Ҳуқуқи башар

Созмони дидбони ҳуқуқи башар: “Мақомоти тоҷик фавран Далер Шарифовро озод кунанд!”

Масъули барномаҳои Урупо ва Осиёи Марказии Созмони дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch), бо баёни ин ки “Далер Шарифов дар миёни шумори хеле ками журналистони мустақили Тоҷикистон аст, ки озодона назари худро баён мекард”, гуфтааст: “Мақомоти тоҷик бояд билофосила иттиҳомоти сохта нисбати ӯро бекор ва худи ӯро озод кунанд.”

Ба гузориши пойгоҳи интернетии Родию Озодӣ, Созмони дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) бо нашри изҳороте рӯзи 21 феврал гуфт, мақомоти Тоҷикистон журналисти маъруфро, “зоҳиран, барои навиштаҳояш боздошт карданд”.

Бар пояи ин гузориш, Human Rights Watch дар баёнияи худ навиштааст: “Мақомоти тоҷик дар амри озод кардани Шарифов бояд билофосила иқдом кунанд ва нагузоранд, ки ӯ дар боздоштгоҳ мавриди бадрафторӣ қарор бигирад.

Ню Виллиамсон, масъули барномаҳои Урупо ва Осиёи Марказии ин созмон мегӯяд: “Далер Шарифов дар миёни шумори хеле ками журналистони мустақили Тоҷикистон аст, ки озодона назари худро баён мекард.” Ӯ афзудааст: “Мақомоти тоҷик бояд билофосила иттиҳомоти сохта нисбати ӯро бекор ва худи ӯро озод кунанд.

Ин созмон мегӯяд, ки баъди соли 2015 дар Тоҷикистон саркӯби озодиҳои башарӣ мушоҳида шуд ва мақомот, ба навиштаи Human Rights Watch, “150 нафарро бо иттиҳоме, ки дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошанд, зиндонӣ карданд.”

Қаблан дигар созмонҳои ҳомии ҳуқуқ — Афви Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон, Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ҳам хостори озодии Далер Шарифов шуданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.