Саҳюнизми ҷаҳонӣ

Исроил пойгоҳҳои низомии вобаста ба ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин дар ҷануби шаҳри Димишқи Сурияро бомбборон кард – (Видео)

Ҳавопаймоҳои ҷангии режими саҳюнистӣ аҳдоферо дар атрофи фурудгоҳи Димишқ, ки гуфта мешавад вобаста ба ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин мебошад, ҳадаф қарор доданд.

Овихой Адруъӣ, сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ, дар паёме дар Твиттер, навишт, ки артиши ин режим силсилаҳамлаҳоеро ба пойгоҳҳои вобаста ба ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин дар ҷануби шаҳри Димишқ, пойтахти Сурия ва низ дар навори Ғазза анҷом додааст.

Вай афзуд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии ин режим минтақаи Адлия дар атрофи Димишқро, ки пойгоҳи вобаста ба Ҷиҳоди Исломии Фаластин буда ҳадаф қарор додааст.

Артиши Сурия низ эълом кард, ки ин ҳамла аз фарози Ҷулони ишғолӣ ба сӯи атрофи Димишқ партоб шудааст ва падофандҳои артиши Сурия ҷилави бисёре аз онҳоро гирифтааст.

Ин ҳамла пас аз он сурат мегирад, ки гурдонҳои Алқудс — шохаи низомии ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин, тайи баёнияе масъулияти ҳамлаи мушакӣ ба шаҳракҳои “Исроил”-ро бар ӯҳда гирифт.

Шохаи низомии ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин шомгоҳи якшанбе ва дар вокуниш ба ҷинояти саҳюнистҳо, дастикам 20 мушак ба сӯи шаҳракҳои исроилӣ партоб кард.

Артиши режими саҳюнистӣ субҳи якшанбе дар ҳамлаи тӯпхонаӣ ба навори Ғазза, Муҳаммад ан-Ноъимро ба шаҳодат расонд ва булдозер ҷасади ӯро леҳ карданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.