Ҷаҳон

Ташаккури чиниҳо аз кӯмакҳои пизишкии Туркия ба ин кишвар

Бисёре аз расонаҳо ва мардуми Чин аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз Туркия ба далели ирсоли кӯмакҳои пизишкӣ ба кишварашон дар мубориза бо вируси куруно ташаккур карданд.

Хабаргузории Онотулӣ навишт, рӯзномаи People’s daily, ки яке аз муҳимтарин рӯзномаҳои Чин аст, тайи хабаре бо титри “Туркия ба Чин таҷҳизоти пизишкӣ ирсол кард”, навишт, ки Туркия барои мардуми Чин моск ва таҷҳизоти пизишкӣ ирсол кардааст.

Ҳамчунин дар ин хабар омада, ки ҳавопаймои низомии A400M-и Туркия пас аз тахлияи таҷҳизоти пизишкӣ дар Чин, шаҳрвандони гирифтори худ дар шаҳри Вуҳонро ба Туркия бозгардондааст.

Яке аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба номи Жуу, дар ин бора навишт: “Ташаккур Туркия! Дӯсти рӯзҳои сахт. Туркия дӯсти воқеии мардуми Чин аст.”

Яке дигар аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ бо ташаккур аз Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, навиштааст: “Ташаккур, мардуми Туркия!

Гуфтанист, Туркия бо ҳавопаймои A400M-и нерӯи ҳавоии артиши ин кишвар таҷҳизоти пизишкӣ ба Чин ирсол кард. Ин таҷҳизот шомили; ҳазор адад либоси зидди хатари биулужикӣ, 93 ҳазору 500 адад моск, ҳазор либоси муҳофизи якбормасраф ҳастанд, ки ба манзури муқобила бо вируси ҳамагири куруно ва ҷиҳати ҷилавгирӣ аз шуюъи он ба кишварҳои дигар, ба мақомоти чинӣ таҳвил дода шуданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.