Сиёсат

Баёнияи нигаронкунандаи КШНГЗС // Оё ҳукумат аз нав рӯй ба сиёсати рабудан ва ё терури мухолифон овардааст?

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) мегӯяд: “Аз дохили кишвар ба мо хабар расид, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон чанд тим ташкил дода, ба баъзе аз кишварҳои пасошӯравӣ ва ҳатто урупоӣ барои ҷисман аз байн бурдани баъзе аз фаъолони сиёсӣ ва рӯзноманигорон фиристодаанд.”

Зуҳри дирӯз Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), бо судури баёнияе, ифшо кард, ки “мақомоти амниятии Тоҷикистон бо мақсади аз байн бурдан ва ё рабоиши рӯзноманигорони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон фаъолият мекунанд, гурӯҳҳоеро ба ин кишварҳо сафарбар кардаанд.” Дар ин баёния омадааст, “ин гурӯҳҳо муддате аст рафту омадҳои ин рӯзноманигоронро зери назар гирифтаанд.”

КШНГЗС дар баёния худ, аз Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ва бахусус Созмони байнулмилалии “Рӯзноманигорони бидуни марз”, тақозо кардааст, “барои таъмини амнияти рӯзноманигорони фаъол дар ин кишварҳо, чораҳои лозимро биандешанд.”

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, дар посух ба ин пурсиши Кимиёи саодат, ки чаро КШНГЗС дар баёнияи худ аз ҷузъиёти ин таҳдид чизе нагуфтааст ва номе ҳам аз рӯзноманигорони таҳдидшуда набурда ва онҳо дар кадом кишварҳо қарор доранд?, изҳор дошт:

Бале, дар баёнияи КШГНЗ ҷузъиёт гуфта нашудааст ва ба лиҳози амниятӣ, феълан наметавонем бигӯем киҳо ҳастанд, ки мавриди таҳдид қарор гирифтаанд ва дар кадом кишварҳо қарор доранд. Ҳамин миқдор мегӯем, ки аз дохили кишвар ба мо хабар расид, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон чанд тим ташкил дода, ба баъзе аз кишварҳои пасошӯравӣ ва ҳатто урупоӣ барои ҷисман аз байн бурдани баъзе аз фаъолони сиёсӣ ва рӯзноманигорон фиристодаанд.”

Вай афзуд: “Дар ҳоли ҳозир, дар ҳоли ҳамоҳангсозӣ бо худи ин рӯзноманигорон ва низ созмонҳои ҳуқуқи башар ва давлатҳое, ки ин азизон дар он ба сар мебаранд ҳастем. Ҳамин ки азизон ба ҷойи амн мунтақил шаванд ва хотирамон аз амнияти онҳо ҷамъ гардад, ҷузъиёти ин моҷароро расонаӣ хоҳем кард.”

Шарофиддин Гадоев

Гуфтанист, дар таърихи 14 феврали соли 2019, Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон ва узви Шӯрои олии ПМТ, дар фурудгоҳи Маскав тавассути кормандони амнияти Тоҷикистон ва бо ҳамкории баъзе ниҳодҳои Русия рабуда шуда ва ба Тоҷикистон мунтақил шуд, аммо дар натиҷаи фишорҳои байналмилалӣ мақомоти Тоҷикистон ӯро озод карданд ва ба Ҳуланд баргашт.

Ҳамчунин, мақомоти амниятии тоҷик бо ҳамкории баъзе доираҳои рус, Мақсуд Иброҳимов, Эҳсон Одинаев ва Мулло Наимҷон Самиевро низ аз Русия рабуда ва ба Тоҷикистон мутақил карда буданд, ки сарнавишти Эҳсон Одинаев ҳанӯз норӯшан, аммо Мақсуд Иброҳимов ва Домулло Наимҷон Самиев зиндонӣ шуданд.

Эҳсон Одинаев

Дар моҳи марти соли 2015 низ Умаралӣ Қувватов, поягузор ва раҳбари Гурӯҳи 24 дар Туркия тавассути муздурони мақомоти амниятии Тоҷикистон ибтидо масмум ва сипас бо шиллики гулӯла терур шуда буд.

Дар августи соли 2018, Муҳаммадалӣ Расулов, афсари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) пас аз ҷудо шудан аз ин кумита ва паноҳ овардан ба Урупо, дар як паёми видеоӣ даст ба эътирофоти хатарноке зад. Ӯ ба сурати зимнӣ эътироф кард, ки терури Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов кори дасти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон будааст. Ӯ дар сабаби ҷудо шуданаш аз ин кумита гуфта буд: “Намехоҳам ҳодисае, ки дар Туркия бо Умаралӣ Қувватов рух додааст, такрор шавад.”

Мулло Наимҷон Самиев

Расулов дар ин эътирофот ҳамчунин аз ду тан аз афсарони баландпояи КДАМ ном бурд, ки дар Русия таҳти пӯшиши тиҷорӣ машғул ба харобкориҳо будаанд, яке полковник Назаров ва дигар майор Абдураҳимов. Тибқи гуфтаи Расулов, “ин афсарон дар қаламрави Федеросиюни Русия ғайрирасмӣ фаъолият мекунанд. Ман ҳамчун ходими ҷамъиятӣ амал менамудам, инҳо бошанд ҳамчун намояндагони ширкатҳои тиҷоратӣ.”

Бар пояи гуфтаҳои Расулов, маъмурияти ин гурӯҳи сенафара (Назаров, Абдураҳимов ва худи Расулов) иборат аз нуфуз ба саффи мухолифон ва истихдоми афроди муносиб аз миёни онон ва кор рӯи онҳо будааст; он ҳам, ё барои баргардондани онҳо ва ё барои истихдоми онон дар ростои аҳдофи ҳукумат мисли коштани базри ихтилофу тафриқа ва эҷоди дудастагӣ миёни опозисиюн ва ё ҷамъоварии маълумоти зарурӣ дар бораи раҳбарони опозисиюн барои терур ва қатли онҳо.

Муҳаммадалӣ Расулов

Расулов дар ин паёми видеоӣ аз барномаи КДАМ мабнӣ бар қасди терури раҳбари ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ парда бардошта гуфта буд: “Тарҳи ҷадиди мо (гурӯҳи сенафара) ин буд, ки ман бояд ба Урупо бармегаштам ва машғули ҷамъоварии иттилооти дақиқ (дар бораи Муҳиддин Кабирӣ) мешудам. Мавзӯъи тарҳ, қатли раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ буд. Дар иҷрои ин тарҳ, ба гуфтаи полковник Назаров, намояндагони дигар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ҳам ширкат мекарданд. Вазифаи асосии ман, вақте ба Олмон баргаштам, ин буд, ки ба мухолифон наздик мешудам, аз он ҷумла бо Муҳиддин Кабирӣ ва сипас маҳалли иқомати ӯ ва фарзандон ва хонаводаашро мушаххас мекардам; ин ки убуру мурури онҳо аз кадом хиёбон аст, ба кадом шаҳрҳо сафар мекунанд, дар куҷо хӯрок мехӯранд, вуруду хуруҷашон бештар ба кадом биноҳост, хӯрокашон бештар чист ва ғайра аз иттилоотро ҷамъ намуда ва ба марказ мухобира мекардам.”

Вай тасреҳ кард: “Ин тарҳ, ки тавассути КДАМ поярезӣ шуд, тарроҳаш шахси Ятимов (раиси КДАМ) аст.” Расулов таъкид кард, ки “барномаи сӯиқасд ба ҷони Муҳиддин Кабирӣ, яъне ба қатл расонидани Кабирӣ, ҳанӯз рӯи миз аст ва дар оянда бояд амалӣ шавад…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.