Дидгоҳ

Вақте як устоди донишгоҳ дар Тоҷикистон шиаён ва Раҳматилло Зоировро “ифротгаро ва хурофотӣ” мехонад…

Бар мабнои Қонуни Асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низ тибқи қавонини ҷорӣ, дар сурате, ки Раҳим Каримов расман аз Зоиров ва низ шиаён узрхоҳӣ накунад, Раҳматилло Зоиров ва низ пайравони мазҳаби шиа метавонанд аз болои ӯ ба додгоҳ шикоят ва ӯро ба маҳкама бикашонанд.

Раҳим Каримов маъруф ба Домулло Абдураҳим, ҳамроҳ бо ду тани дигар ба номҳои Раҳимов У. ва Каримов И. дар мақолае таҳти унвони “Хурофотпарастӣ — офати ҷомеа”, бо баёни ин ки “ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикиҳо буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтиҳоро ба бор меорад”, илова бар ҲНИТ ва Гурӯҳи 24, шиа ва Раҳматилло Зоировро низ ҷузъи ин ҷараёнҳо дониста навиштааст: “Омӯзиши ҷараёнҳои нав ба мо собит менамояд, ки ин ҷараёнҳо ба мисли “Ихвон-ул-муслимин”, “Шиа”, “ТЭТ ҲНИ”, “Гурӯҳи 24” ва пайравони он дар заминаи афкори иртиҷоию хурофопарастӣ бунёд ва таъсис гардида, ҳадафи асосии эшон ба ҳар роҳу восита таҳмил намудани сиёсати нопоку ғаразноки худ ба аҳли ҷомеа буда, ҳадафи аслии онҳо халалдор намудани фазои осоиштаи кишвари азизамон мебошад.”

Раҳим Каримов, ки дар ҳоли ҳозир яке аз устодони Донишкадаи Исломии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, дар ин мақола ҳамчунин навиштааст: “Имрӯзҳо баъзе ҷараёнҳои диние пайдо шудаанд, ки аёну ошкоро барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ ва молу дунё ва ҷорӣ намудани афкори хурофотӣ ва иртиҷоии худ даст ба ҳар гуна фитнаву ошубгариҳо мезананд. Аз ҷумлаи чунин гурӯҳҳои хурофотӣ «ДИИШ», «ТЭТ ҲНИ» “Раҳматилло Зоиров” ва “гуруҳи 24” ва ғайра мебошанд, ки дар як муддати кӯтоҳе, ки дар қаламрави кишвари азизамон пайдо гардидаанд, ки аз ҳадафҳои номубораки худ дарак медиҳанд. Онҳо бо саъю талошҳои худ дар байни мардум дар ибодот ва расму русумҳои мардумӣ тафриқаандозиҳоро ба роҳ монда, тавассути афкори иртиҷоӣ ва хурофотии худ бо ташвиқу тарғиб намудани баъзе инсонҳои бемаърифат мехоҳанд авзои ороми ҷомеаи моро халалдор намоянд.”

Вай, бо қарор додани шиаён ва Раҳматилло Зоиров дар қатори ҷараёнҳои ба иддаои ӯ, “ифротӣ ва хурофотӣ” муддаӣ шудааст: “Онҳо зери ниқоби бо ном пайравони дини мубини Ислом будан асосан ҷавононро мехоҳанд ҳамчун пайравони худ қарор дода, афкори тозаю беолоиши онҳоро ба пиндорҳои ба ботил олудаи худ омехта намоянд ва мафкураи онҳоро ба худ мусаххар гардонанд.”

Каримов дар бахше дигар аз мақолаи худ, тасреҳ кардааст: “Мутаассифона баъзе гурӯҳҳое пайдо шудаанд, ки мисли “Ихвон-ул-муслимин”, “Шиа”, “ТЭТ ҲНИ”, “Гуруҳи 24” ва пайравони он ҷодугарию фолбинӣ намуда, мардумро ба зарари ҷомеа бармехезонанд ва тарфдори худ мекунанд, баъди ин ки кор ба итмом расид ва ба мақсадҳои худ расиданд, мардум огоҳ мешаванд, ки дар доми онҳо афтида фиреб хӯрдаанд, ки дигар ба онҳо ҳеҷ фоидае надорад.”

Вай афзудааст: “Тибқи маълумотҳои имрӯза баъзе мардумони ҷоҳилу бесаводи шаҳрвандони мамлакат ба ин гуруҳҳои ифротӣ ва хурофотпараст ба мисли “Ихвон-ул-муслимин”, “Шиа”, “ТЭТ ҲНИ”, “Гуруҳи 24” ва пайравони он пайравӣ намуда, дар гирдоби фитнаҳою ошубҳои онҳо ғутта хӯрдаанд, ки дигар наметавонанд аз он берун шаванд.”

Иддаои Раҳим Каримов мабнӣ бар “ифротӣ” хондани Раҳматилло Зоиров ва низ шиаён, дар ҳоле аст, ки ҳукумати Тоҷикистон расман на Раҳматилло Зоиров, на ҲСДТ ва на шиаёнро ҷузъи гурӯҳҳои “ифротӣ” намедонад, бахусус бо дар назар гирифтани он, ки шумори қобили таваҷҷӯҳе аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пайрави мазҳаби шиаи исмоилия мебошанд ва ҳамчунин Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки аксари шаҳрвандонаш пайрави мазҳаби шиа мебошанд равобити ба истилоҳ, диплумотик ва “дӯстона” дорад.

Бар мабнои Қонуни Асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низ тибқи қавонини ҷорӣ, дар сурате, ки Раҳим Каримов расман аз Зоиров ва низ шиаён узрхоҳӣ накунад, Раҳматилло Зоиров ва низ пайравони мазҳаби шиа метавонанд аз болои ӯ ба додгоҳ шикоят ва ӯро ба маҳкама бикашонанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.