Сиёсат

Абдуллоҳ Абдуллоҳ даст ба азлу насбҳое дар вилоятҳои Афғонистон зад

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки ба унвони нафари шумораи дуи интихоботи риёсати ҷумҳурии ахири Афғонистон номаш эълом шуд, баъд аз он ки натоиҷи ниҳоии ин интихоботро рад кард, қасд дорад тарҳи густурдаи эътирозии худ аз шимоли Афғонистон то ҷануби онро ба иҷро дароварад.

Ба гузориши “Хома пресс”, як манбаъ дар тими ”Субот ва ҳамгароӣ”-и мутаъаллиқ ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ изҳор дошт, онҳо як барномаи густурда доранд, ки иқдом ба иҷрои он аз шимоли Афғонистон бавежа аз устони Сарипул оғоз кардаанд.

Ин манбаъ дар идома унвон кард, ҳомиёни ин тим вориди устони Сарипул шуда ва иқдом ба сарнагун кардани волии феълии ин устон кардаанд.

Ӯ хотирнишон кард, ҳомиёни тими “Субот ва ҳамгароӣ” қарор аст Раҳмонӣ, раиси Шӯрои устони Сарипулро ба унвони волии ҷадиди он эълом кунанд.

Гуфтанист, Кумисиюни мустақилли интихоботи Афғонистон рӯзи сешанбеи гузашта натоиҷи ниҳоии интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишварро эълом карда ва Ашраф Ғаниро пирӯзи интихобот донист.

Ин дар ҳолест, ки женерол Абдуррашид Дӯстум, раҳбари ҳизби “Ҷунбиши Миллии Афғонистон” ва муовини аввали раиси давлати Ваҳдати миллии Афғонистон, аз мавзеъи Абдуллоҳ Абдуллоҳ баъд аз радди натоиҷи ниҳоии интихоботи риёсати ҷумҳурӣ тавассути вай ҳимоят кард.

Абдуррашид Дӯстум дар суханоне дар ҷамъи ҳомиёнаш дар устони Ҷузҷон гуфт, тими Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳурии феълӣ ё аъзои Кумисиюни мустақилли интихоботи Афғонистонро ба манзури эъломи ин натоиҷ таҳти фишор қарор дода, ё ба онҳо ришва дода ва ё онҳоро бо ваъда додани мақом дар давлат ба тамаъ андохтааст.

Дӯстум аз ҳомиёнаш хост, сокит намонанд ва худашонро барои ҷашн гирифтани ташкили давлате таҳти раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ омода кунанд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи сешанбеи гузашта дар як конфронси хабарӣ аз ҳомиёнаш хоста буд, то дар баробари беадолатӣ ва тақаллуби интихоботӣ бапо хезанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.