Маснавии Маънавӣ

Ман бандаи мастию тиҳидастии ту

Мавлоно дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ” гӯяд:

“Миёни банда ва Ҳақ ҳиҷоб ҳамин дуст ва боқии ҳуҷуб (ҳиҷобҳо) аз ин ду зоҳир мешавад, ва он (ду ҳиҷоб:) сиҳҳат аст ва мол. Он кас, ки тандуруст аст, мегӯяд: “Худо ку? Ман намедонам ва намебинам!” Ҳамин ки ранҷиш пайдо мешавад, оғоз мекунад, ки: Ё Аллоҳ! Ё Аллоҳ!, ва ба Ҳақ ҳамрозу ҳамсухан мегардад.
Пас дидӣ, ки сиҳҳат ҳиҷоби ӯ бувад ва Ҳақ зери он дард пинҳон бувад. Ва чандон ки одамиро молу наво ҳаст, асбоби муродот (муродҳо) муҳайё мекунад ва шабу рӯз ба он машғул аст. Ҳамин ки бенавоияш рӯ намуд, нафс заъиф гашт ва гирди Ҳақ гардад:

Мастию тиҳидастият оварад ба ман,

Ман бандаи мастию тиҳидастии ту.”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ)

Мавлоно ҳамин мазмунро дар Маснавӣ низ овардааст:

Гӯшаи бегӯшаи дил шаҳраҳест,

Тоби “Ло шарқию ло ғарб” аз маҳест.

Ту аз ин сӯву аз он сӯ чун гадо,

Эй кӯҳи маънӣ! Чӣ меҷӯйӣ садо?

Ҳам аз он сӯ ҷӯ, ки вақти дард ту

Мешавӣ дар зикри “Ё Раббӣ” дутӯ.

Вақти дарду марг он сӯ менамӣ,

Чунки дардат рафт, чунӣ аъҷамӣ?

Вақти миҳнат гаштаӣ Аллоҳгӯ,

Чунки миҳнат рафт, гӯйӣ роҳ ку?

Ин аз он омад, ки Ҳақро бегумон

Ҳар кӣ бишносад, бувад доим бар он.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.