Ҷаҳон

Шумори мубталоён ба вируси куруно дар Эрон ба 43 нафар ва теъдоди фавтшудаҳо ба 8 нафар расид // Маншаи вуруди куруно ба Эрон маълум шуд – (Видео)

Киёнуш Ҷаҳонпур, раиси Маркази иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон гуфт, то ин лаҳза, муроҷеакунандаҳо ба марокизи Вазорати беҳдошт таҳти озмоиш қарор гирифтаанд ва зарфи рӯзи гузашта 10 фарди мубтало ба вируси куруно ташхиси қатъӣ шуд, ки бо таваҷҷӯҳ ба омори рӯзҳои гузашта, маҷмӯи мубталоён ба 43 нафар ва фавтшудаҳо 8 нафар расид.

Ба гузориши Fararu, вай идома дод: “18 мавриди мубталои қаблӣ, ки то рӯзи гузашта шиносоӣ шуда буданд низ шомили 2 маврид дар устони Гилон, 4 маврид дар Теҳрон ва 12 маврид дар устони Қум аст, бинобар ин ағлаби мубталоёне, ки то кунун шиносоӣ шудаанд ва ибтилои онҳо ба вируси куруно собит шуда сокини Қум буда ё тайи рӯзҳо ва ҳафтаҳои гузашта ба Қум сафар доштаанд.”

Вай гуфт: “Аз мардум мехоҳем сафарҳои зарурии худро ба шаҳрҳое, ки даргири ин беморӣ ҳастанд бахусус шаҳри Қум маҳдуд кунанд ва тавсияҳои беҳдоштии Вазорати беҳдошт бахусус шустушӯи мудовими дастҳо ва парҳез аз даст доданро ҷиддӣ бигиранд.”

Ин дар ҳолест, ки дуктур Саъиди Намакӣ, вазири беҳдошти Эрон, аз шиносоии фарде гуфт, ки эҳтимол дорад маншаи вуруди куруно ба ин кишвар буда бошад. Ин фард як бозаргони қумӣ буда, ки ба Чин сафар дошта ва бар асари ин беморӣ низ фавт шудааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.