Сиёсат

Омрико ба дунболи ҳукумати паштунҳо дар Афғонистон аст

Ройзани пешини Эрон дар Афғонистон гуфт: “Дар ин миён бояд мутаваҷҷеҳ бошем, ки Иёлоти Муттаҳида ба дунболи он аст, то як ҳукумати сад дар сад паштун рӯйи кор биёяд ва ба ҳамин далел дар ҳоли ворид кардани Толибон дар муъодилоти Афғонистон аст.”

Абдулмуҳаммади Тоҳирӣ, ройзани пешини Эрон дар Афғонистон, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Илно, дар бораи сулҳи Толибон ва Омрико изҳор кард: “Натиҷаи музокироти сулҳи Омрико ва Толибон ҳар чи бошад, ба нафъи Толибон аст ва нишон медиҳад, ки ин ҷараён тавониста омрикоиҳоро ба ҳошия биронад.”

Абдулмуҳаммади Тоҳирӣ, ройзани пешини Эрон дар Афғонистон

Вай дар бораи оташбаси якҳафтаӣ миёни Толибон ва Омрико гуфт: “Ҳар замоне мумкин аст оташбас нақз шавад ва ҳатто эҳтимол дорад дар ҳафтаи ҷорӣ иттифоқҳои зиёде рух диҳад. Суоли аслӣ дар мавриди сулҳи Афғонистон ин аст, ки ояндаи гурӯҳҳои дигар монанди Алқоъида ва ДОЪИШ чӣ мешавад? Посухи ин суол ҳанӯз мушаххас нест ва асосан маълум нест, ки ояндаи ин гурӯҳҳо пас аз имзои тавофуқ миёни Толибон ва Омрико чӣ мешавад, ҳатто баҳси ояндаи музокирот бо давлати марказии ин кишвар ҳам мушаххас нест.”

Тоҳирӣ идома дод: “Он чи аз вазъияти феълӣ ва эъломияи Толибон бармеояд ин аст, ки ҷараёни Толибон ҳамчунон ба дунболи ҳифзи қудрати худ аст ва дар ин миён саҳмаш дар давлати ояндаро талаб мекунанд. Ахиран сухангӯи Толибон эълом карда, ки Амороти Исломии Афғонистон дар ҳоли имзои тавофуқ бо Омрикост ва ду тараф бояд ӯҳдадор ба коҳиши хушунат ва ҳифзи оташбас шаванд. Нуктаи муҳим ин аст, ки истифода аз лафзи “Амороти Исломӣ” дақиқан ҳамон чизе аст, ки омрикоиҳо аз он тарс доранд ва нишон медиҳад, ки Толибон ҳамчунон бар мавзеъи худ пофишорӣ мекунад.”

Вай афзуд: “Дар ин миён бояд мутаваҷҷеҳ бошем Иёлоти Муттаҳида ба дунболи он аст, то як ҳукумати сад дар сад паштун рӯи кор биёяд ва ба ҳамин далел дар ҳоли ворид кардани Толибон дар муъодилоти Афғонистон аст.”

Тоҳирӣ идома дод: “Зарофати парвандаи сулҳи Афғонистон ин ҷост, ки Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли музокира бо ҳамон гурӯҳест, ки даҳаҳои 90 дар Афғонистон ҳукумат мекард, ба ин ҷиҳат аст, ки мегӯям Вошингтун ба дунболи идомаи ҳукумати паштунҳо дар Афғонистон аст.”

Ин таҳлилгари масоили ҷануби Осиё бо ишора ба саҳмхоҳии ҳаддиаксарии Толибон дар муъодилоти феълӣ, гуфт: “Мушкилоте, ки дар Афғонистон вуҷуд дорад, пас аз имзои тавофуқ миёни Толибон ва Омрико аз ҳолате ба ҳолати дигар тағйири шакл медиҳад; чаро ки тайфи густурдае аз мардуми Афғонистон наметавонанд бо Толибон канор биёянд.”

Вай афзуд: “Баъид медонам, ки ҷомеаи имрӯзи Афғонистон пазирои як ҳукумат бо унвони “Амороти Исломии Афғонистон” бошад. Дар ин як ҳафта баъид аст иттифоқит хоссе рух диҳад; чаро ки Толибон мехоҳад қудрати худ барои ҳифзи оташбасро ба намоиш бигузорад, аммо бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки Толибон бидуни касби имтиёз силоҳҳои худро бар рӯи замин нахоҳанд гузошт.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.