Сиёсат

Пушти пардаи истеъфои Моҳотир Муҳаммад

Соҳибназарон бар ин боваранд, ки истеъфои Моҳотир Муҳаммад сирфан моҳияти дохилӣ дорад ва вай тайи яке ду рӯзи оянда муҷаддадан ташкили давлат хоҳад дод…

Моҳотир Муҳаммад, нахуствазири пуровозаи Молезӣ (Малайзия), ки солҳо ин кишварро бо корномае бисёр дурахшон идора кардааст, ба якбора аз қудрат канор рафт. Ӯ дар солҳои 1981 то 2003 нахуствазиир буд ва сипас дар соли 2018 низ муҷаддадан интихоб шуд. Моҳотир Муҳаммад, ки ба далели сиёсати иқтисоди озод ин кишварро ба авҷи шукуфоии иқтисодӣ расонд, маҳбубтарин сиёсатмадори Молезӣ ба ҳисоб меояд. Ӯ як чеҳраи зидди истеъмор ҳам ба ҳисоб меояд.

Аммо чӣ шуд, ки Моҳотир Муҳаммад ба якбора атои қудратро ба лиқои он бахшид? Албатта, ки ӯ ҳизби худро таҳти унвони “Бумитаборони муттаҳиди Молезӣ” ҳифз хоҳад кард, аммо дигар тасмимгиранда нест.

Ба гузориши Khabaronline, нозирон мӯътақиданд, ки ин истеъфо монанди гаравгонгирии Саъд Ҳарирӣ (назхуствазири пешини Лубнон)  дар Арабистон аст. Ҳол аз чӣ боб ин фарзия матраҳ аст? Нигоҳе ба мавозеъи Моҳотир Муҳаммад дар чанд моҳи гузашта, шояд гувоҳи ин бовар бошад.

Моҷаро аз ҷойе оғоз шуд, ки Моҳотир Муҳаммад ҷаласаи Созмони ҳамкории исломиро дар Куоло-ломпур баргузор кард. Нишасте, ки бисёр мавриди истиқболи Қатар ва Туркия — ду кишваре, ки бо Саудӣ мушкилоти бисёр доранд, қарор гирифт.

Иҷлоси Куоло-ломпур барои аввалин бор ба ибтикори Моҳотир Муҳаммад аз 18 декабр то 20 декабри соли гузашта баргузор шуд. Мутафаккирон ва соҳибназарон аз ҳудуди 80 кишвар ба ин иҷлос даъват шуда буданд ва ҳудуди 2000 меҳмон дар ин иҷлос ҳузур доштанд ва аз сарони кишварҳои исломӣ, Эрон, Туркия ва Қатар ба ин дидор рафтанд. Аммо курсиҳои холии кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс малмус буд.

Ин адами ҳузур, аз як ҷанҷоли сиёсӣ миёни Саудӣ ва Молезӣ хабар медод. Арабистони Саудӣ, ки худро мутаваллӣ ва раҳбари ҷаҳони ислом медонад, ин иҷлосро дар ростои мубориза бо Риёз қаламдод намуд. Фишори ин кишвар ба Молезӣ аз ин ҷиҳат буд, ки мӯътақид буд Туркия қасд дорад миёни кишварҳои исломӣ тафриқа биандозад ва баргузории ин иҷлос низ ба хости Туркия будааст.

Аз дигар мавориде, ки Моҳотир Муҳаммад мӯйи димоғи саудиҳо шуда буд ин буд, ки равобити ӯ бо Эрон, Туркия ва Қатар гармтар аз гузашта шуд. Иқдоми дигари ӯ ин буд, ки бар идеяи тиҷорат бо динор дар миёни кишварҳои исломӣ таъкид кард ва аз он ҷо буд, ки тарҳи рамзи арзҳо қарор шуд, ки миёни Эрон ва Молезӣ иҷроӣ шавад. Тарҳҳое чун “таъсиси сандуқи муштарак барои таъмини молии ҳамкориҳои фанноварона миёни кишварҳои исломӣ”, “таъсиси маркази таҳқиқоти муштарак дар ҳавзаи фанновариҳои ҳуши маснуъӣ ва амнияти сойберӣ”, “муаррифии рамзи арзи воҳид барои кишварҳои исломӣ” ва “таъсиси бозори муштараки кишварҳои исломӣ дар ҳавзаи иқтисоди диҷитол”, хашми кишварҳои халиҷи Форсро ба ҳамроҳ дошт.

Кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс пас аз тавофуқи ҳастаии Эрон бо 5 қудрати ҷаҳон, сози фишор ва барҳам задани ин тавофуқро кук карданд. Ҳол бо омадани Тромп, ки фишори ҳаддиаксарӣ ба Эрон дар бесобиқатарин ҳолати мумкин дар 40 соли ахир қарор гирифтааст, Саудӣ намехоҳад, ки Эрон роҳи танаффусе дар ин фишорро дошта бошад. Сафари Ҳасани Руҳонӣ дар декабри соли гузашта ба қалби тапандаи иқтисоди Осиё, даричае барои убур аз фишори ҳаддиаксарӣ ва давр задани таҳримҳо бо тарҳҳое, ки Моҳотир Муҳаммад пешниҳод кардааст, буд.

Аз сӯи дигар, Саудӣ тарси дигаре ҳам аз иттиҳоди Молезӣ бо Қатар, Туркия ва Эрон дорад. Пас аз поёни давраи 22-солаи нахуствазир Моҳотир Муҳаммад — яъне дар соли 2003 — робита миёни Теҳрон ва Куоло-ломпур аз сӯи Наҷиб Раззоқ — муттаҳиди Арабистон ва гӯш ба фармони Риёз —  суст шуд. Раззоқ дар соли 2018 ба далели фасоди густурдаи молӣ дар ҳоли ҳозир дар зиндон ба сар мебарад. Бо омадани Моҳотир Муҳаммад дар соли 2018 равобити Эрон ва Молезӣ ба робитаи дӯсту бародар тағйир кард. Ин эҳтимол меравад, ки Саудӣ бо таҳрики Анвар Иброҳим — ҳизби мухолифи Моҳотир Муҳаммад, саъй дар маҳори ин се кишвар (Туркия, Қатар ва Эрон) дорад, то битавонад Молезиро монанди дигар кишварҳои исломӣ ҳамчунон роми худ нигаҳ дорад.

Аз сӯи дигар, баъид ба назар намерасад, ки пушти ин иттифоқ Омрико низ Саудиро таҳрик ба тафриқаи дохилӣ дар Молезӣ карда бошад. Чаро ки манофеъи Омрико низ бо афкор ва сиёсатҳои Моҳотир Муҳаммад созгорӣ надошт. Ба хусус ки нигини шарқи Осиё ин рӯзҳо тавассути чиниҳо ба шиддат дар ҳоли дурахшидан аст. Молезӣ ба воситаи иқдомоти иқтисодии Моҳотир Муҳаммад ба қалби тапандаи иқтисоди Осиё маъруф шуда буд ва шаҳри пурзарқу барқи Куоло-ломпур дар солҳои зимомдории ӯ нигини дурахшандаи Осиё шуд.

Аммо бо ин ҳама, як соҳибназари ҳавзаи Молезӣ ба Khabaronline гуфт: “Истеъфои Моҳотир Муҳаммад сирфан моҳияти дохилӣ дорад ва вай тайи яке ду рӯзи оянда муҷаддадан ташкили давлат хоҳад дод.”

Ба ақидаи ӯ, масъала ин аст, ки тайи тавофуқе, ки қабл аз интихобот байни Моҳотир Муҳаммад ва Анвар Иброҳим сурат гирифт, қарор буд Моҳотир Муҳаммад ибтидо нахуствазир шавад ва пас аз муддате қудратро ба Анвар Иброҳим вогузор кунад. Моҳотир Муҳаммад чандин бор бар ин таъаҳҳуди худ таъкид карда буд, аммо нукта ин аст, ки Анвар Иброҳим аз нигоҳи аксарияти қавми молоӣ, ки 60 дарсади ҷамъияти Молезиро ташкил медиҳанд, таъаҳҳуди чандоне ба идеяи бартарии қавми молоӣ надорад ва аз ин рӯ бо нахуствазирии вай мухолиф ҳастанд. Аз ин рӯ, ду ҳизби молоӣ алорағми ин ки мухолифи давлати Моҳотир Муҳаммад ҳастанд, бо интиқоли нахуствазирӣ ба Анвар Иброҳим мухолиф буда ва хоҳони идомаи нахуствазирии Моҳотир Муҳаммад то поёни давраи порлумон дар соли 2023 ҳастанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.