Ҷаҳон

Охирин омори куруно дар Эрон: 98 тан мубтало ва 15 нафар фавт – (Ҷадвал)

Омори мубталоён ба вируси куруно дар Эрон ба 98 тан ва ҷонбохтагон ба 15 тан расидааст.

Дуктур Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон дар ин бора гуфт, бо баррасиҳои анҷомшуда аз байни афроди машкук, то кунун ибтилои шумори ҷадиде аз афрод ба вируси куруно қатъӣ шуда ва бар асоси охирин натоиҷи озмоишҳо, ибтилои 34 мавриди ҷадид аз зуҳри рӯзи гузашта то имрӯз қатъӣ шудааст.

Вай афзуд: “Аз ин 34 нафар, 16 нафар дар устони Қум, 9 нафар дар устони Теҳрон, 1 нафар дар устони Форс, 2 нафар дар устони Мозандарон, 2 нафар дар устони Гилон, 1 нафар дар Нишопур, 2 нафар дар устони Албурз ва 1 нафар дар ҷазираи Қишм ҳастанд. Бар ин асос, омори мубталоёни қатъӣ аз ибтидо то ба имрӯз 98 тан аст.”

Раиси Маркази иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон афзуд: “То зуҳри имрӯз омори ҷонбохтагон ин беморӣ дар кишварамон ба 15 тан расидааст.”

Бар асоси гузориши Вазорати беҳдошти Эрон, 3 тан аз мубталоёни қатъии вируси куруно дар ин кишвар беҳбуд ёфта ва мураххас шудаанд.

Рубрики:Ҷаҳон, Ҷаҳони ислом

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.