Забон ва адабиёт

Ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” ба Дориюши Раҷабиён дода шуд — (Тасовир)

Ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” дар панҷумин ҳамоиши “Посдорӣ аз забони модарӣ”, ки ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ аз сӯйи Конуни фаромарзии порсигӯён дар Ландан баргузор гардид, ба Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори тоҷик ва бунёнгузори гурӯҳи “Забони порсӣ” дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва маҷаллаи “Забони порсӣ” дар Тоҷикистон, ва низ ба Партави Нодирӣ, аз фаъолони арсаи забон ва адабиёти порсӣ аз Афғонистон, дода шуд.

Исфандиёри Одина, рӯзноманигори тоҷик, дар ёддоште дар гурӯҳи “Забони порсӣ” дар Фейсбук, зимни табрики Раҷабиён ба ин ҷоизаи гаронмоя ва тақдиру ташаккур аз Конуни фаромарзии порсигӯён дар Ландан, навиштааст: “Мояи хушҳолӣ аст, ки ҷомеаи порсизабони ҷаҳон ба қадри фарзандони барӯмандаш мерасад.”

Гуфтанист, Додихудо Қадамзода, фаъоли фарҳангии тоҷик, дар ёддоште дар таърихи 22 феврал дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук, зимни эълони баргузории ин ҳамоиш, аз дӯстдорон ва алоқамандон ба забони порсӣ даъват ба амал оварда буд, то дар ин ҳамоиш ширкат кунанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.