Сиёсат

Берни Сандерс: “Натонёҳу муртаҷеъ ва нажодпараст аст // Сафорати Омрикоро ба Телавив бозмегардонам”

Берни Сандерс, аз номзадҳои ҳизби демукрот дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико, дар ҷараёни тозатарин мунозираи телевизиюнии демукротҳо дар шаҳри Чорлстуни аёлати Корулинои ҷанубӣ, Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистиро як шахси “муртаҷеъ” ва “нажодпараст” хонд ва эҳтимоли бозгардондани сафорати Омрико аз Байтулмуқаддас ба Телавивро матраҳ кард.

Ба гузориши шабакаи хабарии BBC (англисӣ), ин сиёсатмадори мустақил ва чапгаро, ки барои касби номзадии ҳизби демукрот дар интихоботи соли 2020 талош мекунад, ахиран эълом карда буд, ки дар нишасти солонаи Кумитаи равобити умумии Омрико ва Исроил (AIPAC), ки қарор аст ҳафтаи оянда дар Вошингтун баргузор шавад, ширкат нахоҳад кард. Ӯ нишасти AIPAC-ро, ки бузургтарин гурӯҳи лобии тарафдори Исроил дар Омрикост, ҷойгоҳе барои ибрози афкори “мутаасибона” хонда буд.

Сандерс дар мунозираи шаби сешанбе, бо ишора ба ин ки худаш як яҳудист ва ба ин масъала ифтихор мекунад ва ин ки дар гузашта чанд моҳ дар Исроил зиндагӣ кардааст, гуфт: “Ғамангез аст, ки Бенёмин Натонёҳуи муртаҷеъ ва нажодпараст Исроилро идора мекунад.”

Сандерс гуфт, мӯътақид аст, ки Омрико ба таври қатъ бояд аз истиқлолу амнияти Исроил муҳофизат кунад, аммо “шумо наметавонед дарду ранҷи мардуми Фаластинро нодида бигиред.”

Ӯ таъкид кард, ки дар сурати роҳёбӣ ба Кохи сафед, гузинаи бозгардондани сафорати Омрико аз Байтулмуқаддас ба Телавивро баррасӣ мекунад.

Ин дар ҳолест, ки Мойкл Блумберг, шаҳрдори собиқи Ню-йорк, ки ахиран вориди корзори интихоботӣ шуда дар ин мунозира гуфт, ки Омрико наметавонад бори дигар сафорати худро ба Телавив мунтақил кунад. Ӯ гуфт: “Мо набояд сафоратро бидуни он ки чизе дар муқобил аз давлати Исроил мегирифтем, ба он ҷо мунтақил мекардем. Аммо ин кор анҷом шуда ва сафорат бояд он ҷо боқи бимонад.”

Гуфтанист, Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, дар моҳи декабри соли 2017, Байтулмуқаддасро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият шинохт ва дар моҳи майи соли 2018 сафорати Омрикоро ба Байтулмуқаддас мунтақил кард; иқдоме, ки бо вокуниши шадиди фаластиниҳо мувоҷеҳ шуд ва боиси эътирозоти зиёде дар бархе кишварҳои арабӣ шуд.

Аз тарафи дигар, сенотоур Элизобет Ворен (Elizabeth Warren), аз номзадҳои дигари демукрот ҳам дар тозатарин мунозираи телевизиюнии ин ҳизб, бо дифоъ аз роҳи ҳалли “ду кишвар барои ду миллат”, гуфт, ки Омрико набояд муҳтавои тавофуқи сулҳи эҳтимолӣ байни ду тарафро таъйин кунад.

Лозим ба ёдоварист, Дунолд Тромп бо канор гузоштани роҳи ҳалли мазкур ахиран тарҳи “Муомилаи қарн”-ро ба ҳамроҳи Бенёмин Натонёҳу эълом кард, ки бо мухолифати шадиди фаластиниҳо ва Иттиҳодияи Араб мувоҷеҳ шудааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.