Дидгоҳ

Чаро 23 феврал?

Тасвире аз нахустин ҳастаи “Фронти халқӣ”, ки тавассути Ҳикматулло Мирзоев дар Колхозободи собиқ роҳандозӣ шуда буд. Акс аз Азия-Плюс.

Агар қарор аст аз миёни кишварҳои пасошӯравӣ ба кишваре ишора шавад, ки бештарин саҳм дар ба мерос бурдани осору нишонаҳои низоми кумунистии Шӯравии собиқро дорост, бешак бояд аз Тоҷикистон ном бурд. Он ҳам, бо камоли таассуф, на мероси моддии он, балки мероси “маънавӣ”-аш. Тоҷикистон пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва эъломи истиқлол, фақат зоҳираш тағйир карда, аммо дар ҳақиқат, дорои ҳамон шокила ва систем (ба номе дигар албатта) ва ҳамон осору алоиме аст, ки Шӯравии кумунистӣ дошт. Яке аз ин осор, 23 феврал аст.

23 феврал дар қомуси сиёсии Тоҷикистон ба унвони “Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” яъне Рӯзи артиш дониста шудааст. Шояд барои баъзе аз насли ҷавони имрӯзи тоҷик маълум набошад, ки чаро 23 феврал Рӯзи артиши кишварашон шумурда шуда. 23 феврал дар воқеъ рӯзест, ки “Артиши сурхи болшевикӣ” таъсис шудааст.

“Артиши сурх” ва ё “Артиши сурхи коргарон ва кишоварзон” (Рабоче-крестьянская Красная армия — РККА), як нерӯи низомӣ буд, ки тавассути болшевикҳо пас аз инқилоби октябр, дар таърихи 23 феврали соли 1918 дар Русия ба вуҷуд омад ва созмондиҳӣ шуд. Ин нерӯи низомӣ сипас дар соли 1922 ба аслитарин нерӯи низомии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ (СССР) табдил гардид. Нақши асосиро дар таъсиси ин артиш Владимир Ленин ва Лев Тротский ифо кардаанд. (Манбаъ: Википедия)

Бинобар ин, дар даврони Шӯравӣ, 23 февралро ба унвони “Рӯзи артиши сурх” ҷашн мегирифтанд. Лозим ба ёдоварист, давлати Бухоро – ки дар воқеъ, давлати тоҷикон маҳсуб мешуд — ба дасти ҳамин артиш ишғол ва сарнагун ва тикка-пора гардид ва сипас Бухорои мову шумо ба чанд “-истон” тақсим шуд.

Барои як тоҷики миллатдӯст ва миҳанпараст бисёр аламовар аст, ки мақомоташ рӯзеро ба унвони иди артиши миллӣ баргузинанд, ки дар он рӯз, артише поярезӣ шудааст, ки сарзамини ӯро ишғол ва давлати вайро сарнагун ва тикка-тикка кардааст. Ҳамин артиши сурх буд, ки муқовимати миллӣ алайҳи болшевикҳои хунхор дар сарзамини моро шикаст ва муҷоҳидону миҳанпарастони воқеии моро ба хоку хун кашид.

Ва аҷиб он ки кишвари мо, ки бештарин саҳм дар ба мерос бурдани осору алоими “маънавӣ”-и Шӯравӣ аз ҷумла ҳамин 23 февралро дорост, аз мерос бурдани осори “моддӣ” ва силоҳу таҷҳизоти низомии Шӯравӣ маҳрум гардид, бар хилофи соири кишварҳои пасошӯравӣ, ки ҳар як, саҳме дар ин ирс доштанд.

Албатта, ихтиёри 23 феврал ба унвони Рӯзи артиши Тоҷикистон пас аз “истиқлол”, вақте бидонем чӣ касоне ин рӯзро баргузидаанд, чандон ҷойи шигифтӣ ҳам боқӣ намегузорад. Зеро афроде ин рӯзро ихтиёр кардаанд, ки ҳаргиз ва абадан ҷонибдори истиқлоли Тоҷикистон набуданд. Ин рӯз тавассути поягузорони “Фронти халқӣ” баргузида шуда. Дар Википедия омадааст. (Айни он чиро дар ин донишнома омада мегузорам):

Дар замони Шӯравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои низомии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ миллӣ гардонида нашудаанд. Пешниҳоди идкунии «Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ибтидои Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба миён омадааст. 23 феврали соли 1993 аз ҷумлаи ихтиёриёни «Фронти халқии Тоҷикистон», ки ҳамчун ҳимоятгарони низомии Хукумати Тоҷикистон ташкил ёфта буданд, дар майдони марказии пойтахт ш. Душанбе паради низомӣ баргузор гардид. Дар он намоиш аз «Фронти халқии Тоҷикистон» ҷониби кумондони «Фронти халқии Тоҷикистон» дархост карда шуд, ки 23 феврал ҳамчун иди Артиши миллӣ эътироф карда шавад.”

Хӯҷа Каримов маъруф ба “Хӯҷа-командир” — ки чанд рӯз пеш аз Амороти Арабии Муттаҳида оварда шуд — ва низ Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов (ки муҷассамаи ин ду дар Хатлон насб шуда) ва ҳамчунин Маҳмуд Худойбердиев, Эмомалӣ Раҳмон, Сафаралӣ Кенҷаев ва чанд тани дигар, поягузорони “Фронти халқии Тоҷикистон” мебошанд; “фронте”, ки ба гуфтаи Квачков, ба кӯмаки Русия ва Ӯзбакистон ташкил шудааст. Ҳамин афрод, ки аз алоқамандони шадид ба бақои низоми кумунистии Шӯравӣ буданд, 23 февралро ба унвони “Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ихтиёр кардаанд.

Умедворем, таърихе барои артиши миллии мо баргузида шавад, ки барозандаи як кишвари мустақил бошад.

Саломат бошед!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.