд ва дар назди қонун ва мардум ҳисобот диҳанд.

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) бар ин бовар аст, ки интихобкунандагон ва ҳизбҳои сиёсие, ки мавқеъ ва манофеи онҳоро намояндагӣ мекунанд, ҳаққи қонунии ташкили ҳукумат ва сохторҳои ҳокимиятро доранд; зеро Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф кардааст.

Аз нигоҳи ПМТ интихобот василаи зарурии қонуниест, ки мардум ва ҳизбҳои сиёсӣ аз тариқи он метавонанд дар ташкили ҳукумат ва интиқоли осоиштаи қудрат ширкат кунанд.

Мо огоҳем, ки имрӯз дар кишвар барои интихоботи озод ва шаффоф ҳеч гуна шароит вуҷуд надорад ва мақомот натиҷаҳои интихоботро ба манфиати худ, бар хилофи натоиҷи воқеӣ, тағйир медиҳанд ва тақаллуб мекунанд.

Вале ба ин нигоҳ накарда, мо итминон дорем, ки ҳатто дар чунин шароити нобаробар, иштирок дар интихобот гоми муҳимме ҷиҳати масъулиятшиносии сиёсӣ ва камоли миллат хоҳад буд.

Паймони Миллии Тоҷикистон

Варшава

20.02.2020

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.