Ҷомеа

4 нуктаи умедбахш дар бораи вируси куруно

Оморҳои ҷаҳонии чанд ҳафтаи ахир нишон медиҳад, ки танҳо 3 дарсади дучоршудаҳо ба вируси куруно фавт мекунанд, ки аксарашон бемориҳои дигаре доштаанд. Пас, набояд беш аз ҳадд нигарон шуд ва дигаронро мушавваш кард.

Як пизишки мутахассис дар сойти Asriran 4 нуктаро ёдоварӣ карда, ки бар мабнои онҳо, набояд хеле нигарон шуд:

1) Чунин нест, ки вируси куруно ҳатман инсонеро, ки ба он дучор шуда бикушад. Оморҳои ҷаҳонии чанд ҳафтаи ахир нишон медиҳад, ки танҳо 3 дарсади дучоршудаҳо фавт мекунанд, ки аксарашон бемориҳои дигаре доштаанд. Пас, набояд беш аз ҳадд нигарон шуд ва дигаронро мушавваш кард.

Бо қотеият метавон гуфт, ки куруно, дар кушанда будан, дар ҳадди грипп аст; суръати шуюъи он метавонад боло бошад, вале қудрати кушандагиаш поин аст.

Ёдамон бошад, ки ҳатто сармохӯрдагии шадид ҳам гоҳ кушанда аст. Бинобар ин, муроқибат кунем, вале ваҳшат на!

2) Надоштани доруе барои дармони куруно, бад-он маъно нест, ки дучоршудаҳо хуб намешаванд. Дар аксари маворид, афрод бар асоси системи дифоии баданашон хуб мешаванд ва ҳатто мумкин аст надонанд, ки он чи ба он дучор шуда буданд, куруно будааст ва тасаввур кунанд, ки грипп гирифта буданд.

3) Роҳҳои коҳиши эҳтимоли дучор шудан бисёр сода аст: шустан ва зидди уфунӣ кардани бодавоми дастҳо, назадани дастҳои нашусташуда ба чашму даҳону бинӣ, тақвияти системи эминии бадан бо мева ва сабзӣ ва дору, ва дурӣ аз издиҳом.

4) Барои аввалин бор мизони беҳбудёфтагон аз куруно аз дучоршудаҳои ҷадид дар дунё пешӣ гирифта ва дучор шудан камтар шудааст. Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ҳам эълом карда, ки ниёзе ба афзоиши сатҳи ҳушдор нест. Инҳо хабарҳои умедворкунандае аст.

* * *

Солона ҳазорон нафар аз мо дар тасодуфҳои ронандагӣ кушта мешаванд ва теъдоди бештаре низ бар асари сактаҳои қалбӣ ва мағзӣ аз дунё мераванд. Нукта ин ҷост, ки аксари ин маргҳои зудрас қобили пешгирианд, вале мутаассифона ба онҳо одат кардаем. Дар ҳамин чанд рӯзи ахир, ки 2 нафар бар асари куруно (дар Эрон) ҷон додаанд, даҳҳо баробарашро дар ҷоддаҳо аз даст додаем.

Ҷони одамӣ азиз аст ва аз он бояд муроқибат кард, чӣ дар баробари куруно ва чӣ дар муқобили тасодуфҳои ронандагӣ, ки муқоисаи маргбориаш бо куруно, муқоисаи филу финҷон аст.

Рубрики:Ҷомеа

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.