Сиёсат

Натоиҷи ниҳоии интихоботи порлумони Эрон эълом шуд: 75 дарсади курсиҳо дар ихтиёри усулгароён қарор гирифт

Натоиҷи ниҳоии 11-умин давраи интихоботи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ (порлумон)-и Эрон эълом шуд. Бар асоси ин натоиҷ, се чаҳоруми курсиҳои порлумони ояндаи Эрон дар ихтиёри усулгароён қарор гирифтааст.

Пас аз мушаххас шудани натоиҷи ниҳоии интихоботи маҷлис (порлумон)-и Эрон, Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, эълом кард, ки беш аз 42 дарсад аз дорандагони шароити раъй дар Эрон, дар ин интихобот ширкат карданд.

Бар асоси омори расмии Вазорати кишвари Ҷумҳурии Исломӣ, 24 милюну 500 ҳазор нафар дар интихоботи маҷлис раъй додаанд.

Интихоботи 11-умин давраи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ (порлумон)-и Эрон, дар 208 ҳавзаи интихобӣ аз ҷумла 6 ҳазору 112 шӯъбаи шаҳрӣ, 577 шӯъбаи рустоӣ ва 461 шӯъбаи сайёр, барои таъйини 290 намояндаи Маҷлиси Шӯрои Исломии ин кишвар дар саросари Эрон баргузор шуд.

Натоиҷи эъломшуда нишон медиҳанд, ки усулгароён аксарияти курсиҳои порлумонро дар ин интихобот ба даст овардаанд.

Ситоди интихоботи Эрон феҳристи 30 нафараи ҳавзаи интихобот дар Теҳронро дирӯз эълом кард ва ин феҳрист Муҳаммадбоқири Қолибоф, сиёсатмадори усулгаро ва шаҳрдори пешини Теҳронро дар садр қарор медиҳад. Қолибоф пеш аз ин 3 бор дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ номзад шуда буд, ки ду бор шикаст хӯрда ва як бори дигар низ худ инсироф дод.

Ҷойгоҳи дуввум дар ин феҳрист низ ба Мустафо Мирсалим, сиёсатмадори усулгарои эронӣ ва аз аъзои Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом, ки дар давлати дуввуми Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раисиҷумҳури пешини Эрон, вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ буд, дода шудааст.

Пас аз ин ду усулгаро, Муртазо Оқо Теҳронӣ, дабири кулли Ҷабҳаи Пойдории Инқилоби Исломӣ ва Илёси Нодирон дар феҳристи натоиҷи аввалияи Теҳрон қарор доранд.

Дар ҳоли ҳозир таклифи 241 курсии порлумони 290 нафара мушаххас шуда, ки аз миёни онҳо, 191 нафар усулгаро, 16 нафар ислоҳталаб ва 34 нафар мустақил ҳастанд. Таклифи бархе курсиҳо низ дар марҳилаи дуввум ба зудӣ мушаххас хоҳад шуд.

Натоиҷи эъломшуда нишон медиҳанд, ки усулгароён аксарияти курсиҳои порлумонро ба даст овардаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.