Сиёсат

Маҷлиси 11-ум бо мамлакат чӣ хоҳад кард?

Маҷлиси 11-умиҳо аз ҳамон ибтидои ташкили маҷлис, оташи ҳамалотро бисёр сангинтар аз гузашта бар сари Руҳонӣ ва вазиронаш хоҳанд рехт. Камтарин фоидаи ин истротежӣ (стратегия), эҷоди як виҷҳаи мардумӣ барои худашон ва густариши ҳар чи бештари як бовар аст: ин ки сабабгори ҳамаи нокомиҳо ва вазъи бади иқтисодӣ — аз таваррум гирифта то бекорӣ ва фасод — Руҳонӣ ва давлати ӯст ва ҳоло тундравҳо мехоҳанд ба он поён диҳанд…

Таҳлиле аз дуктур Содиқи Зебокалом дар рӯзномаи Шарқ

Ҳадсу гумоназаниҳои бисёре пеш аз интихобот вуҷуд дошт, ки дар интихоботи маҷлиси 11-ум, тайфе аз ҷараёноти хосси вобастаи усулгароён пирӯз мешаванд.

Шавоҳиду қароини аввалия ва ин ки баданаи иҷтимоии ислоҳталабон шӯру иштиёқи чаҳор соли пешро такрор накард, он ҳадсу гумоназаниҳоро ба яқин табдил карда ва ба эҳтимоли бисёр зиёд ва бо таваҷҷӯҳ ба навъи радди салоҳиятҳо, ки теъдоди зиёде аз курсиҳоро фоқиди рақобат карда буд, умдаи номзадҳои ин тайф (усулгароён) вориди маҷлиси 11-ум хоҳанд шуд. Тайфе аз усулгароёни ҷавонтар, аъзои “Ҷабҳаи Пойдорӣ” ва тарафдорони Маҳмуди Аҳмадинажод, аксарияти ин аъзо хоҳанд буд.

Нахустин мулоҳизае, ки бояд ба он пардохт, чигунагии бархӯрди маҷлиси 11-ум бо Ҳасани Руҳонӣ аст. Бетардид, рӯзҳои бисёр душворе дар интизори давлати Руҳонӣ аст. Ин давра аз Баҳористон (порлумон), шамшерро аз рӯ барои Руҳонӣ хоҳад баст ва лабаи тези теғи маҷлис аз ҳамон ибтидо бар гардани давлати 12-ум қарор хоҳад гирифт. Камтарин далели намояндагони ҷадид дар бархӯрд бо Руҳонӣ, идомаи сиёсатҳои се соли ахири ин ҷараён (усулгароён) ва маҷмӯаи расонаҳо ва ниҳодҳои хориҷ аз давлат мабнӣ бар андохтани бори ҳамаи мушкилот ва нокомиҳои кишвар бар сари давлати Руҳонӣ аст.

Маҷлиси 11-умиҳо аз ҳамон ибтидои ташкили маҷлис, оташи ҳамалотро бисёр сангинтар аз гузашта бар сари Руҳонӣ ва вазиронаш хоҳанд рехт. Камтарин фоидаи ин истротежӣ (стратегия), эҷоди як виҷҳаи мардумӣ барои худашон ва густариши ҳар чи бештари як бовар аст: ин ки сабабгори ҳамаи нокомиҳо ва вазъи бади иқтисодӣ — аз таваррум гирифта то бекорӣ ва фасод — Руҳонӣ ва давлати ӯст ва ҳоло тундравҳо мехоҳанд ба он поён диҳанд.

Фоидаи севвуми ин истротежӣ он аст, ки ба мардум талқин мекунад, ки маҷлиси 10-ум бо риёсати Алӣ Лориҷонӣ ва ҳузури фроксиюни “Умед” (фроксиюни вобаста ба Руҳонӣ), ба ҷойи будан дар канори мардум, дар канори Руҳонӣ истода ва дар ивази он ки ба фикри масолеҳу манофеъи мардум бавежа қишри заъиф бошад, ба фикри манофеъи худашон буда ва ҳозир нашуда дар баробари давлат, вокуниши ҷиддӣ нишон диҳад.

Аммо маҷлиси 11-ум дар ростои таҳаққуқи хостаҳои ақшори фақиру заҳматкаш, бинои ҳеч гуна мусомиҳа ва канор омадан бо давлати Руҳонӣ надошта ва саъй мекунад давлатро водор кунад, то на танҳо сиёсатҳояш, балки бисёре аз мудиронаш аз ҷумла бисёре аз вазирон, устондорон, мудирони аршади ширкатҳои бузурги давлатӣ, раисони бонкҳо, созмони барнома ва будҷа ва ғайраро тағйир диҳад ва ба ҷойи онон, мудирони ҷавон, инқилобӣ ва покдастро, ки дарди мардум доранд, бар сари кор оварад.

Инки маҷлиси 11-ум фишор алайҳи Руҳониро то чӣ марҳила ба пеш хоҳад бурд, мушаххас нест, аммо он чи мусаллам аст тамоми талошашонро ба кор хоҳанд гирифт, то бо кӯмаки садо ва симо ва минбарҳои дигар, ингуна вонамуд кунанд, ки ин маҷлис мехоҳад доди маҳрумонро аз давлати Руҳонӣ бистонад.

Яқинан давлати 12-ум (давлати Руҳонӣ) рӯзгори душворе бо маҷлиси 11-ум пеши рӯ хоҳад дошт. Он моҳи асале, ки бо Лориҷонӣ ва маҷлиси 10-ум доштанд, ба суръат ба поён хоҳад расид ва ҳамон гуна ки гуфта шуд, бархе чеҳраҳои шохиси ин ҷараён (усулгароён) дар маҷлиси 11-ум ҳар чи бештар бар табли эҳқоқи ҳуқуқи мардум аз давлати Руҳонӣ хоҳанд кӯбид: мушобеҳи коре, ки маҷлиси 7-ум бо давлати ислоҳот ва Сайидмуҳаммади Хотамӣ кард. Ин ки маҷлиси 11-умиҳо то пойи истизоҳи раисиҷумҳур пеш бираванд, маълум нест. Баъид ба назар мерасад, ки ин иттифоқ, иҷмоъе дар бахшҳои дигар касб кунад.

Албатта кам нестанд чеҳраҳое, ки бо таҳти фишор қарор додани раисиҷумҳур ва ин ки бори ҳамаи нокомиҳои иқтисодӣ аз ҷумла осори таҳримҳо, бар сари Руҳонӣ рехта шавад, мухолифате надошта ва аз он истиқбол ҳам мекунанд. Аммо ин ки хоҳони барканории ӯ шаванд, маълум нест, ки оё ба маслиҳат бидонанд ё хайр.

Ҳадафи баъдии намояндагони маҷлиси 11-ум, Барҷом (тавофуқи ҳастӣ) хоҳад буд. Тундравҳо дар зиддият бо Барҷом ҳам, чизе кам нахоҳанд гузошт. Давлатро таҳти фишор мегузоранд, ки Эронро аз Барҷом хориҷ кунад. Боз ҳам монанди ҷараёни барканории Руҳонӣ, ин ки оё низом бо хуруҷи комили Эрон аз Барҷом ва НПТ мувофиқат хоҳад кард ё на, чандон маълум нест ва баъид ба назар мерасад.

Талоши дигари маҷлиси нав, ба самти ҳимояти густурда аз соири дастгоҳҳо дар мубориза бо фасод равона хоҳад шуд. Дар инҷо ҳам бархе чеҳраҳои маҷлиси 11-ум унвон хоҳанд кард, ки дастгоҳи қазоӣ бояд таъоруфро канор гузошта ва бо масъулон ва дастандаркорони давлати Руҳонӣ, ки дар ҷараёни фасодҳои иқтисодӣ дасте доштаанд, қотеъона бархӯрд кунад.

Ҳамаи инҳо, ки гуфта шуд, то чанд моҳи аввали маҷлиси 11-ум ва чи басо то як соли аввали он, мумкин аст раъйдиҳандагони тарафдори ононро муҷоб кунад, ки ин давра аз порлумон дар садади таҳаввули асосӣ ва хонатаконии густурда дар мудирияти иҷроии кишвар баромада ва мехоҳад вазъияти иқтисодии кишварро сомон дода ва бахусус вазъияти ақшор ва лояҳои маҳрумро беҳбуд бибахшад. Аммо ҳаяҷоноти таблиғотӣ ва нутқҳои доғ, баъд аз чанд моҳ ба тадриҷ фурӯкаш хоҳад кард.

Маҷлиси 11-ум бо иқтисоде рӯ ба рӯст, ки ниме аз даромадҳои будҷаи соли ояндаи он, расман муҳаққақ нахоҳад шуд ва соли 98 (2020)-ро бо рушди иқтисодии манфии 9 дарсад, таваррум болои 40 дарсад ва яке аз болотарин нархҳои бекорӣ баъд аз инқилоб ба поён расондааст.

Бо шиорҳои пуртамтароқ ва рехтани бори ҳамаи тақсирот (кӯтоҳиҳо) бар сари дигарон, то муддате метавон раъйдиҳандагонро умедвор нигаҳ дошт, аммо пурсиши асосӣ аз маҷлиси 11-ум он аст, ки дар қиболи сиёсати хориҷие, ки таҳримҳоро барои Эрон рақам зада, бо Руҳонӣ ё бидуни Руҳонӣ, чӣ мехоҳад бикунад?

Рӯзномаи Шарқ (Эрон)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.