Саҳюнизми ҷаҳонӣ

Саҳюнистҳо ҷасади як фаластиниро бо булдозер леҳ карданд – (Видео)

Як навҷавони фаластинӣ дар натиҷаи тирандозии низомиёни саҳюнист дар шаҳри Хонюнус дар ҷануби навори Ғазза шаҳид шуд ва саҳюнистҳо ҷасади ӯро бо булдозер леҳ карданд.

Дар видеое, ки мунташир шудааст, дида мешавад, ки низомиёни саҳюнистӣ пайкари ин шаҳидро бо булдозер леҳ мекунанд.

Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ дар баёнияе, бо ишора ба ин ҷинояти режими саҳюнистӣ, зимни ваҳшиёна хондани ин иқдом, ҳушдор дод: “Дастеро, ки ба сӯйи ҷавонони мо дароз шуда, ҳамон тавр ки пештар Сароё ал-Қудс (шохаи низомии ин ҷунбиш) анҷом доданд, қатъ хоҳем кард. Мо ҳеч гоҳ мардуми худро раҳо намекунем.”

Ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос низ ба ин иқдоми саҳюнистҳо вокуниш нишон дод. Ба гузориши рӯзномаи Алқудс, Фавзӣ Барҳум, сухангӯи ҷунбиши Ҳамос дар ин хусус гуфт: “Иқдоми амдии режими саҳюнистӣ дар ба шаҳодат расондани як ҷавони фаластинӣ ва шиканҷаи ҷасад ӯ дар муқобили чашмони ҳама, ҷинояти фаҷеъе аст, ки ба листи сиёҳи ҷиноятҳои ин режим афзуда шуд.”

Барҳум дар идома афзуд: “Ин ҷиноятҳо ва коршиканиҳо миллати моро бознахоҳад дошт ва онҳоро таслим нахоҳад кард, балки қудрат ва субот ва тавассули мардумро ба сарзамин ва ҳуқуқашон дучандон хоҳад кард. Ин иқдомот пофишории миллат дар муқобила бо ишғол ва он ҳам бо тамоми роҳҳои мавҷуд, абзорҳо ва дар ниҳоят тамоми шаклҳои муқовимат афзоиш хоҳад дод. Ин иқдомот тавони мардумро дар дифоъ аз ҳуқуқ ва усулашон бо тамоми қудрат бештару бештар хоҳад кард ҳарчанд, ки теъдоди қурбониён зиёд бошад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.